Дар даврони шуравӣ тасвири зани комилҳуқуқ ва фаъол расм буд ва шуруъ аз Садриддин Айнӣ нависандагони тоҷик дар инъикоси чеҳраи зан муваффақ гардидаанд. Баъзе мунаққидон аз набудани чеҳраи воқеии зани миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик андешаҳои интиқодӣ баён намудаанд. Аммо дар солҳои устувор ва якандешии садаи XX Сотим Улуғзода дар повести “Ёрони боҳиммат” образи занеро офарид, ки баръакси шодию сурур сарнавишти ғамангезро интихоб мекунад. Повести мазкур нахустин асари калонҳаҷми Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ маҳсуб мешавад, ки соли 1947 ба табъ расидааст. Мавзуи асосии асар тасвири ақибгоҳ ва мушкили занон буд, ки дар маркази он Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф ба унвони образҳои асосӣ тасвир шудаанд. Адиб дар ин асараш олами ботинии қаҳрамони соҳибиродаи худро инъикос намуда, психологизми реалистиро барои насри муосири тоҷик то андозае тақвият медиҳад.
Воқеан, повести «Ёрони боҳиммат» баъди нашри соли 1947 бо сабаби маҳдудиятҳои идеологии замони шуравӣ ва нодуруст баррасӣ гардидан дар нақди адабӣ аз интишорот бозгирифта шуд ва пасон, бобати аҳамияти он касе ҷуръат намекард, ки ҳарфе бизанад. Тасвири бадеӣ мутобиқи талаби замон ва идеологияи давр баръакс бояд мешуд: мардҳо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тани дуруст бармегаштанд ва дар корҳои минбаъдаи сохтмони ҷомеаи нав фаъолият мекарданд. Сотим Улуғзода аз ин чаҳорчӯба берун омада, образи воқеии хонаводаи замони пас аз ҷангиро таҷассум намуд, яъне зан дар ақибгоҳ бо мушкилоти равонияш бинобар хабар аз марги шавҳар бо марде дигар хонадор мешавад, аммо бо шунидани зиндаю маҷруҳ будани шавҳари аввал боз ба наздаш бармегардад. Оғози фоҷиаи асар аз хатти сиёҳ гирифтани Зайнаб аст, ки дар он бобати марги шавҳараш хабар дода буданд. Пас аз чанд вақт, Зайнаб бо муҳандисе бо номи Ориф Каримов хонадор мешавад, аммо баъди чанд моҳ мактуби Ҷӯрабег меояд, ки ӯ зинда ва дар шифохона (госпитал)-и шаҳри Тошканд қарор дорад. Ин аз ҳама лаҳзаҳои мушкили асар аст, ки дар он ҳолати равонии Зайнаб тасвир мешавад. Ориф бо вуҷуди дӯст доштани Зайнаб, ба қарори ӯ барои баргаштан ба назди шавҳараш монеъ намегардад.
Яъне, омилҳои асосии бархӯрди ин асар ба замон дар тасвири зани озодандеш буд, ки аз шавҳари дувумӣ боз ба шавҳари аввалӣ бармегардад. Ҳолати фоҷиавӣ, дар мисоли маъюбии Ҷӯрабек ҳам баръакси талаботи давр буд, яъне нависанда мебоист саодати мардумро пас аз ҷанг инъикос менамуд ва ҷанговар бо тани солим ба хонавода бармегашт. Аз нигоҳи замона образи Ҷӯрабек заиф тасвир гардид ва аз ин хотир, асарро аз шиносшавии ом боздошта, рафтори Зайнабро аз ахлоқи иҷтимоӣ дур ҳисобиданд.
Тинати зан ҷиҳати таҳаммули ҷабру зулму шиканҷа чун ба табоҳӣ расид, хоҳ-нохоҳ барои худ ихтиёрро аввал мегузорад. Бонувони тасвиршуда дар “Ёрони боҳиммат”-и С. Улуғзода, “Ҳамсафарон”-и В. Панова, “Зиндагӣ кун, дар ёд дор”-и В. Распутин ва “Хубон”-и М. Бахтӣ далел ба гуфтаҳои ишорагардида мебошад, ки ба ҷуз аз “Ёрони боҳиммат” дигар асарҳо сазовори ҷоизаҳои гуногуни замони шуравӣ гардидаанд.
Воқеан, бинобар тангназарии баъзе мунаққидон, саргузашти зиёди занон ва мушкилоти онҳо дар ақибгоҳ дар зери парда мондаанд. Аксар вақт мунаққидони мо бобати бархӯрди куҳнагироию навпарастии афрод дар муҳити иҷтимоӣ таваққуф мекунанд, аммо ҳамон образи зани миллиро, ки тасвири онро аз ҳар нависанда талаб мекунанд, дар “Ёрони боҳиммат” намебинанд. Агар асолати намоди зани миллии муосирро пас аз ҷанг ҷустуҷӯ кунем, бешак, садоқату муҳаббат хоҳад буд.
Бонувон аз қадим нигаҳбони хона ва хонадон будаанд: тарбия ва таълими фарзандон, идоракунии хонавода ва нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ дар оила ба дӯши онҳо буд. Тасвири зан тасаллою оромӣ ва аз ҳама муҳимтар, муҳаббатро ба бор меорад, ки бе он тасаввур кардани хушбахтии инсон ғайриимкон аст. Гузашта аз ин, андешаҳо бобати “зани нав” дар осори бадеии сатҳи ҷаҳонӣ, ки баъзан мардро аз авомили пойбандии зан баррасӣ мекунад, дар замони муосир бо ҳамин тафаккур ҷамъбаст шудааст: занро дар муқобили мард ва баръакс гузоштан хатост. Чунки онҳо аз ҳамдигар вобастаанд ва бидуни якдигар такмил намеёбанд.
Хосият ОЛИМӢ,
доктори илмҳои суханшиносӣ, профессори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода