
Номи Иброҳим Пириев барои аксари мардуми калонсоли ноҳияи Лахш аз рӯйи амалҳои ободкорию меҳнатдӯстиаш ошност. Номбурда аз овони ҷавонӣ, ки касби пуршарафи меъмориро пеша кардааст, дар сохтмони аксари иншооти таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ва хидматрасониҳо дар ноҳияи Лахш саҳми бузург дорад. Аслан, ӯ бо ин гуна корҳо аз хурдӣ шавқ дошт, зеро падараш Шарофиддин дар байни мардум чун устои моҳир ном бароварда буд ва сохтмони аввалин мактаби бошукӯҳи ин минтақа самараи заҳмати ин мард мебошад.
Иброҳим Пириев ҳам пайрави падар монд ва созандагиро ба машғулияти ҳамешагиаш дар зиндагӣ табдил дод. Номбурда ободкориро мароми ягонааш медонад, ба андозаи тавону имконияти худ ҳамеша кӯшидааст, ки дар пешрафту шукуфоии ватанаш саҳм гузорад. Ӯ ҳоло ки дар остонаи 70-умин баҳори умраш аст, дар ин ҳаёти пурбаракати худ дар бунёди иншооти зиёд, ба мисли беморхонаи минтақавии Лахш, бинои қисми ҳарбӣ, хонаҳои афсарон, мағозаҳои хӯроки умумӣ, коргоҳи маҳсулоти нонӣ, роҳҳои чорвогузару автомобилӣ, бозору пойгоҳи техникии минтақавӣ, ташаббус нишон дода, саҳм гузоштааст.
Дар арафаи Ҷашни миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Иброҳим Пириев ҳамроҳи фарзандон дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат – Нуробод – Лахш – сарҳади Қирғизистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллат лавҳаҳои 6 тан Қаҳрамони Тоҷикистонро бо зебу зиннати олӣ насб карда, аз худ боз як амали неки дигарро ба ёдгор гузошт.
Номбурда, ҳамзамон, ташаббус пеш гирифтааст, ки барои истифода босамари обҳои борону барф якҷо бо сокинони деҳоти Лахш обанбори муваққатии захиравӣ бунёд намояд. Ин обанбор оби фаровони баҳориро, ки аз боронгариҳо ва обшавии тарма сарчашма мегирад, моҳҳои май-июн дар доманакӯҳ захира менамояд ва кишоварзон дар моҳҳои камобии июлу август онро истифода мебаранд. Ин иқдоми ҷолиб ҳам шаке нест, ки дар такя ба таҷрибаи ғанию ҷаҳонбинии васеъ ба даст омадааст. Ҳоло садди обанбор бо девори сементӣ қисман сохта шуда, барои дурусту бехавф амалӣ гардондани иқдоми худ Иброҳим Пириев кӯшиш дорад, ки дар ин иншооти бунёдшаванда бо ҷалби мутахассисон озмоиши бехатарӣ гузаронад.
Имрӯзҳо ба охир расондани сохтмони обанбори муваққатӣ барои садҳо гектар майдони картошказор ягона умеди ӯ мебошад, ки ҳама неруяшро ба ин кор бахшидааст. Бо ин иқдом мехоҳад, ки сабаби хуррамию сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ бошад. Захираҳои обӣ босамар истифода шаванд ва номаш ба некӣ дар ёдҳо бимонад. Табиат низ аз корҳои ӯ баҳра гирад, зеро ободкорӣ ягона мароми ӯст ва ҳар лаҳзаи зиндагиро дар роҳи некӣ сарф карданаш шаҳодати инсони камназир буданаш мебошад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”