Ҳамасола 30-юми сентябр дар кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Ин сана фурсати муносибест барои гиромидошти номи яке аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик, мутафаккир ва орифи маъруфи асри XIII, ки осори ӯ тули садсолаҳо мавриди омӯзишу эҳтироми аҳли илму адаб қарор дорад.
Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ соли 1207 дар сарзамини тоҷикони бумӣ – шаҳри Балх ба дунё омадааст. Балх дар таърихи тамаддуни тоҷикон ҳамчун яке аз марказҳои қадимаи илму фарҳанг ва маърифат шинохта мешавад. Ҷалолиддини Балхӣ аз овони ҷавонӣ ба илму дониш пайваст ва дар шаҳрҳои гуногун таҳсил намуда, дар соҳаҳои илмии замони худ дониши фаровон андӯхт.
Мавлоно дар эҷодиёти худ ба жанрҳои гуногуни адабӣ рӯ оварда, андешаҳои фалсафӣ, ирфонӣ ва ахлоқиро бо забони таъсирбахши бадеӣ баён кардааст. Аз осори машҳури ӯ «Девони Шамси Табрезӣ», «Маснавии маънавӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мактубот» ва «Маҷолиси сабъа» мебошанд.
Дар миёни осори ӯ «Маснавии маънавӣ» мақоми хос дорад. Ин асари бузург аз шаш дафтар иборат буда, тули зиёда аз даҳ сол эҷод шуда, бо сабаби даргузашти орифи бузург нотамом мондааст. Дар он масъалаҳои муҳими маънавию ахлоқӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ тавассути ҳикоя, тамсил ва андешаҳои амиқ баён гардидаанд. «Найнома», ки оғози маъруфи «Маснавӣ» мебошад, хонандаро ба ҷаҳони андешаҳои Мавлоно ворид мекунад.
«Девони Шамси Табрезӣ» низ яке аз осори мондагори Мавлоност. Дар он мавзуъҳои ишқ, муҳаббат, маънавият, худшиносӣ ва камоли инсон бо эҳсоси баланди шоирона баён шудаанд. Мусиқияти ғазалҳои Мавлоно боис гардидааст, ки онҳо тули асрҳо мавриди таваҷҷуҳи аҳли мусиқӣ ва дӯстдорони шеър қарор гиранд.
Ҷанбаи муҳими осори Мавлоно таваҷҷуҳи ӯ ба инсон ва тарбияи маънавии шахс мебошад. Ӯ инсонро ба некӣ, меҳрубонӣ, муҳаббат варзидану тарки душманӣ, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва талош барои такомули маънавӣ даъват мекунад:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
В-аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,
В-аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мешавад,
В-аз муҳаббат шоҳ банда мешавад.
Дар андешаҳои ӯ некукорӣ ва номи нек ҳамчун арзишҳои мондагор мавқеи муҳим доранд. Маҳз ҳамин хусусияти башарии андешаҳои Мавлоно боис гардидааст, ки осори ӯ дар фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгоҳи хос пайдо намоянд.
Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми ҷаҳонии Мавлоно чунин омадааст: «Мутафаккири бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст».
Эътирофи ҷаҳонии Мавлоно танҳо ба маҳбубияти осори ӯ маҳдуд намешавад. Мероси ин мутафаккир дар кишварҳои гуногун мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ба забонҳои зиёди ҷаҳон тарҷума шудааст. Шеъру андешаҳои ӯ ба фарҳангҳои гуногун таъсир расонда, барои аҳли адаб, мусиқӣ, санъат ва фалсафа сарчашмаи илҳом гардидаанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ соли 1273 дар Куния даргузашт, аммо андеша ва осори ӯ баъди чандин қарнҳо зиндаву таъсиргузор боқӣ мондааст. Агар умри инсон маҳдуд бошад, сухани бузург метавонад аз марзи замон гузашта, бо наслҳои баъдӣ ҳамсуҳбат гардад. Мероси Мавлоно намунаи равшани чунин ҷовидонист.
Мавлоно бо забони муҳаббат ва маърифат ба инсон рӯ овард. Ӯ миёни дилҳо пул сохт, миёни фарҳангҳо пайванд эҷод кард ва бо сухани мондагори худ нишон дод, ки арзишҳои ҳақиқии инсонӣ марзҳои ҷуғрофӣ, динӣ, забонӣ ва замониро убур мекунанд:
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Аз ин рӯ, номи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти порсу тоҷик ба рамзи муҳаббат, маънавият, сулҳ ва пайванди тамаддунҳо табдил ёфтааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”