![]()
14-уми октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз ифтитоҳи Академия Рустами Эмомалӣ дар фестивали футболи кӯдакон иштирок кард, ки дар он футболбозони наврас маҳорати худро намоиш дода, шоҳиди як чорабинии ҷолиб гардиданд. Ҳамчунин, президенти ФФТ бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд.
Академияи футболи ВМКБ дар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ мебошад, ки яктоаш болопӯшида буда, барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад. Дар ҳудуди маҷмаа, ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд.
Ифтитоҳи Академияи футбол қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакону наврасон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад. Бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ ба футболбозони ҷавон имкон медиҳад, ки маҳорати худро такмил дода, сатҳи омодагиашонро баланд бардоранд ва иқтидори варзишии худро боз ҳам рушд диҳанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”