13-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид. Ҳамоиш бо ташаббуси Донишгоҳ ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносонро аз 60 кишвари ҷаҳон ба ҳам овард.
Форум дар доираи таҷлили Меҳргон, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, баргузор мегардад. Ҳадафи асосии он баррасии масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.
Дар ифтитоҳи Форум ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода таъкид дошт, ки силсилаи ташаббусҳо ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳиро ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ табдил додааст.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ дар суханронии худ иқтидори сайёҳии кишвар ва тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати пешрафти ин соҳа, инчунин таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъкид кард.
Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки рушди сайёҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ин соҳа дар таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва муаррифии имкониятҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Барномаи Форум, ки то 18-уми октябр идома меёбад, беш аз 20 чорабиниро дар бар гирифта, баргузории онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак ва Хуҷанд, инчунин ноҳияҳои Данғара ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар доираи Форум конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳои илмӣ, экспедитсияҳои илмию сайёҳӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо, олимпиадаҳои байналмилалии донишҷӯён ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”