Баргашт Чоп кардан

ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ОЗАРБОЙҶОН


14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.