![]()
15-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.
Бо ёдоварӣ аз вазъи печидаву осебпазири байналмилалӣ, равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва таҳдидҳои амниятӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати фароҳам овардани заминаҳои устувори таъмини сулҳу суботи пойдорро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод, волоияти усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин, ҳалли осоиштаи баҳсу ихтилофҳоро махсус таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори таҳкими низоми бисёрқутбии муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории созандаи давлатҳо мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё метавонад ҳамчун майдони муколама миёни кишварҳои қитъа нақши боз ҳам муассирро ба уҳда гирад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими сулҳ ва эътимод барои Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ, на танҳо мавқеи сиёсӣ, балки самти муҳими сиёсати хориҷии он мебошад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон маҳз бо ҳамин ҳадаф ҷиҳати эълони солҳои 2027 – 2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ибтикор намуд, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола барои пешбурди муколамаи созандаи байни давлатҳо, фарҳанги сулҳ ва пешгирӣ аз низоъҳо заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба мавзуи мазкур баргузор менамояд.
Изҳори итминон шуд, ки ин ҳамоиш ба оғози бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳ, муколама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус таҳдидҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, изҳори андеша намуда, таъкид доштанд, ки «мо ба пешбурди «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ҳамчун абзори муассир дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин самт идома хоҳем дод».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарварони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро ба масоили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, ҳамчун заминаи аслии барқарории сулҳу суботи пойдор ҷалб сохтанд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ ва логистикӣ, ташкили долонҳои нақлиётии мултимодалӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, энергетика ва “саноати сабз” ҳавасманд мебошад ва ба густариши технологияҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳ мекунад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба қабули қатъномаи муҳим оид ба рушди зеҳни сунъӣ ва истифодаи он ба манфиати рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва дар ин замина ташкил кардани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе изҳори андеша карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дахл намуда, иброз доштанд, ки соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2028 баргузор мегардад.
Ҷонибдории густариши ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни давлатҳо ва мардумони Осиё аз мавзуъҳои дигари суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва дар зимн, аҳамияти истифодаи самараноки зарфиятҳои дар ин соҳаҳо мавҷуда таъкид гардид.
Пешниҳод шуд, ки имкониятҳои ҳамоиши ҷавонони ин Форум васеъ гардонда шаванд ва он ба минбари доимии гуфтугӯ, табодули таҷриба ва таҳияи ташаббусҳои муштараки ҷавонони кишварҳои аъзо табдил ёбад.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки ҷонибҳо минбаъд низ ҳамчун майдони муассири муколама ва ҳамкорӣ, таҳкими эътимод ва ҳамбастагии кишварҳои Осиё хизмат хоҳад кард.