![]()
(чанд мулоҳиза дар бораи ташдид ва меъёри имлои забони тоҷикӣ)
Дар навиштори имрӯзаи тоҷикӣ солҳои охир шаклҳое ба назар мерасанд, ки барои хонанда ва ҳатто барои мутахассисон савол ба миён меоранд: маводи таълимӣ ё маводди таълимӣ, масъалаи муҳими рӯз ё масъалаи муҳимми рӯз, тазоди маъноӣ ё тазодди маъноӣ?
Дар назари аввал шояд чунин намояд, ки масъала танҳо ба навишти як ё ду ҳарфи ҳамсадо дахл дорад. Аммо, дар асл, сухан аз як масъалаи муҳимтар – меъёри забони адабии тоҷикӣ, таносуби талаффузу навишт ва муносибати забони тоҷикӣ ба вожаҳои иқтибосӣ меравад.
Барои равшан шудани масъала, пеш аз ҳама, бояд бидонем, ки ташдид чист ва дар низоми овозии забони тоҷикӣ чи ҷойгоҳ дорад.
Ташдид, ба маънои сода, ду бор ё бо кашиши бештар талаффуз шудани ҳамсадо мебошад. Дар хат чунин ҳолат, одатан, бо ду ҳарфи якхела ифода мешавад: арра, барра, пурра, аввал, муаллим, ташаккур ва ғайра. Аммо мавҷуд будани ду ҳамсадои якхела дар навишт ҳанӯз маънои онро надорад, ки дар забон ҳамаи ҳамсадоҳо метавонанд ба таври низомманд ҷуфти кӯтоҳу дароз дошта бошанд.
Дар таҳқиқоти бунёдии фонетикаи забони тоҷикӣ, аз ҷумла дар осори В. С. Соколова ва профессор Т. Н. Хаскашев, низоми ҳамсадоҳои тоҷикӣ ба таври муфассал таҳқиқ шудааст. Т. Н. Хаскашев забони адабии тоҷикиро дорои 24 фонемаи ҳамсадо медонад ва онҳоро аз рӯйи махраҷ, тарзи ташаккул, иштироки лаҳну шавшув ва дигар хусусиятҳо тасниф мекунад. Аммо дарозӣ ё кӯтоҳии ҳамсадо ҳамчун нишонаи мустақили фонологӣ дар ин низом ҷудо карда намешавад.
Аз ин метавон пай бурд, ки дар забони тоҷикӣ мавҷуд будани вожаҳои арра, барра, пурра ё вожаҳои иқтибосии муаллим, аввал, ташаккур ҳанӯз маънои онро надорад, ки ташдид дар забони тоҷикӣ як қонуни умумӣ ва фарогири фонологӣ бошад.
Забоншиносон Ш. Бобомуродов ва З. Мухторов низ вожаҳои ташдиддорро аз ҷиҳати пайдоиш ба аслии тоҷикӣ ва иқтибосӣ ҷудо карда, таъкид менамоянд: «Аксари калимаҳое, ки ташдид доранд, арабиасланд».
Яъне, ҳар забон вожаи иқтибосиро айнан ва бетағйир қабул намекунад. Вожа баъди ворид шудан тадриҷан ба қоидаҳои овозӣ, грамматикӣ ва талаффузии забони қабулкунанда мутобиқ мегардад.
Профессор Д. Саймиддинов дар таҳқиқоти худ далели бисёр ҷолиберо меорад. Ба гуфтаи ӯ, баъзе вожаҳои порсӣ-тоҷикӣ баъди ба арабӣ гузаштан, шакли ташдиддор гирифта, ба порсӣ-тоҷикӣ ворид шудааст. Аз ҷумла, ӯ вожаҳои модда ва маззаро мисол меорад. Шакли таърихии мазза дар асл mazag / maza буда, ташдиди "зз" баъдан дар муҳити арабӣ пайдо шудааст.
Пас, як нуктаи муҳим равшан мешавад: ташдид доштани шакли арабии вожа ҳанӯз маънои онро надорад, ки он ташдид ҳатман хоси таърихи худи забони тоҷикӣ ҳам будааст.
Ин андеша дар таҷрибаи худи имлои тоҷикӣ низ тасдиқ мешавад. Дар пешгуфтори «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (2013) калимаҳои сода ба ҷойи содда, паша ба ҷойи пашша ва мукӣ ба ҷойи муккӣ ислоҳ шудаанд. Сабаб он аст, ки дар баъзе мавридҳо ташдид таҳти таъсири савтиёти забонҳои дигар ба меъёри тоҷикӣ роҳ ёфт.
Яъне, ҳангоми муайян кардани шакли дурусти вожа бояд, пеш аз ҳама, аз худ бипурсем: ин тарзи талаффуз ва навишт аз табиати забони тоҷикӣ бармеояд ё аз қоидаи забони манбаъ ба тоҷикӣ интиқол ёфтааст?
Барои ҷавоб ба ин савол ба таърихи имлои забони тоҷикӣ рӯ меорем. Дар «Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик» (1972) дар масъалаи ташдид меъёри хеле ҷолиб муқаррар гардида буд: «Дар мавридҳои ташдиди овоз калима мувофиқи нормаи талаффузи забони адабӣ навишта мешавад». Яъне, меъёри асосӣ талаффузи забони адабии тоҷикӣ буд.
Дар ҳамон Қоидаҳо шаклҳои дурру гавҳар, фанни забон, хатти мактуб, синну сол, сирри ниҳон, ҳаққи меҳнат оварда мешаванд. Вале баъди ин як эзоҳи бисёр муҳим омадааст: «Аммо дар ибораҳои изофӣ баъзе аз ин калимаҳо бо як ҳамсадо низ навишта мешаванд: хати хуб, қади баланд...».
Ин далел нишон медиҳад, ки ҳатто нисбат ба вожаҳои якҳиҷоии хат ва қад низ барқарор кардани ташдид дар ибораи изофӣ дар он давра қонуни мутлақ ҳисоб намешуд.
Дар Қоидаҳои имлои соли 2011 масъала то андозае дигар танзим гардид. Дар он гуфта шуд, ки ҳамсадои охири калимаҳои навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад, ки «таърихан ташдид доранд», ҳангоми калимасозию калимабандӣ барқарор мешавад: дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал.
«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат» (2021) низ ҳамин меъёрро нигоҳ доштааст. Аммо дар ҳамин ҷо саволи муҳим ба миён меояд: «Таърихан ташдид доранд» дар таърихи кадом забон?».
Агар ба асли арабии ин вожаҳо назар кунем, воқеан durr, kull, ḍidd, qadd, sirr, khaṭṭ, fann, ḥadd, sinn дар арабӣ бо ҳамсадои мушаддади охир талаффуз мешаванд.
Аммо оё аз ин бояд чунин натиҷа гирифт, ки ҳар вожаи арабие, ки дар забони манбаъ бо ҳамсадои мушаддад анҷом меёбад, ҳангоми гирифтани бандаки изофии тоҷикӣ низ бояд ҳамсадои дуюми худро барқарор кунад?
Ба назари мо, чунин хулоса ба таҳқиқи иловагӣ ниёз дорад, зеро таърихи шакли арабии вожа ва таърихи корбурди он дар забони тоҷикӣ як чиз нестанд. Забони тоҷикӣ калимаро баъди садсолаҳои истифода ҳамчун воҳиди луғавии худ қабул мекунад ва онро мувофиқи қоидаҳои дохилии худ тағйир медиҳад.
Пас, акнун ба масъалаи асосӣ бармегардем: вожаҳое аз қабили мавод, муҳим, тазод, мутазод, мустаид, мустақар оё пас аз бандаки изофӣ қабул кардан, ташдид мегиранд?
Дар худи Қоидаҳои амалкунандаи соли 2021 низ ҳамчун намуна маводди, муҳимми, тазодди оварда нашудаанд. Мисолҳои иборасозие, ки Қоида пешниҳод мекунад, ҳамагӣ аз гурӯҳи вожаҳои якҳиҷоӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, ба назари мо, паҳн намудани қоидаи зидди, сирри, кулли, фанни, хатти ба шаклҳои маводди, муҳимми, тазодди, мутазодди, мустаидди аз худи матни Қоидаҳо ба таври бевосита барнамеояд ва барои чунин тавсеаи меъёр далели махсуси фонетикӣ, таърихӣ ва грамматикӣ зарур аст.
Меъёр бояд ба табиати забони тоҷикӣ такя кунад. Имло танҳо таърихи пайдоиши калимаро сабт намекунад. Вазифаи он танзим намудани забони имрӯза аст.
Бинобар ин, ҳангоми муайян кардани меъёри вожаҳои иқтибосӣ набояд танҳо пурсид, ки «ин калима дар арабӣ чӣ гуна буд?». Саволи муҳимтар ин аст: ин калима дар забони тоҷикӣ чӣ гуна пазируфта шудааст, чӣ гуна талаффуз мешавад ва ба кадом қонунияти фонетикию грамматикии забони тоҷикӣ итоат мекунад?
Забони тоҷикӣ тули таърихи худ ҳазорон калимаи арабиро қабул кардааст. Аммо қабул кардани калима маънои қабул кардани қоидаҳои фонетикӣ ва сарфии забони арабиро надорад.
Ҳамин тавр, тибқи қоидаҳои фонетикии забони тоҷикӣ ва талаботи "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат" (соли 2021) ибораҳои изофии шаклҳои: маводи таълимӣ, масъалаи муҳими рӯз, тазоди маъноӣ ва монанди инҳоро дар шакли маводди таълимӣ, масъалаи муҳимми рӯз, тазодди маъноӣ ва ғайра навиштан ғалат аст. Зеро чунин шакл ба низоми фонетикию грамматикии забони тоҷикӣ ва ҳудуди меъёре, ки Қоидаҳои амалкунанда ба таври бевосита нишон медиҳанд, мувофиқат намекунанд.
С. Қ. МАТРОБИЁН,
доктори илмҳои филология, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ