Баргашт Чоп кардан

ШАМСИДДИН ШОҲИН. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ НОҲИЯ


Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ сол то сол вусъати тоза гирифта, нигоҳубини онҳо аз ҷониби масъулон дар сатҳи хуб ба роҳ монда мешавад. Сокинони шарафманд ва соҳибкорони ватандӯсти кишварамон бо азму иродаи қавӣ пайи бунёди роҳҳои деҳаву маҳалла камар баста истодаанд.


Шералӣ Соибов, директори Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин", дар суҳбат гуфт, ки дар тавозуни Муассиса 228 километр роҳ мавҷуд буда, ҳудуди 50 километрро роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, 41,5 километрро роҳи ҷумҳуриявӣ ва 137,2 километрро роҳҳои маҳаллӣ дар бар мегиранд. Номбурда афзуд, ки соли равон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва аз ҳисоби имкониятҳо қисмате аз роҳҳоро сангфаршу асфалтпӯш ва таъмири ҷорӣ карданд. Масалан, дар деҳоти Саричашма аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 15 километр роҳ асфалтпӯш шуда истодааст. Корҳои бунёдкории роҳ бовусъат идома дорад.
Тибқи иттилои дастрасгардида, дар тавозуни Муассиса 12 техникаи корӣ мавҷуд аст ва ҳолати омодагӣ ба зимистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Барои бе мушкил гузарондани фасли сармо маводи зидди лағжиш, намаки техникӣ, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Тибқи иттилои масъулон, дар ҳолатҳои боридани барфу борон дар Муассиса навбатдорӣ ташкил шуда, барои ҳарчи зудтар тоза намудани роҳ аз барф чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Ба гуфтаи Шералӣ Соибов, кормандон аз сарулибоси корӣ танқисӣ надошта, бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.


Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”