Баргашт Чоп кардан

БӮСТОН. ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ МАЛАКАҲОИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ РАҚАМИКУНОНӢ


Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ва фаъолони шаҳр оид ба рушди малакаҳои кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон дар самти рақамикунонӣ семинари омӯзишию фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.


Дар он роҳбарияти шаҳри Бӯстон, намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Агентии хизмати давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқа иштирок намуданд.
Сулҳиддин Аминзода, намояндаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, зимни суханронӣ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, заминаҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пешрафти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ, ҳамчунин, дар бораи имкониятҳои технологияҳои муосир барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва аҳамияти омӯзиши малакаҳои рақамӣ барои аҳолӣ сухан гуфт.
Мутахассисон дар мавзуъҳои «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ», «Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ» баромад намуданд. Ба масъалаҳои амнияти иттилоот, ҳифзи маълумот ва рушди хизматрасониҳои алоқаю интернет низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”