![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз калимаҳои гуногун вожаи нав бисозед.
Масалан: НОБ+ АҲД + АСР = САРҲАДБОН.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА КАЛИДКАЛИМА АЗ ШУМОРАИ 9-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026, № 196 (25 563):
1. Адабпарварда 2. Борикандеш 3. Қаҳрамоншаҳр 4. Баскетболбозон 5. Бандакҷонишин
6. Мадҳушкунанда 7. Бардоштнопазир 8. Латифандом 9. Азкорафтода 10. Макаронпалав
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҶИНС
Чӣ гуна аз либоси маъмулии коргарӣ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт?
Имрӯз аксарият ҷинс пӯшида, хуб медонанд, ки ин мол истеҳсоли Амрикост. Вале, ба гумони ғолиб, кам касоне аз таърихи пайдоиши он иттилои дақиқ доранд. Шояд намедонанд, ки қаблан ҷинс як намуди маъмулии либоси корӣ дар заводу фабрика ва шахтаҳо буду маъруфияте надошт ва танҳо баъди насби тугмачаҳои металлӣ дар кисаҳои он ҷинс якбора шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки як субҳ ҳамсари дӯзандаи одӣ Ҷейкоб Дэвис якбора чанд шими коргаронро оварда, таъкид мекунад, ки танҳо кисаҳояшон аз гаронии вазни асбобҳои корӣ даридаанду халос. Ҳамин вақт Ҷейкоб болои мизи корияш тугмачаҳои металлиро дида, идеяе ба сараш меояд, ки пайванди кисаҳои даридаро баъди дӯхтан бо истифода аз онҳо мустаҳкамтар намояд.
Ӯ ҳеҷ интизор набуд, ки «ороиш»-и нави комбинзонҳои маъмулии корӣ якбора талаботро ба он меафзояд. Чунин ранг гирифтани корро дида, Ҷейкоб мехоҳад кашфиёташро ба номи худаш патент кунад. Вале ҳамагӣ 69 доллар пайдо накарда, таъминотчии матои дуконаш сармоядор Ливай Страусс (Штраусс)-ро бо ваъдаи тақсими баробари даромади эҳтимолӣ ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Ҳамин тавр, 20-уми майи соли 1873 ин ду соҳибкор ҳамчун муаллифони ҷинс патент гирифта, онро дар як муддати кӯтоҳ шуҳрати ҷаҳонӣ мебахшанд.
Воқеан, номи аслии Ҷейкоб Дэвис Якоб Йофис буда, худро қаблан зодаи шаҳри Ригаи Империяи вақти Россия муаррифӣ кардааст.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ҲАМА ЧИЗ ГУЗАРАНДА АСТ
Марде бо либосҳои гаронбаҳо ба девори рӯбарӯяш нигариста мегирист. Чун наздиктар рафтам, чунин навиштаҷотро дидам: «Ин ҳам мегузарад».
Сабаби гиряи мард ва маънии ин навиштаро пурсидам. Пас аз лаҳзае сукут чунин гуфт:
– Чанд сол пеш дар ҳамин макон чизҳои камарзиш мефурӯхтам. Рӯзгорам вазнин буд, рӯзҳои сахтеро паси сар мекардам. Барои тасаллои хеш ин ҷумлаҳоро рӯйи девор навишта будам.
Имрӯз, ки соҳиби молу сарват шудаам, боз ба ҳамин ҷо омадам ва он суханонро аз нав рӯйи девор бинавиштам, зеро ин ҳақиқат аст.
Оре, зиндагӣ ҳамеша яксон намемонад. Рӯзҳои сахт ҳам паси сар мешаванду лаҳзаҳои гуворои зиндагӣ низ. Имрӯз агар инсон дар тангдастӣ бошад, фардо шояд соҳиби сарват мегардад. Муҳим он аст, ки дар рӯзҳои сахт умедро аз даст надиҳаду дар забардастӣ мағрур нашавад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ВАҚТЕ ИРОДА МУСТАҲКАМ АСТ…
16-уми декабри соли 2006 ширкати «Аскона», ки сармояаш 25 миллион евро буд, ба коми оташ рафт.
Аммо Роҳбари корхона Владимир Седов ба ҷойи он ки дасту по гум кунад, ба дилбардории ҳамкорон рафт: "Руҳафтода нашавед. Мо чанд вақт боз мехостем дар ширкат навгонӣ ҷорӣ кунем, вале намедонистем чӣ тавр… Акнун фурсат расид, бояд онро бо тарҳи нав барқарор созем".
Ниҳоят, чунин шуд. Корхона дар муддати кӯтоҳ бо иқтидори нав ба кор даромад. Ҳоло «Аскона» бузургтарин истеҳсолкунанда дар Россия ва Аврупои Шарқист.
PS: Баъзан, аз даст додани чизе оғози муваффақияти навест. Муҳим иродаро аз даст надодан ва сӯйи пеш ҳаракат кардан аст.
Тарҷумаи М. ҚОДИРОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПОСУХИ ҒАЙРИМАНТИҚӢ?
Вақте аз Уинстон Черчилл сабаби болидаруҳияшро дар пирӣ мепурсанд, посухи барои ҳама ғайримантиқӣ медиҳад, ки мазмунан чунин аст:
– Барои дарозумриям аз варзиш миннатдорам; ман аз серкорӣ тамоми умр ба ягон намуди варзиш машғул нашуда, баданамро аз ҷароҳатҳои эҳтимолӣ эмин доштам.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДИОГЕНИ ХАСИС
Дар авҷи шуҳрат миёни издиҳоми сархуши ашрофзодаҳо, вақте аз файласуфи машҳур Диоген, ки дар хасисӣ низ ном бароварда буд, мепурсанд, ки кадом шароб болаззат ва бебаҳо аст, мегӯяд:
– Шаробе, ки пулашро шумо медиҳеду файласуфҳо муфт менӯшанд.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ФУТБОЛ
10 бозии дорои бештарин шумораи тамошобинон дар майдон
4. ШОТЛАНДИЯ – АНГЛИЯ
(17-уми апрели соли 1937, варзишгоҳи «Ҳэмпден Парк», Глазго, 149 ҳазору 547 тамошобин – рекорди аврупоӣ барои бозиҳои дастаҳои миллӣ).
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар бозии тимҳои мунтахаби Шотландия ва Англия ба варзишгоҳ 149 ҳазору 547 (дар баъзе сарчашмаҳо 149 ҳазору 415) тамошобин ворид шуда буд.
Тахмин меравад, ки боз ҳазорон нафари дигар бе чипта ба майдон даромадаанд. Вохӯрии ин ду даста то ҳол рекорди расмии бештарин теъдоди тамошобинонро байни дастаҳои миллӣ дар Аврупо нигоҳ медорад.
Дар ин вохӯрии таърихии Чемпионати Бритониё (British Home Championship) тими миллии Шотландия бар Англия бо ҳисоби 3:1 пирӯз омад.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ
«ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ»
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҒИЗО
Дар ҳамин рӯз, яъне 16-уми октябр, ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии ғизо таҷлил мегардад.
Ин сана ба ифтихори таъсиси Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 1945 ба вуқуъ пайваста буд, эълон гардидааст.
Ҳадафи асосии таҷлили ин сана, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, мубориза бо гуруснагӣ, камчинии ғизо ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти босифат мебошад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ФОРМУЛАИ РУШДИ СИНГАПУР
Боре аз Ли Куан Ю, Сарвазири Сингапур (солҳои 1959 – 1990), дар бораи рушди кишвараш мепурсанд:
– Шумо чӣ гуна Сингапурро пас аз ба даст овардани истиқлол аз Британияи Кабир, ба кишвари пешрафта табдил додед? Ин «муъҷиза» чӣ гуна даст дод?
Дар посух Ли Куан Ю гуфт: «Ман муъҷизае накардам. Танҳо вазифаи худро дар назди Ватан иҷро намудам. Қисми аъзами буҷети давлатиро ба соҳаи маориф равона кардам, мақоми муаллимро дар ҷомеа баланд бардоштам. Дар натиҷа, омӯзгорон насли наврасеро ба воя расонданд, ки онҳо ба илм, ахлоқи ҳамида, меҳнат ва ҳақиқат афзалият медоданд. Мо барои ин аз омӯзгорон миннатдорем!”.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҲОДИСАҲОИ ҒАЙРИОДӢ ДАР ТАЪРИХ ВА ТАБИАТ
5. КИШТИИ «МЭРИ СЕЛЕСТ» - АСРОРИ БАҲРӢ
Киштии амрикоии «Мэри Селест» 4-уми декабри соли 1872 дар уқёнуси Атлантик бидуни ҳайати худ пайдо шуд.
Мувофиқи далелҳои мавҷуда, дар киштӣ ғизо, об ва борҳои мусофирон боқӣ монда буд. Ҳеҷ нишонаи ҳамла ё ғорат вуҷуд надошт. Аз 10 нафар аъзои ҳайат дигар ҳеҷ хабаре пайдо нашуд.
Доир ба ин ҳодиса ва сабабҳои он то имрӯз назарияҳои гуногун вуҷуд доранд. Аз ҷумла, таркиши гази спиртӣ, туфон ва хатои инсонӣ. Аммо сабаби воқеӣ то ҳол маълум нест.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Китобе, ки танҳо дар торикӣ хонда мешавад
Дар ҷаҳон китобҳое ҳастанд, ки тарзи хонданашон аз китобҳои одӣ батамом фарқ мекунанд. Яке аз чунин китобҳои аҷоиб романи нависандаи норвегӣ Карин Фоссум “Дар торикӣ” (In the Dark) ном дорад. Саҳифаҳои ин китоб бо рангҳои махсуси дурахшон (фосфорӣ) чоп шудаанд.
Агар шумо ин китобро дар зери рӯшноии чароғ ё нури Офтоб кушоед, саҳифаҳояшро тамоман холӣ ва сафед мебинед, дар он ҳеҷ ҳарфе намоён нест.
Аз ин лиҳоз, ин асарро бояд дар торикӣ хонд, зеро дар торикӣ ҳарфҳо медурахшанд ва матни китоб аён мегардад. Ин усули аҷоиб ба хонанда ҳисси пурасрор мебахшад ва хондани китобро ба як бозии ҷолиб табдил медиҳад.
Таҳияи М. МУҚАДДАМОВА
МЕҲРИ МОДАРӢ
Як амали ибратомӯзи шохнӯл
Сухан дар бораи шохнӯл ном парандае меравад, ки амалаш баҳри ҳимояи фарзанд хеле ҷолиб аст. Паранда, одатан, дар баландии дарахтон ё сангҳои калони тори кӯҳ лона мегузорад.
Шохнӯл, ки барои чӯҷабарорӣ тухм гузошт, лонаашро бо лою хас маҳкам мекунад. Танҳо барои нафас кашидан, чанд ҷояшро сӯрох менамояд. Фазои тангу торики дохили лона ва гуруснагиро ба хотири амнияти чӯҷаҳои навболаш таҳаммул мекунад. Ҳамин ки ба мустақилона паридани чӯҷаҳо мутмаин шуд, модари ҷонфидо бо ёрии нӯлаш боз лонаро мекушояд. Ин амали одии паранда аз меҳри бузурги модарӣ шаҳодат медиҳад.
Таҳияи Мустафо МУҲАММАДЗОДА
ШВЕЙТСАРИЯ
Об шудани 5,5 дарсади пиряхҳо дар як сол
Бо сабаби гармии шадид ва зимистони камбарф пиряхҳо дар Швейтсария 5,5 дарсади ҳаҷмашонро гум карданд. Ҳамин тавр, соли 2026 аз солҳое сабт гардид, ки дар он коҳиши бузургтарини пиряхҳо ба назар расид.
Мувофиқи тадқиқот, тайи солҳои 2022 – 2026 обшавии пиряхҳо, нисбат ба панҷсолаи қаблӣ, ду баробар бештар аст. Дар давоми ин муддат пиряхҳо тақрибан панҷяки ҳаҷми худро аз даст доданд. Барои маълумот солҳои 1990 – 2000 коҳишёбӣ ҳудуди 10 дарсадро ташкил медод, вале дар 10 соли охир он ба 27 фоиз расид.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
ЯК ДАРС – ЯК ПАНД
Муаллима сурати курсиеро дар тахтаи синф овехтаву аз хонандагон пурсид:
– Ба фикри шумо кадом қисми курсӣ асоситар аст?
Ҳар касе ба андозаи фаҳмиши худ, вале қотеона ҷавоб медод: – Пояҳояш, қисматӣ марказӣ, пушташ.
Омӯзгор бо шунидани ҷавобҳо норозиёна сар ҷунбонд. Ҳама ҳайрон монданд...
– Медонед, бачаҳо, болт қисматҳои курсиро ба ҳам мепайвандад. Агар он набошад, курсӣ ҳам чанд пора чӯби нодаркор аст. Мо он чиро аввалиндараҷа меҳисобем, ки чашмамон мебинад, аммо чизҳои арзишманд, баъзан, ноаёнанд. Ба ҳамин монанд, гоҳо машғули кору ташвиши рӯзгор саломатии худро аз ёд мебарем ё дӯстони наздикамонро. Ҳол он ки вақт ёфтан барои наздикон муҳим ва ҳифзи саломатӣ муҳимтар аз он аст.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
МАЙКЛ ЗЕРВОС
Коргардони ҷаҳонгард
Майкл Зервос, коргардони 36-сола аз шаҳри Детройти ИМА, ба "Китоби рекордҳои Гиннес" дохил шуд. Ӯ дар муддати ҳамагӣ 499 рӯз 195 кишвари ҷаҳонро сайр кард.
Барои амалӣ кардани орзуяш Майкл ҳатто хонаи худро бифурӯхт.
Ин сафари таърихии ӯ 18-уми январи соли 2024 аз Русия оғоз гардида, баъдан Туркия, қитъаи Африқо, Ховари Миёна, Қазоқистон, кишварҳои Осиёву Уқёнус, Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ ва ҳавзаи баҳри Карибро фаро гирифт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ФУРӮЗОНАКИ САДСОЛА
Дар шаҳри Ливермори иёлати Калифорния, дар шифти яке аз қисмҳои оташнишонӣ фурӯзонакеро метавон дид, ки 125 сол боз рӯшан аст. Аз соли 1901 инҷониб танҳо якчанд маротиба ҳангоми қатъи ногаҳонии кори генератор хомӯш мешаваду халос.
Таҳиягари фурӯзонак муҳандиси фаронсавӣ Адолф Шайе буда, аз ҷониби ширкати «Шелби» истеҳсол мегардад.
Ба хотири муддати тулонӣ фурӯзон буданаш, ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид гаштааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
7 КӮЛИ ҲАФТКӮЛ
ҲАЗОРЧАШМА – ГАВҲАРИ ҲАФТКӮЛ
Ҳазорчашма яке аз кӯлҳои машҳури силсилаи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент аст. Он дар баландии тақрибан 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз чашмаҳо ва ҷӯйборҳои кӯҳӣ сарчашма мегирад.
Ҳазорчашма барои сайёҳон ва дӯстдорони табиат макони ҷолиб ба шумор меравад. Манзараи дилфиреб, оби соф, сабзазорҳо ва ҳавои тозаи кӯҳӣ ин мавзеъро ба яке аз гӯшаҳои воқеан, дӯстдоштании табиати Тоҷикистон табдил додааст. Ҳазорчашма ҷоест, ки ҳазор чашма ба як кӯли зебо пайваста, дар оғӯши кӯҳҳои Фон манзараи нотакрори табииро ба вуҷуд овардааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
АҶОИБОТИ ДУНЁ
4856 СОЛ
Умри як дарахт
Дарахти мафусаил яке аз қадимтарин дарахтони сайёраи Замин аст, ки тақрибан 4856 сол дорад.
Ин дарахт ба оилаи санавбари кӯҳии ҳамешасабзи сӯзанбарг тааллуқ дошта, тибқи баъзе маълумот, макони ҷойгиршавиаш шарқи Калифорния – ҳудуди ҷангали миллии “Инио” аст.
Аммо, дар ҳамин ҳол, ба хотири ҳифзи дарахт, маҳали дақиқи он то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Таҳияи Ҷӯрабек НЕГМАТОВ
АЗ ЯК ПОЯИ ҶУВОРИМАККА 28 ХӮША РӮЙИД
Омӯзгори фанҳои химия ва экология аз ноҳияи Дяневи вилояти Лебапи Туркманистон Азиз Холбоев аз як пояи ҷуворимакка 28 хӯша (сӯта) гирифтааст. Ӯ ин ҳосили ғайриодиро дар қитъаи наздиҳавлигияш ба даст меоварад.
Ҷолиб он аст, ки ин натиҷа аз рекорди ҷаҳонӣ як дона кам аст. Соли 2019 аз як пояи ҷуворимакка дар Амрико 29 хӯша гирифтанд, ки ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид шуд. Аҷиб он аст, ки ба гуфтаи Холбоев, ҳадафаш гузоштани рекорд набуда, ба ҷуворимакка нигоҳубини махсус ҳам накардааст.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
СОАТИ КУҲНА ВА АРЗИШИ ИНСОН
Падар соати куҳнаеро ба писараш дод ва гуфт:
– Ин соат аз бобоят мондааст. Пеш аз он ки арзишашро муайян кунӣ, ба се ҷой рав: бозор, осорхона ва соатсоз.
Дар бозор барои он маблағи кам пешниҳод карданд. Осорхона арзиши таърихии онро баландтар донист. Соатсоз бошад гуфт, ин соатро нигоҳ дор, чунин чизро ҳар рӯз пайдо намекунӣ.
Падар гуфт:
– Мебинӣ? Арзиши ту ҳам аз он вобаста нест, ки дар куҷо қарор дорӣ. Баъзан муҳит туро беарзиш мебинад, аммо ин маънои беарзиш будани туро надорад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК