Баргашт Чоп кардан

ТАРҶУМА. ПАЙВАНДГАРИ ЗАБОН, ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУН


Тарҷума аз қадимтарин шаклҳои муоширати байни инсонҳо ва миллатҳо ба шумор меравад. Чун миёни мардум забонҳои гуногун вуҷуд доранд, тарҷума амри зарурист. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки таърихи тарҷума бо таърихи муносибатҳои фарҳангӣ ва маънавии халқҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Тарҷумон миёни ду забон ва ду фарҳанг пул месозад.
Маҳз тавассути ҳамин пул осори адабӣ, дастовардҳои илмӣ, таҷрибаи таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии як миллат ба дигар миллатҳо дастрас мегарданд. Аз ин ҷиҳат, тарҷумон танҳо донандаи ду ё чанд забон нест. Ба ин хотир, ӯ бояд фарҳанг, таърих, адабиёт, хусусиятҳои миллӣ ва имкониятҳои забони ҳар ду тарафро хуб дарк намояд. Тарҷумаи босифат аз тарҷумон дақиқӣ, масъулият, дониши васеъ ва маҳорати эҷодиро талаб мекунад.
Дар таърихи адабиёти тоҷик низ тарҷума мавқеи муҳим дошт. Адибон ва тарҷумонҳои соҳибистеъдод, аз ҷумла Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Ҳасан Ирфон ва дигарон, дар тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳон ба забони тоҷикӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамзамон, тарҷумонҳои маъруф, аз қабили Семён Липкин, Владимир Державин, Михаил Синелников ва дигарон, дар муаррифии адабиёти тоҷик ба хонандагони русзабон саҳми шоиста гузоштаанд. Имрӯз низ тарҷума яке аз воситаҳои муҳими рушди илму фарҳанг, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои миллӣ ба ҷаҳониён мебошад.
Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон зарурати рушди тарҷумаи касбӣ боз ҳам бештар мегардад, зеро забони тоҷикӣ бояд ҳамчун забони давлатӣ имкони ифодаи мафҳумҳои муосири илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангиро дошта бошад. Дар ин раванд, тарҷума бо забоншиносӣ ва истилоҳшиносӣ робитаи мустақим пайдо мекунад. Бо назардошти ҳамин зарурат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми феврали соли 2024, №58, дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» таъсис ёфт. Таъсиси Марказ барои ба низом даровардани фаъолияти тарҷумонӣ, таъмини тарҷумаи касбӣ ва баланд бардоштани сифати он дар кишвар заминаи муҳим фароҳам овард.
Марказ имрӯз дар самтҳои гуногуни тарҷума, аз ҷумла тарҷумаи осори бадеӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва дигар маводи соҳавӣ, фаъолият менамояд.
Яке аз самтҳои фаъолияти Марказ тарҷума ва муаррифии осори адабии халқҳои гуногун мебошад. Кормандони Марказ ҳикояи «Пари»-и Антон Чехов ва ҳикояҳои «Смертный враг», «Родинка» ва «Жеребёнок»-и Михаил Шолоховро ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тарҷума намудаанд. Чунин ташаббусҳо барои ҷавонон ва иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имконияти хуб фароҳам меоранд, ки бо осори адабиёти ҷаҳон ошно гардида, донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Ҳамчунин, Марказ дар самти баргардон ва дастрас намудани осори арзишманди таърихию адабӣ корҳои муайянро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, «Курушнома»-и Ксенофонт аз хатти арабиасоси форсӣ ба кириллӣ баргардон гардида, дар ҳаҷми 247 саҳифа омода шудааст.
Яке аз корҳои муҳими Марказ тарҷума, таҳрир ва омода намудани китоби «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ» мебошад. Муҳимияти ин кор дар он аст, ки китоби мазкур ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва таҳрир гардидааст. Ҳамин тавр, муҳтавои китоб ва маълумот дар бораи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти забони давлатӣ барои доираи васеи хонандагони ғайритоҷикзабон низ дастрас мегардад.
Ин иқдомро метавон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарҷумонӣ дар роҳи муаррифии кишвари азизамон ба аудиторияи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.
Имрӯз тарҷума ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид шудааст. Муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия, илм, маориф, ҳуқуқ, иқтисод, технология ва фарҳанг ба фаъолияти тарҷумонҳо ниёз доранд. Дар баробари ин, технологияҳои муосир, аз ҷумла тарҷумаи мошинӣ ва зеҳни сунъӣ, ба соҳаи тарҷума имкониятҳои нав фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, тарҷумони муосир бояд на танҳо забондон, балки муҳаққиқ, таҳлилгар ва мутахассиси соҳаи фарҳангу истилоҳот бошад.
Дар маҷмуъ, тарҷума имрӯз на танҳо воситаи баргардонии матн, балки яке аз муҳимтарин василаҳои муошират, табодули дониш, муаррифии фарҳанг ва таҳкими робитаҳои байни миллатҳо мебошад.


Эраҷ ҚУРБОНЗОДА,
сардори раёсати тарҷумаи МД “Маркази миллии тарҷума”-и назди
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон