Нишонаи аввали тафаккури академӣ дар таҳқиқ ва маъруза ин аст, ки бояд ақидаву мавзуи пешниҳодшуда бо бурҳону далелҳои мустаҳкам ироа шаванд. Нишонаи дигари муҳими тафаккури академӣ, ки хоси танҳо илму академия нест, ба ҳайси як равиши табиӣ варзида шудани афкори як шахсият дар мафкураи миллӣ мебошад. Он бисёр одӣ ва ҳамарӯза гардидани тафаккур бо мақулаҳои илмист, ки онро “тафаккури мақулавӣ” (категоралное мыщление) ном додаанд. Ин ҷараёни фикр таҳлилро на ба воситаи калимаҳои одӣ ифода мекунад, балки ба воситаи мақулаҳо ҷараён меёбад.
Инро дар тафаккури миллӣ татбиқ кардан, бешубҳа, мушкил аст, заҳматҳои зиёд мехоҳад, аммо зарур аст, зеро дар ҷаҳони имрӯза бидуни тафаккури миллӣ миллат на танҳо қафо мемонад, балки пайваста ба доми найрангу фиребҳои пайдарпайи ҷаҳондорони муосир меафтад.
Устод Соҳиб Табаров аз зумраи шахсиятҳои мафкурасоз буданд. Пеш аз ҳама, зарур донист барои равшан кардани саргузашти аллома Садриддин Айнӣ риштаи авлодашонро пайдо кунад. Ин зарурат бо сабаби дар ному насаби устод Айнӣ мавҷуд будани унвони “хоҷа” ба миён меояд. Дар ин чанд саҳифаи мухтасар, ки унвонаш “Интишори тариқати кубравия” мебошад Соҳиб Табаров як шиносномаи бисёр муҷаз, саропо ҳуҷҷат ва далел, хронологияи дақиқ, маълумоти равшанро маҳз дар китоби “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ” (Душанбе, 2008) додааст.
Бояд зикр кард, ки Соҳиб Табаров на мутахассиси фалсафа ва на тасаввуф аст. Ҳадафаш якто буд: дақиқ кардани саргузашти Садриддин Айнӣ.
Он чи, ки дар бораи кубравияву тасаввуф дар байни аҳли Бухоро аз қадим то ҳанӯз маълуму машҳур аст, ин аст, ки бухориён (ба маънии ҳама тоҷикзабонони Бухоро) пайравони Имом Абуҳанифа ҳастанд, дар тариқат, дар маслаки Баҳоваддини Нақшбанд. Ҳамин ҳаҷми шиносоиву донишро дар бораи аҳли Бухоро ҳоло ҳам чи дар тафаккури мардум, чи дар адабиёти тарғибиву оммавӣ (хусусан, адабиёте, ки дар Бухоро, Самарқанд, Тошкент нашр мешавад) мушоҳида мекунем.
Тафаккури академӣ, сабки таҳқиқи академӣ тақозо кардааст, ки Соҳиб Табаров дар нуҳ саҳифаи фишурда оғоз аз Абулҳасан Алӣ ал-Харақонӣ (954-1034) то Саид Баҳоваддини Нақшбанд (717-791 ҳиҷрӣ – 1318-1389 мелодӣ) маълумот меорад. Ҳамин нуқта ҳам қайд карданист, дар аксари тадқиқоти мавзуъҳои таърихӣ хоҳ адабиёту фалсафа, хоҳ таърих мушоҳида мекунем, ки хронологияи ҳиҷрӣ оварда мешавад, ки барои оммаи васеъ мушкил эҷод мекунад, тасаввури рӯшан дар ҷараёни омӯзиш хираву сактадор мешавад. Дар ҳамин таҳқиқот Соҳиб Табаров қариб ҳама ҷо, агар зарурати овардани таърих бошад, гунаи ҳиҷрӣ ва мусовии мелодии онро меоварад.
Дар Мовароуннаҳр тариқияти нақшбандия аз асри XII мақоми калонро пайдо мекунад. Роҳбари маънавӣ ва сарвари асосии тариқати нақшбандия Абдухолиқ бинни Абдуҷаллил ал-Ғиждувонӣ (вафоташ соли 575 ҳиҷрӣ – 1179 мелодӣ) ба шумор рафта, ҳамчун яке аз асосгузорону назарияпардозони тариқати дарвешияи хоҷагон, ки хоҷагони Соктаре ба он муталлеъ буданд, дар сарзамини Бухоро ном бароварда буд. Дар зери таъсири ақидаҳои Абдухолиқи Ғиждувонӣ Орифи Ривгарӣ, Маҳмуд Анҷири Фағнавӣ, Муҳаммад Бобо ас- Саммосӣ, Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд, Хоҷа Муҳаммади Порсо ғояву ақидаҳои тасаввуфиву дарвешии хоҷагонро ба шакл дароварда буданд. Ҳамин тавр, риштаи шаҷаравии устод Айниро Соҳиб Табаров кофта, меёбад, ки ба силсилаи неку хуҷастаи нақшбандия шомил аст.
Ӯ бо ҳуҷҷатҳо дақиқ исбот кардааст, ки Садриддин Айнӣ ҳангоми вафоти модар 14-сола буд. Ин соли 1889 аст, солест, ки шаҳри Бухоро ва атрофу акнофи онро вабо фаро гирифта.
Хондани тафсилоте, ки як кӯдаки 14-сола ҳосили ҷувориашро, ки 15 ман шудааст, ба 150 танга мефурӯшад ва 125 тангаро дар баҳои қарзи гӯру кафани падараш ба Юлдошбой мепардозад ва 25 танга ба қарздорони дигар, бисёр дарднок мебошад.
Ин боби китоб тафсилотеро, ки Соҳиб Табаров ҳам аз осори худи устод Садриддин Айнӣ ва ҳам аз манобеи дигар таҳия кардааст, нуқта ба нуқта ҷо ба ҷо мегузорад. Дар баробари мусаннаду дақиқ таҳия шудани рӯзгори устоди бузургвор дар солҳои 1889-1890 муҳитеро на бо сабки бадеӣ, балки бо сабки академӣ тасвир мекунад, ки комилан муҳити берабти низоми сиёсӣ, бешафқатӣ, бераҳмӣ, мавҷуд набудани камтарин нишонаҳои инсониятро равшану сареҳ мебинем.
Чанд нуктае, ки хоси тафаккуру таҳқиқи академӣ аст ва ин сифатҳоро танҳо дар фаъолияти Соҳиб Табаров мушоҳида кардем, барои олимони ҷавон зарурати омӯхтан ва пайравӣ карданро дорад.
Яке ин аст, ки устод ба падидаҳои чашмрас ва арзандаи адабиёти бадеӣ филфавр арзи ақида мекард. То ин ки ин асарҳоро дар мақолаҳояш ба таҳқиқу тадқиқ бигирад, ба номи ин нависандагону шоирон мактуб менавишт. Гумон мекунам, дар ҳаёти адабии тоҷикон (ба истиснои мактуби устод Садриддин Айнӣ ба Пӯлод Толис) ва хусусан дар ин шакли систематикӣ, доиман ба номи адибон навиштани номаҳо хоси Соҳиб Табаров аст.
Мавсуф дар номаҳову мақолаҳо вақте дар бораи шоирону нависандагони номдори он рӯзгор изҳори андеша мекунад, сахт беҳрамона ва рӯи рост аст. Ин ҳақиқатро ҳама медонанд, ки таҳлилу танқиди Соҳиб Табаров бе рӯву риё буд ва то охири умраш ҳамин гуна монд. Адибони насли мо ва насли пештар аз мо чандин бор аз танқидҳои ин бузургвор фоида карданд, ҳарчанд дар оғоз ранҷидаанд. Мукотибаи устод Соҳиб Табаров бо адибони муосираш ҳатман имрӯз ва дар оянда як ҳуҷҷати дақиқи илмӣ барои шинохтани вазъи афкор ва таҳаввули тафаккури миллӣ аст.
Таҳқиқи илмӣ, аслан, бештар ба кори занбӯри асал шабоҳат дорад. Заҳмати таҳқиқи занбӯрворро ва аҷоиботу муъҷизаи кори ин махлуқи шарифро то охир нашинохтаанд, ки он резакорист.
Дар осорхонае, ки дар ноҳияи Муъминобод ба номи Соҳиб Табаров ҷӯр кардаанд, нусхаи шахсии “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-и устод нигаҳдорӣ мешавад. Дар ҳошияи ин фарҳанг ба дасти устод садҳо, шояд ҳазорҳо калимае илова шудааст, ки дар ин фарҳанг наомадаанд. Ин олими бунёдандеш, албатта, ба умеди ин, ки дар нашрҳои минбаъда ин ҳама луғатшиносиаш ба кор хоҳад омад, нигоштааст. Маълум аст, ки ҳар як вожа муҳаққиқро ба суроғи чандин фарҳангҳову луғатномаҳо бурда.
Бо устод Табаров шинос набудам, аммо дар байни насли мо ӯ ҳамеша тимсоли як шахсияти ривоятӣ буд. Дар тасаввури мо олиме буд, ки ҳамеша дар гирдбодҳои моҷароҳои хурду бузург, аз он ёддоштҳое, ки акнун мешунавем ва пораҳое, ки худи устод навиштаанд, натиҷа мегирем: ӯ ҳамеша дар мавқеи муқовимат будаст. Як ятими парвардаи ятимхонаҳои шуравӣ ва он ҳам ятими маъюб дар вуҷуди хештан, дар тафаккури хештан бо муҳаббати бепоёне ба Ватан, адабиёт, миллат зистааст, ранҷ кашидааст. Ҳам рӯзгор ва ҳам осори мондагораш намунаи пайравӣ мебошад. Ҳаққо, ки: “Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш!”
Вақте китоби “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ”-ро мехонем, тасаввуроте пайдо мешавад, ки гӯё муаллиф ба ғайр аз муҳаббат ба Садриддин Айнӣ, ба адабиёти миллаташ ҳеҷ ташвише надошта. Ӯ унвони академикӣ надошт, аммо сатҳу савияи илмиву назарияпардозиаш аз чандин академик фаротару амиқтар буд.
Вақти армуғони ин китоб ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2008 автографҳое менависад, ки ба ранҷи бешумори пажӯҳишгарии устод ишорат аст. Овардани онҳо айни муддаост:
"Бо чи қадар азоб аз чоп баромадани ин фарзандамро худам медонаму рақибони беҳисобам.
Хонандаи илмдӯстӣ китобхонаи АИҶТ, хонандаатон аз октябри 1940 Соҳиб Табарови бесоҳиб. 25. 11. 2008".
* * *
Бо чи азобе аз чоп баромадани ин китоби зиндониамро худам медонам ва рақибони сершуморам.
Хонандаи илмдӯсти Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ, хонандаи фахриятон Соҳиб Табарови бесоҳиб. 25. 11. 2008.
Назри ЯЗДОНӢ, Шоири халқии Тоҷикистон