Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. ИФТИТОҲИ ДОЛОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАҚАМӢ


Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои санадҳо ва ифтитоҳи расмии Долони байналмилалии рақамии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом хатти алоқаи Душанбе – Хоруғ – Кулма – Қаросу – Пекин ба кор дароварда шуд, ки барои густариши ҳамкориҳои телекоммуникатсионӣ, афзоиши иқтидори интиқоли маълумот ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар низоми минтақавии алоқаи рақамӣ заминаи нав фароҳам меорад.
Бахтовар Абдусатторзода, директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва Лу Ҷзин, роҳбари минтақаи Авруосиёи ширкати "China Mobile International Limited", санадҳои марбут ба татбиқи лоиҳаро имзо намуда, сипас, якҷо тугмаи оғози кори хатро пахш карданд. Ба ин тартиб, пайвасти шабакаҳои телекоммуникатсионии ду кишвар тавассути гузаргоҳи Кулма – Қаросу дар марзи Тоҷикистону Чин расман оғоз ёфт.
Тавре Бахтовар Абдусатторзода изҳор намуд, ифтитоҳи Долони мазкур дар шароити тавсеаи иқтисоди рақамӣ ва афзоиши талабот ба интиқоли босуръати маълумот аҳамияти хос дошта, лоиҳа на танҳо имкониятҳои техникии шабакаи миллии алоқаро васеъ мекунад, балки барои рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ҷалби сармоя ва ба роҳ мондани транзити байналмилалии маълумот низ шароити мусоид фароҳам меорад. Лоиҳа дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 амалӣ гардида, ба яке аз ҳадафҳои муҳими кишвар – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Тибқи дурнамои Лоиҳа, дар солҳои наздик бо насби платформаҳои иловагии зичсозии спектрии каналҳо иқтидори интиқоли маълумот тавассути хат метавонад то 10 Тбит/с расонда шавад. Дар дурнамои дарозмуддат низ имкони афзоиши иқтидори каналҳо то садҳо терабит дар як сония пешбинӣ мегардад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими Лоиҳа фароҳам шудани имкони пайвастшавии шабакаи «Тоҷиктелеком» ба HKIX (Hong Kong Internet eXchange) – нуқтаи мубодилаи трафики интернет дар Ҳонконг мебошад. Тавассути пайвастшавӣ ба чунин нуқтаҳо операторони телекоммуникатсионӣ метавонанд ҳамкории худро бо шабакаҳои байналмилалӣ густариш дода, дастрасӣ ба хизматрасониҳои гуногуни рақамиро беҳтар намоянд.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»