Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят Ашурбой Солеҳзода зимни пешниҳоди ҳисобот, аз ҷумла зикр кард, дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 миллиарду 152 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар нуҳ моҳи соли 2026 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 68 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, барои 798 нафар ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, истеҳсоли 12 номгӯйи маҳсулоти саноатие, ки соли гузашта истеҳсол намешуданд, ба роҳ монда шуд.
Дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 3,5 миллиард сомонӣ равона гардида, суръати афзоиши маблағгузорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоизро ташкил дод. Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят сохтмони 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 8416 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба 134,4 фоизи нақша баробар мебошад. Ҳамчунин, дар саросари вилоят 2251,4 километр роҳ ба маблағи умумии 417,6 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардид. Дар қаламрави вилоят 156 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 909 синфхона барои 22 ҳазору 885 ҷойи нишаст дар як баст, сохта шудааст. Дар самти фарҳанг китобхонаҳои вилоятӣ ба маблағи умумии 11 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир ва китобҳои электронӣ таъмин шуданд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 7927 нусха китоби тозанашр харидорӣ ва ба муассисаҳои соҳа дастрас карда шуд.
Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ онҳо соҳиби 2150 медал ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 191 медал гардиданд. Дар маҷмуъ, шумораи медалҳои бадастовардаи варзишгарони вилоят ба 2341 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 медал зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 1,4 миллион сайёҳ, аз ҷумла 1,3 миллион сайёҳи дохилӣ ва 119,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Хатлон ташриф оварданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, масъулон вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии мамлакат ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд, ба рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ, иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”