Баргашт Чоп кардан

ГУМРУК. МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК ДАР КУРСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА АМНИЯТИ САРҲАДӢ ШИРКАТ ВАРЗИДАНД


Дар Академияи Гвардияи молиявии Ҷумҳурии Италия (Guardia di Finanza), воқеъ дар шаҳри Бари, курси 42-юми омӯзишӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба амнияти сарҳадӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуқодир Собирзода ва Шоҳназар Ғуломзода, инчунин, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Намояндагони мақомоти ваколатдори кишварҳои гуногун таҷрибаи худро дар самти таъмини амнияти сарҳадӣ муаррифӣ карданд. Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Ошкор намудани қочоқи асъори хориҷӣ ва сарватҳои асъорӣ» ва «Ташаккул ва рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди рақамикунонии дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ» маъруза пешниҳод намуданд.
Дар ин замина, нақши мақомоти гумрук дар пешгирии қочоқ, истифодаи воситаҳои техникии муосири назорат ва рақамикунонии равандҳои гумрукӣ дар таъмини амнияти сарҳадӣ таъкид гардид. Инчунин, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Барои иштирокдорон машғулиятҳои амалӣ дар бандари баҳрӣ ва фурудгоҳи шаҳри Барии Ҷумҳурии Италия сурат гирифт. Дар рафти он ширкаткунандагон бо таҷрибаи амалии мақомоти ваколатдори ин кишвар шинос гардиданд. Дар анҷоми курс ба иштирокчиён сертификати хатми омӯзиш супурда шуд. Таҷрибаи андӯхташуда ва маводи омӯзишӣ минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси онҳо истифода хоҳад шуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»




ИШТИРОКИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА ДАР ҶАЛАСАҲОИ СОЛОНАИ ХБА ВА ГУРӮҲИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР ШОҲИГАРИИ ТАЙЛАНД
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз 12 то 18-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор гардид, ширкат намуд.
Ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи иқтисод ва молия ба шумор рафта, роҳбарони бонкҳои марказӣ, вазирони молия ва рушди иқтисод, намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмии кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам меоранд.
Ҳадафи асосии ҷаласаҳо баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, таҳкими суботи молиявӣ, муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодию молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувору коҳиши сатҳи камбизоатӣ мебошад. Ин чорабиниҳо, ҳамчунин, барои мубодилаи таҷриба, баррасии самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам меоранд.
Дар доираи ҷаласаҳо вохӯриҳои сатҳи баланд, нишастҳои матбуотӣ, семинарҳо ва форумҳои байналмилалӣ баргузор шуданд ва намояндагони кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои рӯзмарраи иқтисоди ҷаҳонӣ, хавфҳои молиявӣ ва роҳҳои таъмини рушди устуворро мавриди муҳокима қарор доданд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои шиносоӣ бо равандҳои муосири иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, мубодилаи афкор бо намояндагони ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи бонкӣ мусоидат хоҳад намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият