Ҳайати Тоҷикистон иборат аз 24 нафар сафарбар гардид
18-уми октябр дар шаҳри Нагаяи Ҷопон маросими ифтитоҳи панҷумин Бозиҳои параосиёӣ доир шуд, ки дар он ҳайати паралимпии Тоҷикистон ширкат кард.
Барои иштирок дар Бозиҳо аз Тоҷикистон 24 нафар, аз ҷумла 13 варзишгар, 5 мураббӣ ва 6 намояндаи расмӣ сафарбар гардидаанд. Варзишгарони тоҷик дар шаш намуди варзиш барои ҳимояи шарафи варзишии Тоҷикистон ва ба даст овардани натиҷаҳои арзанда талош хоҳанд кард.
ҶУДО
Кӯлоб мизбони Ҷоми Президент шуд
17-18-уми октябр дар шаҳри Кӯлоб Ҷоми Президент оид ба ҷудо доир гашт.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушд ёфта, барои инкишофи намудҳои гуногуни варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҷудо дар Тоҷикистон аз ҷумлаи намудҳои маъруфи варзиш ба шумор рафта, варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маҳорати баланд нишон медиҳанд. Баргузории чунин мусобиқаҳо барои муайян намудани варзишгарони беҳтарин, такмили маҳорати касбии онҳо ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш аҳамияти муҳим дорад. Як қатор собиқадорони соҳаи варзиш барои саҳми арзандаашон дар рушди гӯштии ҷудо бо мукофотпулӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадр шуданд.
Дар зӯрозмоиҳо, ки аз рӯйи ҳафт вазн миёни мардон сурат гирифт, 214 варзишгар аз минтақаҳои кишвар ширкат намуданд.
Дар натиҷа, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Абубакр Боқиев (-81 кг), Музамир Каримзода (-90 кг), Сомонӣ Кишваров (-100 кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (+100 кг) ғолиби мусобиқа гардиданд, ҳамчунин, онҳо унвони чемпиони Тоҷикистонро дар соли 2026 ба даст оварданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба ғолибон 70 000 сомонӣ, барандагони медали нуқра – 50 000 ва биринҷӣ 30 000 сомонӣ тақдим кард.
ФУТБОЛ
Хуҷанд – барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026
Дастаи футболи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии мутахассиси сербиягӣ Милан Миланович дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бори шашум дар таърихи худ соҳиби ин ҷоиза гардид.
«Хуҷанд» қаблан солҳои 1998, 2002, 2008, 2017 ва 2021 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуда буд.
Барои пирӯзӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2026 даста бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадр гардида, роҳхати марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2027/2028-ро ба даст овард.
Ба дастаи “Сардор” медалҳои нуқра ва 100 000 сомонӣ тақдим гашт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”