![]()
17-уми октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи кишоварзону соҳибкорон, аҳли ҳунару санъат, намояндагони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони пойтахт Ҷашни куҳани миллӣ – Меҳргон таҷлил гардид. Дар чорабинӣ, ҳамчун расми баргузории он, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулоти гуногуни соҳаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ҳамзамон, дар доираи таҷлили Ҷашн чорабиниҳо, ба мисли фестивал – намоишҳои техникаи кишоварзӣ, занбӯриасалпарварон, себу ангур, оши палов, шоликорон, тарбузу харбуза ва каду ташкил ёфтанд. Ғолибони ин бахшҳо бо туҳфаю мукофотҳои арзишманд қадр шуданд.
Зимни чорабинӣ Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири кишвар, иштирокдоронро бо фарорасии Ҷашни бостонии аҷдодӣ ва иди деҳқон табрику шодбош гуфта, онро сабаби ба ҳам омадани кишоварзон донист.
Моҳтоб Арасхонӣ, тарҷумон ва забоншинос аз Теҳрон, дар суҳбат бо мо гуфт, ки эҳё ва шукӯҳи баргузории Меҳргон дар Тоҷикистон аз пешрафтҳои фарҳангӣ дар роҳи шинохти асолати таърихӣ мебошад. Ӯ бо хушнудӣ ва истиқболи гарм аз баргузории Ҷашни Меҳргон чунин изҳор дошт: “Тайи чанд рӯзе, ки ман дар Душанбеи азиз дар доираи Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг қарор дорам, рушди бесобиқаеро дар пойтахти Тоҷикистон мебинам. Дар ин радиф пешрафти фарҳангӣ низ баръало дида мешавад. Меҳмондориҳои мардуми шаҳр, шеваҳои гуфтори онҳо, либосҳои рангоранг, ғизоҳои лазиз, одобу русум – ҳама сарзамини бузурги Эрони Қадимро ба ёд меоранд. Шукри будани Тоҷикистон, ки дар ҳифзу густариши тамаддуни аҷдодии мо пешгом шудааст. Ин иқдомоти неки роҳбарияти Тоҷикистон барои ҳифзи асолати ориёӣ ёрии беназир мекунад. Айни замон ман дар Ҷашни Меҳргон қарор дорам ва як таърихи зиндаи ориёитаборонро шоҳидам. Аз ҳамаи ин зебоиҳои Меҳргон ва ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон фараҳманд гардидам. Ин манзараи дилкаши меҳргонӣ сабаби таваҷҷуҳи зиёди меҳмонони дигар низ гардидааст, ки аз бузургии Ҷашн шаҳодат медиҳад”.
Павел, Арина ва Ева, донишҷӯён аз Москва, ки дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, иштирокдорони дигари чорабинӣ буданд. Онҳо аз ҳар гӯшаи зебо орододашудаи Меҳргон тамошо карда, аксбардорӣ менамуданд.
– Мо қаблан дар бораи таърихи куҳани халқи тоҷик хонда будем, аммо имрӯз онро бо чашми сар мебинему ҳаловат мебарем. Расми баргузории Меҳргон бо анвои гуногуни меваю сабзавот ва ҳунарнамоӣ, инчунин, қадрдонии кишоварзони пешқадам басо ҳикматомез ва ҷолиби диққат аст. Ин гуна муносибат бо аҳли заҳмат ва гиромидошти меҳнату ҳунар далели маданияти баланди халқи тоҷик аст, – гуфт Павел Малюта, донишҷӯ аз Россия.
Ҳамчунин, Ботир Муъминов, муовини директори КВД “Агролизинг”, бо хушнудӣ изҳор намуд: “Ҷашни Меҳргон сабаби ба таври васеъ инъкос шудани дастовардҳои кишоварзӣ мегардад ва дар натиҷаи мулоқоту суҳбатҳои кишоварзони мамлакат фикрҳои тоза дар ин самт падид меоянд.
Кишоварзон аз техникаю мошинолоти нави ба фурӯшгузоштаи “Агролизинг” ва сабукиҳои барои хариди онҳо додашуда огоҳӣ пайдо мекунанд. Дар Иди имсолаи Меҳргон мо қариб ҳама намуди техникаю мошинолоти навтарини кишоварзиро ба намоиш гузоштем”.
Ҷашни Меҳргон дар Душанбе бо қадрдонии ноҳияҳои дар соҳа пешрафта, инчунин, фурӯши маҳсулоти кишоварзии хушсифат бо нархҳои дастрас, ба анҷом расид.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”