Тибқи иттилои Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии иқдоми башардӯстона, соли 2025 дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона тақрибан ҳар 14 дақиқа як сокини осоишта ба ҳалокат расидааст. 147 миллион нафар бар асари нооромии вазъ дучори гуруснагии шадид гардида, ғизо ба силоҳи ҷанг табдил ёфт. Ҳамчунин, СММ дар ҷараёни 18 низоъ беш аз 1350 ҳамла ба муассиса ва кормандони соҳаи тибро сабт кард. Фаротар аз хисороти молиявӣ, ҷанг аз ҷиҳати равонӣ низ ба одамон зарбаи сахт зад ва нобовариро дар онҳо ба вуҷуд овард. Дар чунин шароит қабул гардидани ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036 умеде барои қатъи ин даҳшат дар дили сокинони сайёра аст, ки номи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ба саросари олам бурд.
НИЗОЪҲОРО ПЕШГИРӢ МЕБОЯД
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ ба муносибати Рӯзи байналмилалии барҳамдиҳии пурраи силоҳи ҳастаӣ иброз дошт, ки ҷаҳон хатарноктарин давраро аз замони анҷоми Ҷанги Сард аз сар мегузаронад. Аз ин рӯ, ба созиш омадани кишварҳои ҷаҳон амри зарурист.
Чуноне дар боло зикр гардид, қурбониёни асосии ҷанг сокинони осоишта, бахусус занону кӯдаконанд. Ин низоъҳо одамонро бесарпаноҳ, занонро сарсону кӯдаконро бесаробон карданд. Аз 118 ҳазор кӯдаке, ки соли гузашта гуруснагиро аз сар гузаронданд, беш аз 60 миллионаш дар натиҷаи ҷанг ба чунин вазъ рӯ ба рӯ шуданд.
Дар пасманзари ин ҳама, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин моҳи сентябри соли равон дар Иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба нақши сулҳ сухан гуфта, таъкид намуд, ки моро мебояд на танҳо ҷангҳои имрӯзаро хотима бахшем, балки аз низоъҳои оянда пешгирӣ намоем. Дар ин росто, эълони Даҳсола бисёр саривақтист, ки моҳи май бо баргузории як конфронси сатҳи баланд оид ба сулҳ дар Душанбе, татбиқи он расман оғоз мегардад.
Вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори нигаронӣ аз вазъияти Ғазза даъват ба амал овард, ки оташбаси пойдор дар ин минтақа таъмин гардад ва барои дастрасии кумакҳои башардӯстона шароит фароҳам ояд. Инчунин, мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон бори дигар аз ин минбар садо дод, ки ҷониби мо дастгирии мардуми афғонро минбаъд низ идома медиҳад.
МОДЕЛИ СУЛҲОФАРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭЪТИРОФИ ОН
Бояд гуфт, ки ин ташаббуси Тоҷикистон – пешниҳоди Даҳсола маҳсули таҷрибаи сулҳофариаш асту аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон истиқболи гарм ёфт. Шахсан Антониу Гутерриш дар шаҳри Бишкек бо Президенти кишвар мулоқот карда, Пешвои миллатро бо қабули Қатънома шодбош гуфт.
– Барои ман ҳамеша мояи хушнудии бузург аст, ки имкони мулоқот бо Шумо ва изҳори сипос аз нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ҳалли бархе аз муҳимтарин масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосирро дорам.
Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзуъҳои марказии баҳсҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, маҳз Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаи пиряхҳо нақши пешсаф дорад.
Мо ҳамеша аз ташаббусҳои Шумо ҷонибдорӣ мекунем. Ҳамзамон, дар робита ба Тоҷикистон, ҳар коре, ки аз дастамон барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди кишвар меояд, мо ҳамеша омодаи анҷом додани он ҳастем, – гуфт Дабири кулли СММ.
Вобаста ба ин, андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ қобили мулоҳиза аст, ки ин ташаббусро маҳсули пиндор, гуфтор ва рафтори ба арзишҳои инсонпарварона, гуманистиву сулҳҷӯёна асосёфтаи Роҳбари давлат нисбат медиҳад ва меафзояд: “Агар ин ташаббусро сиёсатмадори дигаре анҷом медод, шояд истиқболи Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шакли дигаргуна мегирифт, аммо чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти роҳбарию сиёсӣ таҷрибаи хуби сулҳофарӣ доранд, ки чун модели дохилию байналмилалӣ эътироф шудааст, ҳам СММ ва ҳам ҷомеаи ҷаҳон пешниҳодро бо иттифоқи оро пазируфтанд”.
СУЛҲ МАҲСУЛИ ХИРАД АСТУ ВАҲДАТ ШАРТИ БАҚОИ МИЛЛАТ ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОН ЧӢ ПАЁМ МЕДИҲАД?
– Вақте мо дар бораи сулҳу салоҳ дар кишвар сухан меронем, нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии он пеши назар меояд. Президенти кишвар дар яке аз душвортарин давраҳои таърихӣ барои миллатамон масъулияти бузургеро бар дӯш гирифтанд. Изҳороти сиёсиашон дар бораи аз ҷони худ гузаштану ба миллат сулҳ овардан, танҳо як баёнияи сиёсӣ не, савганди садоқат дар назди миллат буд. Ҳоло, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҷангу низоъ, буҳронҳои сиёсиву фоҷиаҳои башардӯстона идома доранд, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аҳамияти хос пайдо мекунад. Он нишон медиҳад, ки сулҳ маҳсули хирад асту ҳамзистии осоишта таҳкурсии давлати пурқудрат. Ваҳдат шиор нест, балки шарти зарурии бақо ва рушди миллат мебошад, – мегӯяд номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умед Муродзода дар суҳбат бо мо.
Ба андешаи ӯ, қабули ин Қатънома эътирофи сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвар ва мақоми байналмилалии Президентамон аст. Моҳияти асосии ин ҳуҷҷат ба наслҳои оянда нигаронда шудааст, ки кӯдакон ва ҷавонон бояд имкони дар осоиштагӣ зиндагиву таҳсил карданро дошта бошанд, на ин ки қурбони ҷангу хушунат гарданд. Аз ин лиҳоз, таҳкими сулҳ на танҳо як ҳадафи сиёсӣ, балки вазифаи ахлоқии насли имрӯза ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ба ҷаҳониён роҳи санҷидашудаи расидан ба сулҳ ва ҳамзистии осоиштаро пешниҳод мекунад, ки бар пояи муколама, сабру таҳаммул, ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром ба шаъну шарафи инсонӣ бунёд ёфтааст.
ХУЛОСА
Он чи дар боло овардем, танҳо чанд рақам аз вазъи ноороми ҷаҳон мебошад, ки даҳшати ҷанг фаротар аст. Ва имрӯз миллати мо, ки пайомади ҷангро дар ҷисму ҷонаш ҳис кардааст, ба ҷаҳониён паём медиҳад: “Сулҳ беҳ аз ҷангу доварист”. Агар хоҳем, ки фардои дунё обод бошад, бояд аз имрӯз дар фикри тарбияи насли созанда дар фазои ором бошем, дар мафкураи онҳо арзиши олӣ будани сулҳ ва зарурати ҳифзу нигаҳдошти онро ҷой намоем. Даҳшати ҷанг ба ҳамаи инсонҳое, ки онро аз сар гузаронданд, асар мекунад. Президенти мо бошанд, ин ҳамаро диданд ва ташаббусеро пешниҳод карданд, ки ба нафъи ҷомеаи башарист. Ин ҷиҳат симои Роҳбари давлати моро аз дигар зовия мекушояд, ки намоди хирад ва адолатанд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”