Баргашт Чоп кардан

ДУШАНБЕ


Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор шуд
20-уми октябр таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, доир гардид.
Вакилон масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027 дар шаҳри Душанбе, рафти иҷрои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2037, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026 – 2030-ро муҳокима намуданд.
Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба масъулон дастур дод, ки корҳоро дар соҳаҳои рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, сиёсати давлатии ҷавонон, гузариш ба низомҳои рақамӣ, инноватсия, саноат, ҷалби сармоя, инфрасохтори роҳу нақлиёт, сохтмону меъморӣ, барқу гармидиҳӣ тақвият бахшанд.


СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Баргузории нишасти “С5+1” дар Самарқанд
Дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “С5+1” доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳокима гаштанд. Дар ин замина, аҳамияти идомаи муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи қолаби "С5+1" таъкид гардид.


ФАРҲАНГ
Муаррифии мероси пурғановати Тоҷикистон дар пойтахти Италия
20-уми октябр дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civilta)-и шаҳри Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» баргузор гашт.
Дар доираи Намоиш 80 нигораи нодири таърихию фарҳангӣ аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Ин осори гаронбаҳо аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, рушди фарҳангу ҳунар ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.


«ЧОДАРИ ХАЁЛ»
Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
21-уми октябр дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи «Чодари хаёл» оғоз гардида, то 26-уми октябр идома меёбад.
Дар фестивал театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва дигар давлатҳо бо намоишҳои хеш иштирок мекунанд.
Аз Тоҷикистон театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намоишҳояшонро пешкаш мекунанд.


ДАСТОВАРД
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Сертификати UNESCO-UNEVOC мутобиқати фаъолияти Донишгоҳро ба меъёрҳо ва талаботи байналмилалӣ тасдиқ менамояд.
Сертификат аз ҷониби Маркази UNEVOC дар Федератсияи Русия, ки дар заминаи Институти технологияҳои иҷтимоии Бошқирдистон фаъолият мекунад, дода шудааст.
Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳашт меъёри асосии UNESCO-UNEVOC мутобиқат намудааст. Арзёбии самтҳои инноватсия, мутобиқат ба талаботи бозори меҳнат, рушди устувор, сифати ҳайати омӯзгорон ва усулҳои таълим, заминаи моддию техникӣ, идоракунӣ, робитаҳои байналмилалӣ, арзёбӣ ва сертификатсияро фаро гирифтааст.


БОХТАР
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Дар назар аст, ки дар ин Ҳамоиши байналмилалӣ, ки аз 22 то 23-юми октябр дар шаҳри Бохтар ҷараён мегирад, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузори ватанию хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намоянд.
Ҳадафи асосӣ муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ мебошад.