
Шабакаи ҷаҳонии интернет ҳоло равзанаеро мемонад, ки аз тариқи он тақрибан ҳама рӯйи оламро бо тамоми неку бад ва каму костиҳо осон мушоҳида кардан мумкин аст. Маро тамошои наворе аз ҳолати бади беобию бероҳӣ, набуди камтарин инфрасохтори зист дар яке аз минтақаҳои кишвари ҳамҷавор – Афғонистон, дигарбора ба арзиши ҳаётии сулҳу амният мутмаин намуд. Он як филми тахайюлӣ нест, балки мисоли зиндаест, ки аз мушкилоти сангини бахше аз башарият дар замони нав ҳикоят мекунад. Ин вазъ боз ҳам аҳамияти ҳаётии ду ташаббуси Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2018 – 2028» ва Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027–2036-ро дар назар дучанд менамояд.
Блогер Рақиб Фаррухӣ аз кишвари ҳамсоя дар барномаҳои интернетии худ пайваста аз маконҳои ҷолиб ва расму оинҳои гуногуни мардумӣ гузоришҳо пахш мекунад. Чанде пеш дар бораи деҳаи маъруф ба Говдарам дар вулусволии Чорсада навори кӯтоҳе гузошт, ки шароити набуди камтарин имконот – обу роҳро бозгӯ мекард.
Фаррухӣ, аслан бо мақсади инъикоси манзараи деҳаи баландкӯҳ ва вазъи беобии он раҳсипор мешавад, аммо ҳолатеро дучор мегардад, ки боварнокарданист. Аз набудани роҳи ҳамвор ҳатто мототсиклаш ҳам пурра аз ҳаракат мемонад. Ӯ бахше аз роҳи тангу ноҳамворро пиёда меравад, вале бо чунин ҳол то баландӣ баромадан мушкил аст.
Ниҳоят бо сокинони Говдарам, ки барои овардани барф ё яхпораҳо ҷиҳати таъмини оби ошомиданӣ мерафтанд, дучор меояд. Бо онҳо ҳамроҳ гашта, боқии роҳи харобро савори маркаб меравад ва ба ҷойи даркорӣ, яъне болои кӯҳи пур аз барф мерасад. Сокинон барои таъмини оби нӯшидании хонаводаҳояшон лингчаҳоро аз барф пур карда, ба манзилҳои зисти худ бармегарданд.
Тавре дар навор дида мешавад, як пирамарди солхӯрда бо афсурдагӣ мегӯяд, ки вақти фаро расидани мавсими гармӣ барф ҳам аз онҳо дур мешавад ва маҷбуранд барои пайдо намудани об масофаи дур, домони кӯҳҳои баланд ва мавзеъҳои хатарбору касногузарро тай кунанд.
Аз суҳбатҳои блогер бо аҳли деҳа бармеояд, ки онҳо солҳо боз чунин рӯзгори сангин доранду ҳеҷ дигаргуние дар низоми зиндагиашон нест. Ногузир тан ба тақдир додаву ранҷҳои сахтро таҳаммул мекунанд.
Шояд дар назар сода намояд, ки бо мисол овардани як навори 40-дақиқаӣ беобию бероҳии як деҳа ва яхпоракашии сокинони онро дар миён гузоштем. Аммо манзараи рӯзгори сахту сангин дар ин деҳа дар як навор бозгӯйи набуди таваҷҷуҳ ба бунёди инфрасохтори деҳот аз сабаби ноамнӣ, аз канда будани иртиботи рустоҳо бо марказ ва ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтани як гурӯҳе аз башар мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки дар ҳама давру замон ободию осоиштагӣ ва пешрафти тадриҷӣ нахуст, ба амну субот ва эътидоли сиёсию иқтисодӣ вобаста аст.
Воқеан, дар баробари гармшавии тадриҷии иқлим ва коҳиши захираҳои об моҷароҳои сиёсӣ дар соире аз кишварҳо боис ба мушкилоти дастрасӣ ба об гардида, бахше аз аҳли башарро ба рӯзгори сангин дучор сохтааст. Яъне, ба умқи масъала бингарем, ташаббусҳои Тоҷикистон ба ҳам алоқамандии зиёд доранд. Обу сулҳ – ду омили хушбахтие, ки Тоҷикистон аз ҷаҳон ҳифзи онҳоро мехоҳад.
Садои Тоҷикистон дар минбарҳои ҷаҳонӣ танҳо як ҳарфи пешниҳодӣ нест. Он нидои дили миллионҳо одамони сайёра аст, ки об мехоҳанду сулҳи пойдор. Дар Осиё, Африқо, Аврупо...
Моро зарур аст, ки аз ҳоли рӯзгори дигарон бохабар ва дар пайи истифодаи босамари захираҳои обӣ ва таҳкими сулҳ бошем!
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»