Баргашт Чоп кардан

СУҒД. САҲМИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ПАХТАЗОР


Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пахта идома дошта, дар баробари пахтакорон намояндагони касбу кори гуногун низ ба саҳро баромада, дар ғунучини ҳосил саҳм мегузоранд. Имрӯзҳо дар пахтазор меҳнати дастаҷамъона, ҳамкории сокинон ва дастгирии кишоварзон равшан ба назар мерасад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 19-уми октябри соли равон кишоварзони вилояти Суғд 58 ҳазору 134,2 тонна пахта супурданд, ки 48,8 дарсади нақшаи солонаро (119 ҳазор тонна) ташкил медиҳад. Ноҳияи Зафаробод, ки аз минтақаҳои калидии пахтакории вилоят маҳсуб меёбад, иҷрои нақшаро ба 34,7 дарсад расонд. Дар ин ноҳия бо дастгирии кормандони соҳаҳои гуногун 10 ҳазору 170,4 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, вале барои иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда (29 ҳазору 340 тонна), суръати чиниш бояд тезонда шавад.
Дар ноҳияи Ашт, ки яке аз минтақаҳои муҳими кишти пахта дар вилояти Суғд мебошад, барои соли равон нақшаи пахтасупорӣ 12 ҳазору 530 тонна муқаррар гардидааст. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 19-уми октябр пахтакорони ноҳия 5117,9 тонна пахта супурдаанд, ки ба 40,8 фоизи нақшаи солона баробар аст.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Конибодом низ ҳашари пахтачинӣ бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун идома дорад. Бо ташаббус ва роҳнамоии роҳбарияти шаҳри Конибодом кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, муассисаҳои таълимӣ дар рӯзҳои истироҳат ва баъд аз кор ба пахтазор баромада, дар ҷамъоварии ҳосил ба деҳқонон ёрӣ мерасонанд.
Дар ноҳияи Спитамен низ ҳашари пахтачинӣ ба як иқдоми дастаҷамъона табдил ёфтааст. Кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар баробари пахтакорон ба саҳро баромада, барои ҷамъоварии ҳосил саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, кормандони Театри давлатии драмавию мусиқии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳия дар ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Ҳама ба пахтазор!» фаъолона иштирок карданд.
Чунин ташаббусҳо аз эҳтироми баланд ба меҳнати кишоварзон ва омодагии сокинон барои дастгирии деҳқонон шаҳодат медиҳанд. Ҳашарҳои пахтачинӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд имкон медиҳанд, ки ҳосили парваришёфта сари вақт ва бо истифода аз боду ҳавои муносиб ҷамъоварӣ гардид.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”