Дар раванди сулҳофарӣ, давлатсозӣ, ваҳдатофарӣ ва бозгашти фирориёни иҷборӣ саҳми барномаи радиоии «Хоки Ватан» бемисл аст. Имсол аз таъсиси он 30 сол пур шуд. Барномаи аввал бо номи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» субҳи рӯзи душанбе - 29 марти соли 1993 аз Радиои Тоҷикистон пахш гардид ва дар он Муроҷиатномаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони хориҷӣ ҷой дода шуд, ки фишурдааш чунин буд: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ…!».
Ҳамчунин, суханронии вазири вақти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва мусоҳиба бо се гуреза аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пахш шуданд. Пешгуфтори барномаи нахуст бо унвони «Руҷуи муҳаррир» оғоз гардид, ки дар он омадааст: «Ҳамватанони азиз! Тоҷикистон ба вартаи низои дохилӣ кашида шуд. Душманони дохилӣ ва хориҷӣ тавонистанд моро ба гурӯҳҳо ҷудо намоянд. Тоҷикистон дар арафаи тақсим қарор дошт. Инро кишварҳои ҳамҷавор, хориҷӣ, абарқудрат ва гурӯҳҳои ҷудоиталаби мамлакат мехостанд. Лекин тақдир ба мо инсонеро дод, ки ҳадафаш сарҷамъ намудани миллат аст. Роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон нияти нек дорад: сулҳ меорад, ваҳдат мекунад, Тоҷикистонро обод менамояд ва муҳимтар аз ин, шумо - ҳамватанони азизро ба Ватан бармегардонад. Магар зиндагӣ дар Ватан беҳтарин неъмат нест? Оё дар байни шумо касе ҳаст, ки ба Меҳани аҷдодӣ бозгаштан намехоҳад? Магар шахсе, ки Ватани худро дӯст намедорад, модари худро дӯст дошта метавонад? Не! Тоҷик меҳандӯст аст, ватанпараст аст, ба модар, Ватан, миллат, сарзамини аҷдодӣ муҳаббат, садоқат, ишқ, рафоқат дорад. Мо ба ҳам меоем, муттаҳид мегардем, ҳамфикр мешавем ва сарзамини аҷдодии худро обод мекунем. Бовар кунед, агар ҳамбаста набошем, Тоҷикистон пора - пора мегардад, тоҷик ҳамчун миллат нест мешавад, дар ба дар мегардад, овора мегардад, хор мешавад. Медонем, ки дар дили ҳар яки шумо доғе ҳаст. Яке писар гум кардаву дигаре падар, сеюмӣ хоҳару чаҳорумӣ бародар. Ҳамватанони азиз! Биёед, ин бадбахтиҳоро фаромӯш кунем. Қисмати Ватан, миллат, давлат, Тоҷикистони азиз дар дасти мову шумост... ». Ҳамин тавр, як барномае, ки баъдан ҷиҳати ба ҳам овардани тоҷикон ва баргардондани гурезагон хизмати бузург кардааст, рӯи кор омад. Ин барнома минбари ибрози афкори фирориёни иҷборӣ, ҳамоиши назарҳо, даъвати ҳамватанон ба Ватан, воқеан ҳам, оштии миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон буд, зеро он шабу рӯз вақте ду ҷабҳа созмон ёфта буд, мардум дар муқовимат буданд, ҳар замон хун мерехт, «Хоки Ватан» ягона минбаре буд, ки барои ҳар нафаре имкон медод, дарди дилашро бигӯяд. Аз он намояндаҳои ҳар ду ҷониб истифода мебурданд, аз ин хотир, воқеан, минбари оштӣ буд ва барои расидани мардум ба оштии миллӣ хеле мусоидат намудааст.
Идеяи таҳияи барнома маҳсули дониш, афкор, ҷаҳонбинӣ ва эҷоди дастҷамъонаи роҳбарияти олии Тоҷикистон бо сарварии Раиси вақти Шурои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони Радиои Тоҷикистон мебошад, ки бозгашти фирориён ба Ватан, барқарории сулҳ ва ваҳдати миллиро ҳадафи ниҳоӣ қарор дода буд. Барномаи «Хоки Ватан» бо рубоии:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Бӯйи Ватан аз лолаю райҳон хуштар,
Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ, ба Канъон беҳтар.
оғоз мегардид. Сипас, суруди машҳури овозхони маъруфи тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов бар ғазали Камоли Хуҷандӣ «Во ғарибо…» пахш мешуд. Барномаҳои нахуст ҳафтае як маротиба рӯзи сешанбе, аз охири моҳи апрел дар як ҳафта ду маротиба: рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа, соати 6-15 ба муддати 45 дақиқа пахш гардида, такроран соати 13-15 дақиқа садо медоданд. Баъдтар бо супориши директори вақти радио Мансур Султонов тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи эҷодӣ таъсис гардад ва роҳбарии онро сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқӣ Амонқул Одилов ба уҳда гирад.
Коршиносон ва рӯзноманигорони касбӣ эътироф намудаанд, ки барномаи «Хоки Ватан» воқеан ҳам, барномаи миллӣ ва мардумӣ шуд ва тавонист боиси таваҷҷуҳи тамоми фирориёни хориҷу дохил гардад. Аз ҷониби дигар, барномаи «Хоки Ватан» як давраи ҳассосу таърихии миллати тоҷикро таҷассум мекард ва барои ба вуҷуд овардани модели нави сулҳофарӣ саҳм гузошта аст. Ҳамин тариқ, гурезаи охирин 16 ноябри соли 1997 ба Ватан баргашт ва барномаи «Хоки Ватан» низ, рисолати таърихии худро ба анҷом расонд ва Тоҷикистон ба марҳилаи нав - марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ қадам гузошт.
Барномаи «Хоки Ватан» барномаи беҳтарин ва метавон гуфт, ки парчами радио ва ба шиносномаи радио табдил ёфта буд. Ин барнома ҷиҳати ба Ватан бозгардондани фирориён, ба ҳам омадани тоҷикон, шинохти бештари ҳамдигар, пайванди минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ хидмат намудааст.
Бо гузашти замон ҳар қадар мо аз он солҳо дур равем, симо, арзиш ва ҷойгоҳи он ҳамон қадар барҷаста, воло ва баланд таҷассум хоҳад ёфт.
Саидмуроди ХОҶАЗОД, профессор