Хонандагони тоҷик Мадина Умарҷон ва Гулноз Элчибекова дар Фестивали байналмилалии ҷавонон – “The Planet of Art – 2026”, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, пирӯз шуданд.
Фестивал ба мавзуи «Нақши занон дар ҳифз ва пешбурди мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО» бахшида шуда, ба 80-солагии ЮНЕСКО ва 45-солагии Федератсияи умумиҷаҳонии клубҳо ва ассотсиатсияҳои ЮНЕСКО рост омад. Иштирокчиён тавассути асарҳои ҳунарии худ нақши муҳими занонро ҳамчун ҳомиёни анъанаҳо, нигаҳбонони хотираи фарҳангӣ ва пули байни наслҳо нишон доданд.
Имсол ба Фестивал аз ҷониби ҳазорон рассоми ҷавони аз 3 то 18-сола аз 54 кишвари ҷаҳон асарҳо пешниҳод шуданд. Намунаҳои эҷодиёти онҳо ғановати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО-ро ситоиш карда, гуногунии фарҳангҳо ва баёни ҳунариро инъикос намуданд. Аз ҷумла, асари эҷодии Мадина Умарҷон бо номи «Сирри атласи тоҷикӣ: гармии дастони модар» таҳти роҳбарии омӯзгор Парвина Зарифова офарида ба мавзуи ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии ғайримоддӣ бахшида шудааст.
Фестивал бо Намоишгоҳи байналмилалӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж, ки аз 10 то 17-уми ноябри соли 2026 доир мегардад, ба анҷом мерасад. Дар Намоишгоҳ, инчунин, муаррифии албоми расмии «САЙЁРАИ САНЪАТ – 2026», ки дар он асарҳои ғолибон аз 50 кишвари ҷаҳон ҷамъоварӣ шудаанд, баргузор мешавад.
Дар ин бора Иноятулло Валиев, раиси Ҷамъияти тоҷикони Алмаато хабар дод.
“Ҷумҳурият”