Баргашт Чоп кардан

БОЗИҲОИ ПАРАОСИЁӢ


Медали таърихии Тоҷикистон
Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров дар мусобиқаи пара-ҷудо дар доираи 5-умин Бозиҳои параосиёӣ сазовори медали нуқра гардид.
Шоҳрух миёни варзишгарони биноияшон суст бар варзишгарони Чин, Қазоқистон (ду нафар) пирӯз гашта, ба финал роҳ ёфт. Ӯ дар даври ниҳоӣ аз намояндаи Ӯзбекистон мағлуб шуда, ҷойи дуюмро гирифт.
Воқеан, ин аввалин медали паралимпичиёни кишвар дар ин Бозиҳо мебошад.
Бозиҳои параосиёӣ 18-уми октябр дар шаҳри Нагаяи Ҷопон оғоз гардида, то 24-уми октябр идома меёбанд. Аз Тоҷикистон 13 варзишгар дар 6 намуди варзиш ширкат дорад.


ГӮШТӢ
Паҳлавонони кишвар дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд
Аз 24-уми октябр то 1-уми ноябр дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ доир мегардад.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ (UWW), дар Чемпионат беш аз 800 варзишгар дар се равия – гӯштии юнонӣ-римӣ, тарзи озод ва гӯштии бонувон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.
Ҷумҳурии моро 8 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунад: Назармамад Раҳмонбеков (55 кг), Асламҷон Азизов (60 кг), Шоҳинҷон Холназаров (67 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ; Айаал Белолюбский (57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Мустафо Ахмедов (70 кг), Виктор Рассадин (74 кг), Сомонҷон Икромов (79 кг).
Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии гӯштӣ як медали нуқра дорад, ки онро соли 2007 Юсуф Абдусаломов дар Боку ба даст овардааст. Соли 2024 Абдулмаҷид Кудиев дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯйи вазнҳои ғайриолимпӣ дар Тирана сазовори медали биринҷӣ шуд.


ҶУДО
Аввалин Гран-при миёни ҷавонон дар Душанбе доир мегардад
24 – 25-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони аввалин Гран-прии ҷудо миёни ҷавонон мегардад.
Барои иштирок дар мусобиқа 234 варзишгар аз 19 давлат номнавис шудааст. Ҷумҳурии моро 44 паҳлавони ҷавон намояндагӣ мекунад. Миёни онҳо варзишгарони, аллакай, шинохташуда Мадина Қурбонзода, Ёсин Бобокалонов, Ворис Назаров, Аминҷон Абдуҷалилзода ҳастанд.
Баргузории нахустин Гран-прии ҷудо миёни ҷавонон дар Душанбе барои рушди ин риштаи варзиш, фароҳам овардани таҷрибаи байналмилалӣ барои варзишгарони ҷавон ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аҳамияти хос дорад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”