Баргашт Чоп кардан

ВАҚТЕ САНЪАТ ОИНАИ ЗИНДАГӢ МЕГАРДАД...


Дар ҳошияи филми “Дов”, ки қораи Осиё,
Аврупо ва Австралияро тасхир намуда, ба Тоҷикистони соҳибистиқлол 33 ҷоиза овард.
Синамо танҳо воситаи фароғат нест. Он метавонад таърихи як давраро бозгӯ кунад, мушкилоти ҷомеаро инъикос намояд ва инсонро ба андеша дар бораи арзишҳои зиндагӣ водор созад. Маҳз филмҳое, ки аз воқеияти зиндагӣ сарчашма гирифта, масъалаҳои муҳими иҷтимоиву маънавиро ба миён мегузоранд, имкони бештар доранд, ки берун аз марзҳои кишвар низ таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб намоянд. Филми бадеии “Дов”-и коргардон Муҳиддини Музаффар аз ҷумлаи чунин асарҳост.
Иштироки ин филм дар фестивалҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани ҷоизаҳо таваҷҷуҳро ба синамои тоҷик бештар кардааст. Аммо арзиши “Дов” танҳо дар дастовардҳои он маҳдуд намешавад. Муҳимтар аз ҳама, филм масъалаҳоеро ба миён мегузорад, ки барои ҳар ҷомеа аҳамияти худро доранд: дӯстии ҳақиқӣ, садоқат, виҷдон, таъсири шароити зиндагӣ ба рафтори инсон ва бархӯрди арзишҳои маънавию моддӣ.


ЛОТЕРЕЯ: ИМТИҲОНИ ДӮСТӢ ВА ВИҶДОН
Меҳвари воқеаҳои филмро бурди лотерея ташкил медиҳад, ки сарнавишти ду дӯст Қаҳҳор ва Маннонро ба ҳам мепайвандад. Ин ғоя аз қиссаҳои воқеие сарчашма гирифтааст, ки коргардон дар бораи муносибати одамон дар солҳои душвор шунидааст. Дар баъзе аз ин қиссаҳо бурди лотерея ва ба даст омадани мошин боиси тағйир ёфтани муносибати дӯстони наздик мегардад.
Муҳиддини Музаффар ин воқеаро барои бунёди сохтори филмнома истифода бурдааст. Аммо дар асар лотерея танҳо сабаби зоҳирии муноқиша нест. Он воситаест барои ошкор кардани хислатҳои инсонӣ ва нишон додани он, ки манфиати моддӣ то кадом андоза метавонад муносибатҳои самимии одамонро тағйир диҳад.
Саволи асосие, ки филм ба миён мегузорад, ин аст: оё дӯстии ҳақиқӣ метавонад дар баробари пулу мол устувор бимонад? Чаро одамоне, ки солҳои зиёд бо ҳам наздик буданд, баъзан, ба сабаби манфиати ночиз аз ҳам дур мешаванд?
Посухи филмро дар ботинии қаҳрамонҳо бояд ҷуст. Мушкил танҳо дар бурди лотерея нест, балки дар муносибати инсон ба сарват, виҷдон ва масъулияти худ дар назди дигарон аст.
Қаҳрамонҳои марказии филм ҳам истеъдоди ҳунарӣ доранд ва ҳам бо мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ мешаванд. Ормонҳои маънавии онҳо бо воқеияти зиндагӣ бархӯрд мекунанд. Ин зиддият ба тамошобин нишон медиҳад, ки инсон метавонад дар миёни хоҳишҳои ботинӣ ва фишори муҳит интихоби душвор кунад.
Хуллас, таҷрибаи филми “Дов” нишон медиҳад, ки барои муаррифии синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ танҳо имкониятҳои техникӣ ё маблағгузорӣ кофӣ нестанд. Мазмуни асар, ҳаққонияти образҳо, маҳорати коргардон ва қобилияти баёни масъалаҳои умуминсонӣ низ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Аз ин ҷиҳат, филми “Дов” барои синамои тоҷик на танҳо як дастоварди эҷодӣ, балки таҷрибаест, ки аҳамияти қиссаҳои аз зиндагии воқеӣ сарчашмагирифтаро бори дигар нишон медиҳад.
Малика МУҚАДДАМОВА, “Ҷумҳурият”