Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ


Рушду таҳкими рукнҳои асосии иқтисоди мустақилу рақобатпазири ҳар як кишвари ба истиқлоли давлатӣ дастёфта заминаи асосии баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии ҷомеаи он маҳсуб мешавад. Ҷудо кардани рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи меҳнати коргарон аз муҳити сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа комилан ғайриимкон аст. Дар навбати худ, суботи ин муҳит аз чунин аносири устуворсозандаи ҳаёти ҷомеа: истиқрори сулҳу ваҳдат ва амнияти дохилию хориҷии кишвар вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, бузургтарин дастоварди ҷомеаи Тоҷикистони навин таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан тағйир ёфтани нигоҳу муносибат ба рукнҳои таҳкимбахши муносибатҳои меҳнатӣ ва тарзи истифодабарӣ аз неруи онҳо мебошад.
Нуктаи басе нозукро ҷоизи таъкиди махсус медонам. Таҳлили иқдомоти рӯйидастгирифтаи Сарвари давлатамон дар доираи пешбурди фаъолияти тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои Пешвои миллат инъикосгари манофеи тамоми табақаҳои қишри ҷомеа ҳастанд. Аз амалӣ гардидани онҳо ҳамагон баҳравар мегарданд. Шинохти қадру қимату таъмини ҳуқуқи инсон ва фароҳамгардонии сатҳи зиндагии арзанда ва бидуни ҷангу ҷудоихоҳӣ ҳадафи асосии Пешвои миллат аст ва Сарвари раиятпарвари тоҷикистониён аз ибтидо то кунун барои расидан ба ин ҳадаф ташаббусҳои арзанда ва қобили қабулро нишон додаанд. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки муносибатҳои меҳнатӣ бояд бар асоси шаффофият, эътимод, баробарӣ, ба эътибор гирифтани манфиатҳои тарафайн, машваратҳои судманд ва эҳтироми мутақобила ба роҳ монда шаванд. Ин принсипҳо, дар ҳақиқат, дар ташаккули ҳамкории байни тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ: кормандон ва корфармоён амсилаи устувори ҳамкорӣ бо ҳадафи ниҳоии расидан ба рушду шукуфоии устувори ҷомеа басе муҳим ҳисобида мешаванд. Воқеан ҳам, дар раванди ташаккулёбии амсилаи нави ҳамкории тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, ки зербинои онро муколамаи ба манфиатҳои мутақобила ва ҳифзи манофеи ҳамдигар ташкил медиҳад, дар ҷомеаи навини Тоҷикистон низ батадриҷ амсилаи комилан нави танзими муносибатҳои меҳнатӣ – муколамаи иҷтимоӣ дар байни ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ ташаккул меёбад ва қавитар мегардад.
Омӯзиш ва таҳлили вазъи раванди муколамаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки қатъи назар аз тамоили рушди устувор касб намудани мушоракати иҷтимоӣ, музокироти дутарафа дар ҷараёни омода гардондан ва ба имзо расондани созишномаҳои соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ ва қарордодҳои меҳнатӣ нақши муассир касб намуда истодааст. Муҳайё будани заминаи асноди меъёрию ҳуқуқии марбути муҳофизати меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоӣ ба ҷараёни бастани созишномаву шартнома такони ҷиддӣ мебахшад, мазмуну мундариҷаи қисмати зиёди созишномаҳо ва шартномаҳои баимзорасида дар айни замон фарогири масъалаҳои умдаи таъмини ҳуқуқҳои меҳнатӣ мебошанд.
Дар таҳрири нав қабул гардидан ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июли соли 2016 дар тақвияти муколамаи иҷтимоӣ марҳалаи нав гардид.
Метавон хулоса намуд, ки сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат дар ҷодаи роҳандозӣ намудани муколамаҳои манфиатбахши тарафайн баҳри қонунигардонӣ ва устуворсозии муносибатҳои меҳнатӣ дар тақвиятёбии яке аз рукнҳои соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ – муколамаи иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони навин нақши бориз доранд.
Дар заминаи барномаҳои воқеан консептуалии иҷтимоӣ пайгирона боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ далели раднопазири сиёсати муваффақонаи иҷтимоии Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.


Моёншо МАҲМАДБЕКЗОДА,
доктори илмҳои сиёсӣ, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”