![]()
Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб дар ҷомеа ба иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, фаъолияти босамари мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ расонда, эътимоди шаҳрвандонро нисбат ба ниҳодҳои давлат коста мегардонад. Аз ин лиҳоз, муқовимат ба он рӯз аз рӯз зарурати бештар касб карда, аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатию шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Дар шароити рушди иқтисоди миллӣ масъалаи таъмини муҳити солими меҳнатӣ, шаффофият ва адолати иҷтимоӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро иқтисодиёти устувор дар заминаи меҳнати софдилона, муносибатҳои одилонаи меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон ва истифодаи босамари захираҳои моддию молиявӣ бунёд мегардад.
Дар зимн, иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти намояндагии кормандон метавонанд дар ин самт, аз ҷумла дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ, саҳми назаррас гузоранд. Яке аз вазифаҳои асосии иттифоқҳои касаба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандон мебошад. Барои иҷрои ин вазифа иттифоқҳои касаба бояд ба масъалаҳои шаффофият, риояи қонунгузории меҳнат, адолат дар муносибатҳои меҳнатӣ ва пешгирии ҳолатҳои суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ диққати ҷиддӣ диҳад.
Дар қатори дигар ваколатҳо, огоҳ намудани кормандон аз ҳуқуқҳои меҳнатии худ яке аз воситаҳои муҳими пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад. Муҳити меҳнатие, ки дар он адолат, баробарӣ ва шаффофият таъмин шудааст, барои пешгирии коррупсия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муқовимат бо коррупсия танҳо тавассути ҷазо додани шахсони алоҳида имконнопазир аст. Барои ин зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионӣ миёни аҳолӣ баланд бардошта шавад. Семинарҳо, вохӯриҳо, суҳбатҳои ҳуқуқӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ метавонанд дар ин самт нақши муҳим дошта бошанд. Иттифоқҳои касаба бошанд, метавонанд чунин чорабиниҳоро дар ташкилоту муассисаҳо мунтазам баргузор намуда, кормандонро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, талаботи қонунгузорӣ ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ шинос намоянд.
Ҳар як инсони ватандӯст бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо мубориза бо як амали ғайриқонунӣ нест. Ин мубориза барои адолат, меҳнати шоиста, истифодаи самараноки захираҳо, рушди истеҳсолот, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти муштараки давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, корфармоён, кормандон ва иттифоқҳои касаба буда, яке аз заминаҳои муҳими устувории иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.
Зафар ХОЛМАҲМАДЗОДА, ҳуқуқшиноси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон