Баргашт Чоп кардан

МАРДЕ АЗ КОРЗОРИ СОЗАНДАГӢ


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси, воқеан, ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».
Хушбахтона, имрӯзҳо фарзандони содиқу вафодор ва бонангу номуси кишвар суханони пандомези Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри пешрафти Ватани азиз талош меварзанд. Онҳо бо амалҳои созандаю бунёдкоронаи хеш дар ободии ин сарзамини биҳиштосо нақши босазо гузошта, бо рафтору кирдори намунавии худ соҳиби номи нек ва эҳтироми ҷомеа гардидаанд.
Инак, мо рӯйи саҳифа, зиндагиномаи яке аз чунин фарзандони содиқу дилсӯзи Ватан, чеҳраи соҳибтаҷриба Фирдавсӣ Мусоевро оварда, аз саҳми гузоштаи ин марди накуном дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳарф мезанем.
Фирдавсӣ Мусоев 11-уми ноябри соли 1985 дар шаҳри Роғун ба дунё омадааст. Мавсуф соли 2008 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2015 Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғунро аз рӯйи ихтисоси техник-электрик хатм намудааст.
Фирдавсӣ Мусоев аз соли 2013 то соли 2021 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи смета ва қарордодҳои раёсати молия ва иқтисоди ҶСК «НБО Роғун» фаъолият кард. Дар ин давра «Роғун» барои ӯ тадриҷан ба як мактаби бузурги касбӣ табдил ёфт. Мактабе, ки дар он дониш бо таҷриба, назария бо амал ва масъулият бо натиҷаи воқеӣ пайваст мешавад. Соли 2021 дар фаъолияти меҳнатии Фирдавсӣ Мусоев марҳалаи нави рушд оғоз гардид. Таҷрибаи чандинсолаи андӯхта ва дониши касбӣ ба ӯ имкон доданд, ки фаъолияти худро дар вазифаҳои роҳбарикунанда идома диҳад. Аз моҳи ноябри соли 2023 фаъолияти ӯ бо ҶДММ «Бунёди асри 21» пайваст ва имрӯз роҳбарии ин корхонаро ба зимма дорад.
Фирдавсӣ Мусоев дар баробари саҳми арзандааш дар сохтмони НБО «Роғун», ба ободии зодгоҳаш низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ дар шаҳраки Оби Гарм Осоишгоҳи «Асри 21»-ро бунёд карда, ба истифода дод. Ин иқдоми созанда барои рушди инфрасохтори сайёҳии минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи мусоид фароҳам овард.
Фаъолияти бисёрсолаи Фирдавсӣ Мусоев низ аз назари роҳбарияти давлат дур намондааст. Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои фаъолияти шоиста ва саҳми арзандааш дар корҳои созандагӣ Фирдавсӣ Мусоев бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардид. Мукофот ҳадафи меҳнат нест. Аммо вақте заҳмати инсон аз ҷониби давлат қадр мешавад, ин ҳам ифтихори бузург ва ҳам масъулияти нав барои фаъолияти минбаъда мебошад.


Маҳмадалӣ МАҲМАДАЛИЗОДА, коргузори ҶДММ «Бунёди асри 21» дар НБО «Роғун»