Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши муҳимро ба ҷо оварда, бо нашри маводи таҳлилӣ дар таблиғу ташвиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд. Бо чопи маводи танқидӣ, таваҷҷуҳи мақомоти марбут ва ҷомеаро ба рафъи нуқсонҳои ҷойдошта ҷалб месозанд.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат инро хуб мефаҳманд ва мақолаҳои нашршуда, махсусан дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», батабърасидаро нисбат ба шаҳри мо хуб қадр мекунанд. Мо онҳоро чун баҳо ба фаъолияти худ қабул мекунем. Дар нишастҳои матбуотие, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мунтазам мегузаронад, масъалаи бамиёнгузоштаи рӯзноманигорон бе баррасӣ намемонад.
Дар мақолаи «Шаҳри Ваҳдат. Фармони 622 иҷро намешавад. Чаро?», ки 11 апрели соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, зикр гардидааст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба мақолаҳои танқидии рӯзнома вокуниш нишон намедиҳад ва нуқсонҳои баёншударо ҳам рафъ намесозад. Ба унвони мисол, мақолаҳои «Ваҳдат. Коргоҳро бастанду 30 нафар бекор монд, чаро?» (17 январи соли 2023) ва «Хатҳои уфуқӣ. Чаро дар шаҳри Ваҳдат ба он аҳамият намедиҳанд?» (6 феврали соли 2023) оварда шудаанд, ки эрод дуруст аст. Дар ҳақиқат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба мақолаҳои мазкур вокуниш надодааст. Чаро? Зеро сабабҳои камбудиҳои дар мақолаҳо матраҳгардида дар худи навиштаҳо зикр шудаанд – яке баста шудани коргоҳ бо сабаби ба фурӯш нарафтан ва рақобатпазир набудани маҳсулоташ ва дигаре барқарор нагаштани хатҳои уфуқӣ дар роҳҳо бо сабаби камбудиҳои молиявӣ, ки аз забони роҳбарони муассисаҳои дахлдор оварда шудаанд. Ин ҳолат ҳоло низ, боқӣ мондааст. Фақат ҳамин, ки соҳибкор А. Нарзиқулов («Ваҳдат: коргоҳро бастанду 30 нафар бекор монд, чаро?») ба ҷойи корхонаи дӯзандагии басташуда (бояд гуфт, ки то ин дам вай ду сол бефосила фаъолият дошт) дар дигар маҳалҳо коргоҳҳои саноатӣ бунёд кардааст. Мо ба чунин қарор омадем, ки дар ин маврид вокуниш додан маъние надорад ва он такрори гапҳои мақола мебуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат рафъи нуқсонҳои мазкурро доимӣ таҳти назорат дорад.
Дар оянда низ, баҳри пешрафт ва шукуфоии диёри азизамон зери сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат омода аст бо рӯзноманигорон пайваста дар иртибот бошанд.
М. И. Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат