Баргашт Чоп кардан

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 613; с. 2012, № 8, мод. 826) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 1 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Системаи», «системаро», «системаи», «системаҳои», «Системаи» «маҷмӯи», «маҷмӯъ», «мӯҳлати», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд» ва «қаламрави» мувофиқан ба калимаҳои «Низоми», «низомро», «низоми», «низомҳои», «Низоми», «маҷмуи», «маҷмуъ» «муҳлати», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд.
3. Ба қисми 2 моддаи 3 сархатҳои якум, дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- қонуният;
- шаффоф ва ошкоро будани баҳодиҳии мутобиқат;
- баробарии ҳамаи тарафҳои манфиатдор дар раванди баҳодиҳии мутобиқат;».
4. Дар сархати чоруми моддаи 6 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- декларатсиякунонӣ.».
5. Қисми 2 моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат дар шакли коғазӣ ва электронӣ тартиб дода шуда, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд.».
6. Ба моддаи 8 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ барои афзун намудани шаффофият ва самаранокии фаъолият оид ба баҳодиҳии мутобиқат;».
7. Ба моддаи 11 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
- ташкил кардани такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон;».
8. Аз сархати панҷуми моддаи 15 калимаи «инчунин» хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои «оид ба аккредитатсия» аломат ва калимаҳои «, инчунин тартиби дастрасӣ ба маълумоти санҷишӣ оид ба аккредитатсия» илова карда шаванд.
9. Ба қисми 1 моддаи 24 пас аз калимаҳои «дархосткунандаи сертификатсия» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
10. Ба қисми 1 моддаи 26 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- усулҳои муосири санҷишӣ, аз ҷумла санҷиши автоматикунонидашуда ва фосилавиро истифода намоянд;».
11. Ба матни моддаи 30 пас аз калимаи «музднок» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, № 2345


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, № 516


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №265


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, № 3, мод. 212; соли 2023, № 4-6, мод. 165) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи «маъдани» ба калимаи «кандании» иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- истихроҷи нафт ва газ – маҷмуи равандҳои технологӣ ва истеҳсолӣ, ки бо гирифтани нафт, газ ва конденсат аз қаъри замин алоқаманд мебошанд;»;
- сархатҳои чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- кони нафт ва газ – ҷамъи карбогидридҳо, ки аз як ё якчанд қабат ва анбуҳҳои нафтугаздор иборат аст;
- коркарди нафт ва газ – раванди истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ;
- истеҳсол – раванди истихроҷ, коркард ва интиқоли карбогидридҳо;
- маҳсулоти нафтӣ – маҳсулоте, ки дар раванди коркарди нафти хом ё гази табиӣ ба даст оварда мешавад;
- карбогидридҳо – нафти хом ва гази табиӣ;».
2. Ба моддаи 4 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Истифодабарандаи қаъри замин барои бехатарии техникӣ ва экологии иншоотҳо, аз ҷумла ҳамаи чоҳҳои нафтугазии қаблан муваққатан боздошташуда ё аз эътибор соқитшудае, ки дар қитъаи иҷозатномашудаи онҳо қарор доранд, масъул мебошад.».
3. Ба моддаи 5 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тартиби гузаронидани мониторинги давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи қаъри замин;».
4. Ба сархати ҳафтуми моддаи 6 пас аз калимаи «барҳамдиҳӣ» калимаи «, барқароркунӣ» илова карда шавад.
5. Дар моддаи 8:
- ба сархати чорум пас аз калимаи «чоҳҳо» калимаи «, конҳо» илова карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз гардида, сархатҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- дар ҳолати ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи амалкунандаи истихроҷи кони карбогидриддор лоиҳаи такмилдодашударо пешниҳод намояд;
- мутобиқи қонунгузорӣ баҳисобгирии ченак ва озмоиши карбогидридҳоро бо мақсади коркард, ҳисоботи иқтисодӣ ва андозбандӣ амалӣ намояд;
- баҳисобгирии дурусти истихроҷ, коркарди карбогидридҳо, пешбурди дафтари истеҳсолии ҳаррӯза.».


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, № 2346


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2026, №537


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи нафт ва газ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №266