Агар холисона назар афканем, хоҳем дид, ки маориф нисбат ба солҳои қаблӣ хеле пеш рафтааст. Ин дигаргуниҳоро мо – омӯзгорон бештар эҳсос менамоем. Ҳатто дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар мактабҳои наву замонавӣ бунёд меёбанд, ки ин боиси дастрасии хонандгон ба таҳсилоти босифат мегардад. Зери маҳфуми таҳсилоти босифат, аслан, таҳсилоте дар назар аст, ки дар он хонанда аз шароити хуби таҳсил бархӯрдор бошад.
Албатта, дар ин гуна таҳсилот савияи дониши омӯзгор низ бояд баланд бошад ва аз уҳдаи истифодаи технологияи нав баромада тавонад. Вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотӣ бояд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилоти рақамӣ гузаранд. Дар ин сурат, пайвастан ба шабакаи интернет ҳатмист. Бо ин роҳ шароит фароҳам меояд, ки ба китобхонаҳои электронӣ дастрасӣ дошта бошем. Барномаҳои таълимӣ низ таҷдид шуданд. Ҳоло мувофиқи барнома, як силсила фанҳои аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ба ҳам наздик, ба таври ҳамгиро таълим дода мешаванд, ки ин сарбории хонандагонро осон менамояд. Фанҳои “Санъати тасвирӣ” ва “Таълими меҳнат”, ки мақсаду вазифаи онҳо ба хонандагони хурдсол нахуст оид ба санъати тасвирӣ додани малакаҳои аввалин, дарки зебоиҳои табиат, доштани муносибати эҷодкорона ба фаъолият, тасаввуроти ибтидоӣ оид ба санъати рассомӣ, маҳорати аввалини кор бо қаламу мӯйқалам, хаткашӣ аз рӯйи қолаб, рангмолӣ дар рӯйи коғаз, тасвири шакли ашё, фарқ кардани рангҳо, ҷойгиршавии чизҳо дар масофаи дуру наздик, нақш дар коғаз ва матоъ, буридани коғаз ва матоъ, бо ширеш ва пластилин васлкунии ҷузъҳои ашё ва, ба ин восита, сохтани шакли ашёи гуногун ва гулмонӣ иборат буд, якҷоя бо номи “Санъат ва меҳнат” барои хонандагони синфи як тадрис мегардад. Китоби “Санъат ва меҳнат” дар асоси усули ҳамгиро таҳия шудааст. Дар раванди дарсҳои фанни мазкур хонандагон бо хоҳиши худ расм мекашанд ва дар заминаи он ашё месозанд ва гулмонӣ мекунанд ё баръакс.
Мувофиқи барномаи таълимӣ, дар нимсолаи аввал, ки хонандагони синфи 1 савод меомӯзанд, дар китоб супоришҳо ва тарзи иҷрои онҳо ба воситаи расмҳо ифода ёфтаанд, то супоришро мувофиқи лаҳзаҳои дар расм инъикосёфта иҷро кунанд. Тавре дар пешгуфтори китоб омадааст: «Мақсади тадриси фанни “Санъат ва меҳнат” дар синфи 1 айнан тасвир намудани ашё ё сохтани шакли он набуда, балки дар афкори хонандагони хурдсол ҳосил кунондани тасаввуроти ибтидоӣ оид ба тасвир ва шакли ашёст».
Воқеан, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки роҳандозии чунин усул ба манфиати кор аст. Пеш аз ҳама, ба боло бурдани маҳорати эҷодии хонандагон мусоидат менамояд. Яъне, хонанда аз ибтидо, ҳанӯз ҳини таҳсил дар синфи як андеша кардан ва кори мустақилонаро меомӯзад. Чунин дигаргуниҳои барои хонандагон муҳимро дар китобҳои синфҳои болоӣ низ, метавон мушоҳида кард.
Масълаи дигаре, ки зикри онро муҳим медонам, ин аст, ки ҳоло Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамаи китобҳои дарсиро дар шакли электронӣ омода намуда, дар сомонаи худ ҷо додааст. Инро низ метавон як навъ дастрасӣ ба таҳсилоти босифат арзёбӣ кард, зеро дар сурати зарурӣ ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда метавонанд аз шакли электронии китоб истифода баранд.
Муборак БОЙКУЗИЕВА, омӯзгори МТМУ №14, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ