![]()
30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт як қатор иншооти нави истеҳсоливу хизматрасониро ба истифода доданд.
Ифтитоҳи Маркази аутизм ва оғози сохтмони Маркази трансплантология
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Маркази аутизм дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд ва бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.
Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд гардидааст. Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистикӣ, синдроми Дауна, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гипперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар марказ рушди малакаҳои ҷисмонӣ, муошират ва нутқ, амал ва рафтор, ҳаракатҳои хурду калон, рушди равонӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад. Маҷмаа бо назардошти талаботи фаъолияти муассисаҳои махсус бунёд гардида, барои ташкили хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад. Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 200 мутахассиси ин соҳа бо кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом дар баробари рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор низ мусоидат менамояд.
Дар Марказ ҳафт шуъбаи соҳавӣ фаъолият намуда, самтҳои ташхис, дахолати бармаҳал ва дастгирии оила, тавонбахшӣ, қабули рӯзона, кор бо наврасон, инчунин, омӯзиш ва машваратдиҳии волидонро фаро мегирад. Чунин сохтори фаъолият имкон медиҳад, ки ба ҳар кӯдак вобаста ба хусусиятҳои инкишоф ва ниёзҳои фардиаш хизматрасонии мувофиқ пешниҳод шавад. Ҳамчунин, волидон метавонанд аз машварату роҳнамоии мутахассисон баҳра гирифта, барои дастгирии фарзандонашон донишу малакаи зарурӣ пайдо намоянд.
Муассиса дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, 40 ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ду толори маҷлис бо 90 ва 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра барои қабули волидони кӯдакони табобатгиранда, ошхона барои 50 нафар ва ду ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудааст. Дар саҳни Муассиса суҳбаткадаҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудаанд, ки барои истироҳат, фароғат ва ташкили машғулиятҳои беруназсинфии онҳо пешбинӣ шудаанд.
Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо имконияти муосир аз ҷумлаи муассисаҳои махсуси соҳа ба ҳисоб рафта, барои беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои зарурӣ ва дастгирии оилаҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад. Пас аз шиносоӣ бо Муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро идомаи мантиқии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар арзёбӣ намуданд.
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, Марказ бо назардошти талаботи муосири соҳаи тиб тарҳрезӣ гардида, барои ташхису табобати беморон, гузарондани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва пайванди узвҳою бофтаҳо, нигоҳубини беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо пешбинӣ шудааст.
Тибқи лоиҳа, бинои Марказ аз 15 ошёна иборат буда, дар қисми болоии он майдончаи махсус барои нишасту парвози чархбол пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмуъ, дар бино 377 ҳуҷраи функсионалӣ ҷойгир карда мешавад, ки барои ташхису табобат, гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ, корҳои озмоишӣ, нигоҳубини беморон, фаъолияти маъмурӣ ва хизматрасониҳои дигар истифода хоҳанд шуд. Ҷойгиркунии бахшу шуъбаҳо дар ошёнаҳои алоҳида бо назардошти таъиноти онҳо ва таъмини робитаи байниҳамдигарии қисматҳои гуногуни Муассиса ба нақша гирифта шудааст. Дар Марказ 19 бахши асосии функсионалӣ пешбинӣ гардида, дар он озмоишгоҳҳои махсус, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва нигоҳубини интенсивӣ, маъмурият, кафедра, инчунин, бахши ҷарроҳиҳои инноватсионӣ ва омехта ҷойгир карда мешаванд.
Бунёди чунин маҷмааи бисёрсамтаи тиббӣ барои муттаҳид намудани имконияти ташхис, табобат, ҷарроҳӣ, нигоҳубини интенсивӣ ва назорати ҳолати беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ дар як муассиса шароити мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии беморон ба хизматрасониҳои мураккаби тиббӣ равона шудааст.
Мувофиқи нақша, корҳои сохтмонии Маркази трансплантология дар давоми ду сол ба анҷом расонда мешавад. Сарвари давлат пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшаванда ва таъмини сифати корҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи Маркази аутизми шаҳри Душанбе ва оғози сохтмони Маркази трансплантология бозгӯи идомаи тадбирҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва тиббии кишвар арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки амалӣ гардидани ин иқдомҳо барои беҳтар намудани шароити ташхису табобат, тавонбахшии кӯдакони дорои ниёзҳои махсус ва хизматрасонии муосири тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар Маркази аутизми шаҳри Душанбе барномаи электронии “е-тиб” муаррифӣ шуд, ки ба рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ, худкорсозии равандҳои корӣ ва баланд бардоштани сифату самаранокии хизмат ба шаҳрвандон равона гардидааст. Барномаи мазкур имкониятҳои корти электронии бемор, дорухати электронӣ, навбати электронӣ ва сабти фосилавӣ барои қабули табибонро фароҳам меорад. Татбиқи он ба сарфаи вақт, такмили фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои босифат мусоидат менамояд.
Корхонаи “Разес Фарма” ба истифода дода шуд
30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Разес Фарма”-ро дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино мавриди истифода қарор доданд.
Ифтитоҳи корхона дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими амнияти дорувории кишвар, иқдоми муҳим ба шумор меравад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкониятҳои истеҳсолӣ, технологияҳои истифодашаванда, навъҳои маҳсулот ва дурнамои рушди минбаъдаи он маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, ин ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон буда, соли 2022 таъсис ёфтааст ва татбиқи лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Разес Фарма” моҳи майи соли 2024 оғоз гардидааст.
Дар марҳалаи аввал чор хат ба кор даромада, истеҳсоли 100 номгӯйи доруворӣ ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхона ба 1 миллиарду 400 миллион қурс, 300 миллион ғилофак, 21 миллион воҳиди доруҳои моеъ барои истифодаи берунӣ ва 13 миллион воҳиди малҳам, крем ва гел баробар мебошад. Тибқи нақша, дар оянда, номгӯйи маҳсулоти корхона то ба 250 намуд расонда мешавад.
Ҳамчунин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи амалисозии марҳалаи дуюми лоиҳа муаррифӣ карда шуд. Дар марҳалаи навбатӣ бунёди коргоҳи нави истеҳсолӣ дар масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ бо сармоягузории зиёда аз 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи ин марҳала 150 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсоли доруҳои моеъ дар ампулаҳо ба 85 миллион ва доруҳо дар зарфҳои калони пластикӣ ба 40 миллион расонда шавад.
Гуфта шуд, ки татбиқи пурраи лоиҳа барои коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз воридоти доруворӣ, васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар имконияти бештар фароҳам меорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини сифат ва бехатарии доруворӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва татбиқи саривақтии марҳалаи дуюми лоиҳа дастуру тавсияҳо доданд.
Корхонаи дару тирезаҳои ҶДММ “Тамдид”
30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тамдид” дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши иқтидори саноатии кишвар, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва таъсиси ҷойҳои корӣ бунёд гардидааст. Дар корхона таҷҳизоти муосир барои истеҳсол ва васлу насби дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ аз Италия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст. Корхона дорои чор хатти худкори истеҳсолӣ буда, иқтидори он дар як баст то 100 адад маҳсулотро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, деворҳои шишагии калонҳаҷм, системаҳои фасадӣ, дарҳои даромадгоҳӣ ва дигар намуди маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Ҳамчунин, маҳсулот мутобиқи андоза ва талаботи фармоишгар омода гардида, васлу насби он низ аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Дар раванди истеҳсолот ба риояи талаботи технологӣ ва назорати сифати маҳсулот дар ҳамаи марҳалаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Таъкид шуд, ки фаъолияти корхона ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва фароҳам овардани замина барои рушди минбаъдаи содирот мусоидат хоҳад кард.
Ифтитоҳи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахти кишвар дар самти рушди саноат, густариши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои корӣ иқдоми муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи марҳалаи дуюми лоиҳа ташкили коргоҳи муосири коркарди шиша низ пешбинӣ гардидааст. Иқтидори истеҳсолии марҳалаи дуюм дар як сол 36 ҳазор дона шишаро ташкил дода, 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Коргоҳи нав бо хатҳои муосири автоматикунонидашудаи истеҳсолӣ, ки аз Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд, муҷаҳҳаз гардида, коркарди шиша, буридан, сӯрохкунӣ, суфтакунии канорҳо, инчунин герметиккунонии шишапакетҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба роҳ монда мешавад. Сатҳи худкорсозии равандҳои истеҳсолӣ дар ин марҳала 80 фоизро ташкил дода, имконият медиҳад, ки шиша бо андозаи то 6х3 метр ва ғафсии то 60 миллиметр тавлид карда шавад.
Муаррифии 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ
30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як қатор лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, логистикӣ, кишоварзӣ ва тиббӣ шинос шуда, барои бунёди чанд иншооти муҳим санги асос гузоштанд.
Дар маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Сино ба сохтмони маҷмааи муосири логистикӣ ва истеҳсолии ҶДММ “Ёвар” оғоз бахшида шуд. Лоиҳа таъсиси маркази истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва иншооти коркарду бастабандии меваю сабзавотро дар бар гирифта, пас аз татбиқи пурраи он 930 ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Ҳамчунин, ба сохтмони корхонаи нави истеҳсоли техникаи маишии ҶДММ “Артел Авесто Электроникс” санги асос гузошта шуд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав беш аз 500 ҳазор техникаи маишӣ дар як солро ташкил дода, дар он таъсиси 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин маҳалла, лоиҳаи корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Хонаи ман” низ муаррифӣ гардид. Корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосир дар як сол имкони истеҳсоли 10 ҳазор миз, 5 ҳазор рахти хоб, 4 ҳазор ҷевон, 4 ҳазор курсии гуногун ва 5 ҳазор таҷҳизоти тиббиро дошта, пас аз ба истифода додани он 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Дар баробари ин, ба бунёди Маркази агрологистикӣ оғоз бахшида шуд, ки барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Иқтидори Марказ дар як вақт нигоҳдории то 2 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил дода, фаъолияти он ба коҳиш додани талафоти маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии кишоварзон ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи бунёди сардхонаи ҶДММ “Мармарӣ” бо ғунҷоиши 2 ҳазор тонна маҳсулот низ муаррифӣ гардид. Иншооти мазкур бо таҷҳизоти муосири нигоҳдорӣ муҷаҳҳаз шуда, барои ҳифзи сифати маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат пешбинӣ шудааст. Бо мавриди истифода қарор додани он 240 ҷойи кори доимӣ таъсис хоҳад ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо, ба масъалаи истифодаи технологияи муосир, таъмини сифати корҳои сохтмонӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ гардид.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи ҳафт лоиҳаи муаррифишуда дар маҷмуъ таъсиси зиёда аз 3 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ гардидааст.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Radisson Collection Dushanbe”
30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи муосиру бошукӯҳи “Редиссон Коллекшн Душанбе”-ро (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори “Редиссон Коллекшн Душанбе” 11-уми июли соли 2019 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ гардида буд. 4-уми сентябри соли 2019 бошад, Пешвои миллат дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 21-ошёна санги асос гузоштанд.
Маблағгузорӣ барои бунёди иншооти замонавию бузург аз ҳисоби даромади ширкати “Себистон-2018”, ки роҳбариашро соҳибкори муваффақи ватанӣ Саид Холов ба уҳда дорад, амалӣ гардидааст.
Дар шафати бинои меҳмонхона, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари дорои апартаментҳои резиденсӣ ва дафтарҳои корӣ бунёд шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии бинои меҳмонхона 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 206 ҳуҷра, аз ҷумла 50 ҳуҷраи категорияи люкс барои 150 нафар, 23 суперёр, 78 стандартӣ, 2 ҳуҷра барои шахсони имконияташон маҳдуд ва 3 апартаменти президентӣ иборат аст. Ҳуҷраҳои президентӣ бо истифода аз санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оро ёфтааст. Дар маҷмуъ, меҳмонхона наздики 260 ҷойи хоб дорад.
Дар меҳмонхона зиёда аз 400 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Бо назардошти марказҳои савдову тиҷорат, ки дар 4 ошёнаи поёнии бино ҷойгиранд, дар таҳхона ва се ошёнаи боло, дар умум 1500 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад. Дар вақти сохтмони иншоот 500 коргар муваққатан ба кор ҷалб гардид.
Дар ҷараёни бунёди иншоот дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири муаррифии ҳарчи бештари фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷикон коргарон ба сифати корҳо, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори мардумӣ, санъати наққошию кандакорӣ, гаҷкорӣ, рангубор ва масолеҳи сохтмонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд. Бо завқу салиқаи баланд оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намудааст. Хосса, шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати меҳмонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншооти мазкур дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ сохта шудааст. Сохтмони маҷмааи мазкур идомаи корҳои ободониву созандагӣ мебошад ва бунёди он бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хиёбони марказӣ бо намои зебову муосир, ба ҳусни пойтахт зебогии дигар зам кардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастурҳои раҳнамунсози Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуд.
Сарвари давлат баъди шиносоӣ бо маҷмааи Меҳмонхонаи наву замонавии “Редиссон Коллекшн Душанбе” ба соҳибкори ватандӯст, роҳбари ширкати ватании “Себистон-2018” Саид Холов барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, масъулони меҳмонхонаро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, суннатҳои баланди меҳмондории тоҷикон ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар пойтахт зиёда аз 2500 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин, дар 7 корхонае, ки имрӯз сохтмонашон бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, дар зарфи яку ним сол боз 3000 ҷойи кории дигар муҳайё мешавад.