(ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ)
Баистифодадиҳии МТТХ «Ғунчаи баҳор»
2-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор» дар ноҳияи Шаҳристонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ мегардад. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия, рушди зеҳнию ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ва имкониятҳои муосир таъмин мебошад.
Дар Муассиса кӯдакон дар панҷ гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи лоиҳа, толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхонаи барҳавою муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаҳои бозӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо завқи баланди зебоипарастӣ бунёд ёфтаанд.
Барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар Муассиса гурӯҳҳо ва маҳфилҳои гуногуни инкишофдиҳанда, аз ҷумла китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар, ташкил шудаанд. Дар раванди таълиму тарбия ба рушди нутқ, тафаккур, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Бинои Муассиса бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва муосир бунёд ёфта, намои зебо ва муҳити дилнишин дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз Муассиса, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкоронро дар самти бунёди чунин иншооти замонавии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ба истифода додани Муассисаи нави томактабӣ дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва омодасозии насли оянда ба шумор меравад.
Ифтитоҳи 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ
2-юми ноябр зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бунёд ёфт, ифтитоҳ намуданд. Майдони Парчами давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон эъмор гардид. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идома Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳристонро оғоз бахшиданд. Бинои нав дорои 17 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 6 ташхисгоҳ, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Фаъолияти Марказ ба таҳкими назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузарондани ташхисҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, бинои чойхонаи миллӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат ифтитоҳ шуд. Чойхонаи мазкур нахустин чунин иншоот дар деҳаи Ободӣ буда, бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ бунёд ёфт. Он барои истироҳату фароғати сокинон ва баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.
Дар идома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти фермаи чорвопарварӣ, ки дар деҳаи Ободӣ бунёд гардид, расман оғоз бахшиданд. Дар ферма барои нигоҳубину парвариши чорвои зотӣ шароити зарурӣ муҳайёст. Таъкид гашт, ки фаъолияти иншооти истеҳсолӣ метавонад дар рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор саҳми назаррас гузорад.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62, воқеъ дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ гардид. Гуфта шуд, ки ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтарсозии шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати фарогирии хонандагон бо таълиму тарбияи босифат муҳим мебошад.
Дар ноҳияи Айнӣ, инчунин, ду иншооти муҳими иҷтимоӣ: Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаҳои умед» ва маркази фарҳангӣ дар деҳаи Шамтуч мавриди истифода қарор гирифтанд.
Кӯдакистони «Шукуфаҳои умед» бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд ёфта, барои 60 тарбиятгиранда пешбинӣ мегардад. Дар Муассиса барои таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маркази фарҳангӣ бошад, бо мақсади ташкилу баргузории чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон бунёд шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нозанин»-ро, ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бунёд гардид, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шуда, дар он ҷиҳати таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам аст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»
Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразода сохта шуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.
Бинои литсей мутобиқ ба талаботи соҳаи маориф сохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзиш ва иншооти ёрирасон мебошад. Шароити мавҷуда ба ташкили раванди самараноки таълим, аз худ намудани донишҳои назариявию амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар Муассиса барои ташкили машғулиятҳои фаннӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи муосир шароити зарурӣ фароҳам аст. Майдончаи варзиш барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди қобилияти ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Муассиса, 25 омӯзгор бо кор таъмин шуд.
Инчунин, дар назди литсей маҷмааи варзиш бунёд ёфт, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва обутоби бадан пешбинӣ мегардад.
Толори хуштарҳи маҷмаа барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар фасли сармо мусоид аст. Толори обутоби бадан қисми дигари ин маҷмаа мебошад, ки бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз буда, шароити хубро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок» дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таҳсин хонданд.
Гузоштани санги асос барои бунёди ду корхона
2-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан санги асос гузоштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди гӯшту шир бо таъсиси 25 ҷойи кор ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо фароҳам овардани 15 ҷойи кор бунёд мешаванд. Ҳадафи бунёди ин корхонаҳо рушди саноати маҳаллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат мебошад. Инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия муҳим дониста шуд.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ барои таҳкими иқтидори саноатии ноҳияи Шаҳристон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва обҳои ташнагишикан метавонад барои қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ ба маҳсулоти воридотӣ мусоидат намояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бунёди иншоотро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Иштироки Сарвари давлат дар Иди картошка
2-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, пешниҳод гардид. Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Таъкид шуд, ки ноҳияи Шаҳристон бо назардошти иқлими мусоид яке аз минтақаҳои муҳими картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот, давоми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 740,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 73,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16,7 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт шуданд.
Ба Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон масоҳати кишти картошка 3 ҳазору 229 гектарро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 56 ҳазору 394 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 12 дарсад зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз беҳтаршавии ҳаҷми истеҳсол ва рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон шаҳодат медиҳад.
Гуфта шуд, ки афзоиши истеҳсоли картошка барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади нигоҳ доштани ин раванд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат, беҳтарсозии низоми обёрӣ ва татбиқи усулҳои муосири парвариши картошка муҳим шумурда шуд.
Тибқи иттилои масъулон, дар баробари картошкапарварӣ, дар ноҳияи Шаҳристон истеҳсоли дигар маҳсулоти кишоварзӣ идома дошта, давоми соли ҷорӣ 31 ҳазору 870 тонна ғалладонагӣ, 5 ҳазору 952 тонна сабзавот ва 2 ҳазору 962 тонна меваҷот истеҳсол гардид. Инчунин, ба ҳолати 1-уми октябри соли равон дар майдони 2 ҳазору 774 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд.
Зимни шиносоӣ бо дастранҷи кишоварзон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватаниро аз самтҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ намуда, барои амалисозии он ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Ифтитоҳи бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»
2-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов дар доираи тадбирҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 4 ҳазору 284 метри мураббаъ бунёд гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 500 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ таъмин шуд. Иншоот аз 18 ошёна ва инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар қабатҳои якуму дуюм маркази савдои «Ширин» бо 120 ҷойи кор ва мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ бо 60 ҷойи кор ташкил гардид. Инчунин, қаҳвахона бо 60 ҷой дар ошёнаи якум пешбинӣ мешавад. Маҷмаа, ҳамчунин, дорои толори машқу тамрин, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, тарабхона, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.
Дар иншоот 6 лифт, аз ҷумла 2 лифти панорамавӣ ва 6 эскалатор насб гардидааст. Дар маҷмуъ, баъди ба истифода додани маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» зиёда аз 250 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад. Дар саҳни иншоот гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шуда, фаввораҳо бунёд ёфтаанд ва ҳамаи ин ба симои шаҳр ҳусни тоза мебахшад. Барои фароғати меҳмонон ва бошандагон нишастгоҳҳо, майдончаҳои бозии кӯдакона низ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ба соҳибкорони ватанӣ миннатдорӣ баён дошта, онҳоро ба идомаи бунёдкорӣ баҳри пешрафту тараққиёти Ватан ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин, дар гӯшаи дигар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд, ки бозгӯ аз таърихи пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик ва маҳсули ҳунармандони шаҳри Истаравшан мебошанд.
Ифтитоҳи 12 иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ ва саноат
2-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид гардид, ки иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва саноат, беҳтарсозии шароити зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд.
Дар доираи ин сафар марҳалаи дуюми сохтмони бинои нави устохона-озмоишгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ»-и шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур барои омӯзиши 18 ихтисоси марбут ба ҳунарҳои мардумӣ пешбинӣ мешавад. Дар бино намоишгоҳ бо масоҳати 220 метри мураббаъ ташкил гардида, беш аз 700 намунаи маҳсулоти дастӣ аз рӯйи 16 номгӯйи ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.
Дар идомаи иқдомҳои созандагӣ дар соҳаи маориф бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52, воқеъ дар деҳаи Болғарии деҳоти Қалъача, мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ барои таҳсили 510 хонанда дар ду баст пешбинӣ гашта, дорои 24 синфхона мебошад. Дар он 51 омӯзгор бо кор таъмин шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии «Шукронаи истиқлол» барои қабули 150 кӯдак дар панҷ гурӯҳ ба истифода дода шуд. Бо таъсиси Муассиса, 23 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Ҳамчунин, дар шаҳраки Истаравшани деҳоти Зарҳалол бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ифтитоҳ ёфт. Муассисаи таълимӣ барои 760 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Дар идомаи ин иқдомҳои созандагӣ дар ҳамин деҳа Муассисаи таълимии томактабии «Нурофар» мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, раванди таълиму тарбия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Инчунин, дар маҳаллаи Курушкада дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 бинои нави иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд. Бино барои таҳсили 984 хонанда дар ду баст пешбинӣ гашта, аз нуҳ ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин, Муассисаи томактабии хусусии «Сомониён» ба истифода дода шуд. Иншоот бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Раҳмат Ҳамдамов бунёд ёфта, барои фарогирии 150 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ мегардад. Кӯдакистон дорои 15 ҳуҷра ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар Муассиса 22 мутахассиси соҳа ба фаъолият ҷалб гардид.
Ҳамчунин, дар деҳаи Руғундии деҳоти Сабристон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 мавриди истифода қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки Муассиса барои таҳсили 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Дар бино 22 синфхона, аз ҷумла 10 кабинети фаннӣ ва ҳуҷраи маркази инкишофи кӯдак, ҷойгир шудаанд. Ҳоло дар он 62 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул аст.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубаст ва коркарди меваи хушки ҶДММ «Кишмиши Истаравшан»-ро низ мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт. Иншоот ба коркард ва бандубасти меваи хушк нигаронда шудааст.
Дар баробари ин, корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Сими стандарт» ифтитоҳ гардид. Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Маҳмудов бунёд шуда, барои соҳаи сохтмон маҳсулоти зарурӣ истеҳсол менамояд. Дар он анбори захираи ашёи хом, сехҳои коркарди маҳсулот, бандубаст, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маҳсулот ҷойгиранд.
Гуфта шуд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои рушди иқтидори саноатии шаҳри Истаравшан, истифодаи самараноки имкониятҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор муҳим мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои мазкур маркази нави саломатӣ дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан низ ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ аз ҳашт ҳуҷраи корӣ иборат аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази нави саломатӣ 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд.
Таъкид гардид, ки бунёди иншооти нави иҷтимоию истеҳсолӣ дар шаҳри Истаравшан қадами муҳим дар самти ободонии маҳал, рушди инфрасохтор, беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ва хизматрасонии тиббӣ, тақвияти иқтидори саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор ба шумор меравад.
Ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшура
2-юми ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич ташриф оварда, дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов дар ҳамовозӣ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ то ҳадди ниҳоӣ ва тақвияти ҳаҷми содироти маҳсулот, ба монанди афшура, нӯшоба, мураббо ва дигар намуди консерваи меваю сабзавот, ба хориҷи кишвар бунёд ёфт.
Таъкид гардид, ки татбиқи ҳамаҷонибаи ин ҳадафи созанда аз ҷониби соҳибкор дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсолӣ боиси таъсиси ҷойҳои нави кор шуда, ба сифати зиндагии сокинони маҳал таъсири мусбат мерасонад.
Иттилоъ доданд, ки дар корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки аз давлатҳои Олмон ва Италия дастрас ва васл шудааст, аз тариқи ду хатти технологӣ дар як сол имкони коркарди 7 ҳазору 200 тонна меваю сабзавот мавҷуд аст. Бо истифода аз имконияти фароҳамгардида, танҳо дар як соат метавон 2 ҳазору 700 литр афшураю нӯшобаҳои софи табииро бе иловаи шакар ва об истеҳсол намуд. Афшураю нӯшоба аз 30 намуди меваю сабзавот истеҳсол мешавад.
Дар ҳудуди корхона барои қабул, нигоҳдории ашёи хом, инчунин, маҳсулот сардхона ва иншооти ёрирасон бунёд ёфт.
Тавре ба Сарвари кишвар иттилоъ доданд, меваю сабзавот ва полизиҳо, асосан, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов таъмин ва то марҳалаи ниҳоӣ коркард шуда, маҳсулот мутобиқ ба талаботу меъёрҳои муқарраргардидаи бозори ҷаҳонӣ дар зарфҳои шаклу андозаашон гуногун пешниҳоди харидорон мешавад.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани заминаи устувор барои истеҳсоли маҳсулот дар ҳамин мавзеъ бо саҳми соҳибкор дар масоҳати 5 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид.
Ҳоло дар ин корхона 60 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин ва баъди ба фаъолият пардохтани марҳалаи дуюм шумораи коргарон ба 100 нафар расонда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи муассис ва масъулини соҳаи саноати ноҳияи Деваштичро ҷиҳати истифодаи бомавриди имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат, воридоти сармоя, афзалият дар истифодаи технологияи муосир, коркарди ашёи хом то марҳалаи ниҳоӣ ва тақвияти ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхона иқдоми муҳим дар самти коркарди ҳамаҷонибаи маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ заминаи созгор фароҳам меорад.
Баистифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро ки бо саҳми мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ дар шаҳраки Баҳористони деҳоти Яхтан бунёд шуд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаб барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхона ва кабинетҳои фаннии барҳавою муҷаҳҳаз иборат мебошад. Дар Муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июли соли 2026 оғоз ёфта, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, аёниятҳои хониш ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад.
Саҳни Муассиса бо роҳравҳои зебо ва гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкан сабзкорию ороста гаштааст.
Омӯзгорону хонандагони Муассиса ва сокинони шаҳраки навбунёди Баҳористон аз мавриди истифода қарор гирифтани ин боргоҳи илму маърифат бо шароити муосири донишомӯзӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.
Кушодашавии корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»
3-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Райан» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро ба истифода доданд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари кишвар иттилоъ доданд, ки иқтидори технологияи насбшуда истеҳсоли 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи кор муҳайё гашт.
Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад. Оби нӯшокии алоэ-вера барои рӯдаю меъда хусусияти табобатӣ дорад ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар хатти якуми технологӣ зарф бо андозаҳои гуногун ва дар хатти дуюм маҳсулоти ташнагишикан истеҳсол мешавад.
Гуфта шуд, ки ҶДММ «Райан» дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба бахши хусусӣ аз ҷониби Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо бунёд шуд. Технология аз Италия, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ барои табодули таҷриба ва истеҳсоли маҳсулоти босифат дар корхона мусоидат мекунад.
Корхона аз ду хатти технологӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои корию маҷлисгоҳи бинои маъмурӣ мутобиқ ба талабот шароити мусоид фароҳам аст.
Таъсиси корхона имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли оби нӯшокии алоэ-вера дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва вобастагӣ аз воридоти ин намуди маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба кор ва ноил шудан ба саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи муфид аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар МОИ «Суғд» 29 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, соли равон аз ин шаҳраки саноатӣ ба 12 давлати дуру наздик маҳсулот содир шудааст.
Дар МОИ «Суғд» дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 485 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ифтитоҳи бинои тарабхонаи «Форел платинум»
3-юми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои тарабхонаи «Форел платинум» дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти хуштарҳи замонавӣ дар соҳили Сирдарё бо иқдоми ҶДММ «Гулмоҳии Хуҷанд» ва соҳибкори ватандӯст Муҳсин Шодиев бунёд гардид.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки тарабхона ва базмгоҳ бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сангҳои мармар бунёд ёфта, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, тӯйи домодию арусӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва хизматрасонии сатҳи баланд пешбинӣ шудааст.
Дар тарабхонаи «Форел платинум» мутахассисон ва пазандаҳои моҳир, асосан, гулмоҳӣ, хӯришҳо ва дигар навъҳои хӯроки милливу аврупоиро ба таври дудпаз, бирён ва обпаз ба меҳмонону сайёҳон пешниҳод менамоянд.
Иттилоъ доданд, ки дар баробари ошпазҳои корозмуда ва моҳири маҳаллӣ, ошпазҳои соҳибкасб аз дигар кишварҳо низ ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар тарабхонаи «Форел платинум» дастгоҳу таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, сарднамоӣ ва ҳавокашии «Чиллер» аз хориҷи кишвар ворид шудааст.
Дар тарабхона, ҳамчунин, нонвойхона фаъолият менамояд, ки дар он маҳсулоти гуногуни нонӣ бо таъму лаззати хос пешниҳоди мизоҷон мегарданд.
Гуфта шуд, ки «Форел платинум» сеюмин тарабхонаест, ки бо иқдоми созандаи соҳибкор Муҳсин Шодиев таъсис ёфт. Яке аз он тарабхонаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, соҳили дарёи Душанбе ва дутои дигар дар соҳили Сирдарё қомат афрохта, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.
Барои истироҳати меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир қаиқҳо низ фаъоланд, ки бо майлу хоҳиши сайёҳон қаиқронҳо метавонанд барои сайругашти обӣ ба онҳо хизмат намоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз ҷониби сокини шаҳри Хуҷанд устои гаҷкор Мирзораҳим Қодирӣ қаиқи наву замонавӣ дар муддати як сол сохта шуд, ки барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир омода аст. Сарвари давлат ба иқдоми созандаи Мирзораҳим Қодирӣ баҳои баланд дода, ба ӯ ва масъулон дастуру тавсия доданд, ки дар оянда истеҳсоли навъҳои гуногуни қаиқҳоро ба роҳ монанд, то аз чунин маҳсулоти ватании сифати баланд дар ҳамаи рӯдҳои калон ва обанборҳои кишвар истифода шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро дар ободонии Ватан намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид сохтанд, ки дар баробари ҷалби ошпазҳои соҳибкасби хориҷӣ, ба масъалаи тайёр кардани ошпазҳои моҳири сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ низ диққати ҷиддӣ диҳанд ва хизматрасониву ҷалби сайёҳонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи «Форел платинум» 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев (марҳалаи 1), таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (марҳалаи 2), мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё (марҳалаи 3), таҷдиди хиёбони Истиқлол (марҳалаи 4) муаррифӣ шуд.
Иттилоъ доданд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.
Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб мешавад.
Дар марҳалаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор дар назар аст.
Дарозии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳар ду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа, насби лӯлаҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафтуомади бемамонияти сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд, ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва китобхонаи вилоятӣ, чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи «Ҳилтон», маҷмааи меҳмонхонаи «Истиқлол» ва навсозии меҳмонхонаи «Хуҷанд» дар шаҳри Бӯстон, муаррифӣ шуд.