21-26-уми октябр дар шаҳри Душанбе VIII Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» гузашт, ки дар он ҳунармандони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок карданд.
Ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе дар ифтитоҳи Фестивал намоиши «Роҳе, ки мо ба ёд дорем» ва дар ҷамъбаст намоиши «Қиссаи Рустам»-ро аз «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ пешниҳод намуданд. Театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Бӯстон ва Бохтар бо намоишҳои «Шоҳзодаи афсунзада» ва «Алиҷон ва хирс» ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ намоишҳои «Қиссаҳои қадим» (Туркманистон), «Пӯст ва варзиш» (Қазоқистон), «Малика ва нахӯд ё панҷ шаби беохир» (Русия) ва «Тойча» (Ӯзбекистон)-ро ба саҳна гузоштанд.
Иштирокчиён ва ҳунармандони фаъол барои саҳмашон дар рушди санъати театрӣ ва иштироки фаъолона қадр шуданд.
Ба гуфтаи муовини директори Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Ҷӯрахон Сафаров, Фестивал барои табодули таҷриба, тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамкории эҷодӣ байни театрҳои лӯхтаки кишварҳо мусоидат мекунад. Иштирок дар чорабинӣ, инчунин, ба ҳунармандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи ҳамкасбони хориҷиашон ошно шуда, маҳорати касбии худро такмил диҳанд.
Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак – «Чодари хаёл» соли 2007 таъсис ёфта, ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик ва тарбияи эстетикии насли наврас аст.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”