Баргашт Чоп кардан

ҶУДО


4 медали паҳлавонони кишвар дар аввалин Гран-прии ҷавонон


24 - 25-уми октябр шаҳри Душанбе мизбони аввалин Гран-прии ҷудо миёни ҷавонон шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 227 варзишгар аз 19 давлат иштирок кард. Ҷумҳурии моро 41 паҳлавон намояндагӣ карда, ба гирифтани 4 медал- 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ даст ёфтанд. Медали тиллоро Ворис Назаров дар вазни - 73 кг сазовор шуд. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даврҳои минбаъда бар варзишгарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Миср ва дар финал бар паҳлавони Русия ғолиб омад. Мадина Қурбонзода дар вазни - 52 кг медали нуқра гирифт. Мадина бар намояндагони Гамбия, Қазоқистон, Ӯзбекистон дастболо шуда, дар финал аз варзишгари Русия шикаст хурд. Медалҳои биринҷиро Шокир Ғойибов дар вазни -60 кг ва Зикриаллоҳ Шарипов дар вазни- 81 кг ба даст оварданд.
Ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим гардид. Ғолибон бо 1800 евро, барандагони медали нуқра бо 900 евро ва медали биринҷӣ бо 450 евро қадр гардиданд.


3 медал дар Гранд-слами Абу-Забӣ
29-31-уми октябр мусобиқаи навбатӣ аз Сайри ҷаҳонии ҷудо – Гранд-слами Абу-Забӣ доир гашт, ки паҳлавонони мо сазовори 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гаштанд.
Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо маълумот додааст, дар мусобиқа 374 варзишгар аз 59 давлат ширкат кард. Федератсияи ҷудои кишвар як ҳайати 13-нафариро ба АМА сафарбар кард: Меҳрзод Сӯфиев, Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода, Сарвар Абдушукуров (-66 кг), Бинёмин Назиров, Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Абубакр Боқиев, Суннатулло Мусоев (-81 кг), Умар Расулов, Музаммир Каримзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев, Парвиз Абдураҳмонов (+100 кг).
Медалҳои нуқраро Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -60 кг ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни -73 кг ба даст оварданд. Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни -66 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ба ғолибон дар баробари медал, ҷоизапулӣ тақдим гашт: ҷойи аввал – 5000 евро, ҷойи дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 евро.


ФУТБОЛ
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон- ғолиби Чемпионати ҷаҳон - 2026 ва фестивали ФИФА
Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар доираи фестивали ФИФА нахустин Чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола баргузор шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа, дастаи наврасони кишвар (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсуфов ғолиби дивизиони Tier «D» гардид.
Дар марҳалаи чорякниҳоӣ наврасони тоҷик мунтахаби Литваро бо ҳисоби 5:2, дар даври нимниҳоӣ бар тими Ҷумҳурии Доминикан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, дар финал мунтахаби Канадаро бо натиҷаи 4:2 шикаст доданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”