Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ноҳияи Ванҷ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаю самаранок ва ҳифзи замин вазифаи ҳар як саҳмдор буда, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, ба он зич алоқаманд аст. Бинобар ин, хоҷагидорон ба парвариши зироатҳои серҳосилу муфид, аз қабили картошка ва ғалладонагиҳо, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, кишти саривақтӣ ва босифати онҳоро таъмин мекунанд.
Бояд гуфт, ки аз нимаи моҳи сентябр дар ноҳияи Ванҷ маъракаи киштукори тирамоҳӣ оғоз гардид. Ин тадбир яке аз корҳои муҳими мавсимӣ ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо аҳамияти калон дорад.
Соли ҷорӣ дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 180 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд. Дар шароити кӯҳистон он бо назардошти хусусиятҳои иқлимӣ, намнокии хок ва муҳлати фарорасии сармо ба роҳ монда мешавад. Иҷрои саривақтии шудгор ва кишт заминаи мусоидро барои сабзишу инкишофи зироатҳо фароҳам меорад.
Кишти тирамоҳӣ дар ноҳия сол ба сол аз ҳисоби заминҳои партов ва бекорхобида зиёд мегардад.
Сари вақт гузарондани шудгор, риояи муҳлати кишт, интихоби тухмии хушсифат ва истифодаи дурусти нуриҳои минералӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат мекунад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият",
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор