Ба муносибати 95-солагии таъсисёбии рӯзномаи “Бадахшон” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, собиқадорони соҳаи матбуот, намояндагони мақомоти давлатӣ ва аҳли эҷод иштирок намуданд.
Ҷашни 95-солагии рӯзнома на танҳо арҷгузорӣ ба фаъолияти чандин насли рӯзноманигорон, балки бозгӯйи роҳи тайкардаи нашрия дар инъикоси таърихи сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят арзёбӣ гардид.
Зимни муаррифии таърихи рӯзнома ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки нашрия аз соли 1931 фаъолият дошта, дар марҳалаҳои гуногун бо номҳои “Бадахшони сурх”, “Бадахшони советӣ” нашр шуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо номи “Бадахшон” ба табъ мерасад. Ҳар як давраи фаъолияти рӯзнома саҳифае аз таърихи вилоят буда, маводи дар бойгонии он маҳфузмонда барои омӯзиши дигаргуниҳои ҷомеа аҳамияти хос дорад.
Рӯзномаи “Бадахшон” нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ буда, ҳар ҳафта маводи марбут ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоятро пешкаши хонанда менамояд. Дар тули фаъолияти худ нашрия ҳамчун яке аз минбарҳои иттилоотии минтақа дар инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва бозтоби масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа саҳм гузоштааст.
Шарифхон Сафарзода зимни суханронӣ саҳми ҳайати эҷодиву техникии рӯзномаи “Бадахшон”-ро дар инъикоси сиёсати давлатӣ ва равандҳои рушди вилоят муҳим арзёбӣ намуд. Ба таъкиди раиси вилоят, дар шароити имрӯза пешниҳоди саривақтӣ ва босифати иттилоот, омода намудани маводи ҷолибу таҳлилӣ ва инъикоси воқеии ҳаёти ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими рӯзноманигорон ба шумор меравад.
Дар идома собиқадорони соҳа низ дар бораи роҳи тайкардаи рӯзнома, таҷрибаи фаъолияти эҷодӣ ва саҳми он дар ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии вилоят андешаҳояшонро баён дошта, барои дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити фаъ- олият ба давлату Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос намуданд.
Як қатор кормандони рӯзномаи “Бадахшон” барои фаъолияти пурсамари касбию ҷамъиятӣ, ҳамкории судманд бо мақомоти давлатӣ, инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии вилоят ва саҳмгузорӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ бо ифтихорномаи МИМҲД ВМКБ қадр гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба бархе аз собиқадорони соҳа медали ҷашнии 100-солагии матбуоти тоҷик супурда шуданд. Аз номи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода низ барои ҳамкории судманд дар самти рушди воситаҳои ахбори омма дар вилоят медали ҷашнӣ тақдим гардид.
М. МУҚАДДАМОВА, “ҶУМҲУРИЯТ”