Бардоштҳо аз самараи ташрифҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ (ш. Хоруғ, 27 – 28.09.2026)
Ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба хотири шукӯҳбахшӣ ба тантанаҳои таҷлили
35-умин солгарди Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, боз тамоми минтақаро ба фазои комилан идона табдил дод. Ин фазо бо ифтитоҳу оғози фаъолияти қариб сад иншооти саноатӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, мулоқотҳои самимӣ бо мардум, чорабиниҳои бошукӯҳи идона ва суханрониҳои раҳнамоибахши Роҳбари давлат расман анҷом ёфта бошад ҳам, вале дар дилҳо ва таассуроти мардум ҷойгоҳи хоси худро барои муддатҳо боқӣ гузошт.
Ҳамчун як сокини ин сарзамини дурдаст ман низ ақибмондагии вилоятро ба мисли дигарон ба тақдир ҳавола мекардам ба чунин пешрафту шукуфоии бадастомада бовар надоштам. Вале, бо ба сари қудрат омадани як марди воқеан, худодод бо исми Эмомалӣ Раҳмон дар шароити сангине, ки нобудӣ миллату давлати тоҷиконро таҳдид мекард, пеши роҳи онро тавонист бигирад. Бо талошу пайкор ва аз худ гузаштанҳои зиёд масъулияти ҳифзи марзу буми аҷдодиву миллати парешонгаштаро бар дӯш гирифт ва муваффақ ҳам шуд, ки Тоҷикистонро аз харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун оварад. Дар андак фурсати таърихӣ эҳёи он барояш муяссар гардид ва дар дили мардуми ҷафодидааш умед ба ояндаи шукуфону некро бедор намуд. Кишвари бехазинамондаро қадам ба қадам, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ба қатори давлатҳои дар ҳоли рушд расонд, мақоми волои ин миллати куҳантамаддун ва дар сатҳи башарӣ тамаддунсозро амалан эҳёву бо пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазоворашро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор кард ва садҳо иқдомоти бузурги дигар дар раванди татбиқ мебошанд. Ин гӯшаи дурдасти беш аз шаш моҳи ҳар сол дар бунбастқарордоштаро бо сохтани шоҳроҳи замонавӣ, ки ҳеҷ кас, аз ҷумла роҳбарони он замони кишвар, онро амри маҳол, дур аз воқеияти муҳандисӣ медонистанд, ба пойтахту манотиқи дигари кишвари азиз пайванди доимӣ дод.
Ниҳоят, замоне ки бо роҳбарии Сарвари давлат, дар маркази Хоруғ биноҳои 9 – 16 ошёна ва дар маркази ноҳияҳо идораҳои маъмурӣ ва сохтмони манзилҳои иқоматӣ бунёд ёфтанду ба Хоруғ парвозҳои ҳавопаймо барқарор шуданд, Роҳбари давлат тамоми ҷаласаҳои Ҳукумати кишварро аз шунидани ахбор дар мавриди вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии Бадахшони кӯҳистон шуруъ мекунанд ва бо ин ҳама ғамхориҳояшон ба мардуми минтақаи мазкур иттилоъ медиҳанд, ки санги асоси оғози таҳаввулоти азими ин минтақаи таърихан аз назарҳо канормонда, гузошта шуд.
Шахсан, камина ҳамеша мушоҳида мекардам, ки ҳар ташрифи Сарвари давлат дигаргуниҳои куллиро ба ин минтақаи саропо кӯҳӣ ва дурдаст ба армуғон овардааст, ки воқеан ҳам, собиқа надоранд ва нодида гирифтани чунин созандагиҳову бунёдкориҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бархе носипосист, содатар карда, гӯем, ноҷавонмардист.
ТАШРИФИ САРВАРИ ДАВЛАТ КАФИЛИ СУБОТУ ШУКУФОӢ ВА ДИДАНИ УФУҚҲОИ НАВИ ПЕШРАФТ АСТ
Дар тафовут бо роҳбарони қаблӣ роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистони озоду мустақил Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз аз соли 1993, замоне ки дар саросари кишвар, бахусус дар Бадахшон одитарин қонун амал намекард ва кафолати камтарин бехатарии ягон шахс вуҷуд надошт, сафарҳояшонро бо мулоқотҳои самимӣ бо мардуми вилоят анҷом медоданд, ки нишони сарсупурдагиашон ба дурдасттарин, душвордастрастарин гӯшаи хоки сарзамини аҷдодӣ ва сокинони ҷафодидаи он буд. Ман сафарҳои Сарвари давлатро шумурдам, беш аз 70 маротиба аст ва итминони комил пайдо кардам, ки ин нишонаи таваҷҷуҳ ва муҳаббати хоси Сарвари давлат ба ин сарзамини пурасрори ба ном Бадахшон мебошад, зеро он як гӯшаи воқеан, пур аз асрор ва бостонии ин сарзамини қадима аст.
Ҳамчун шоҳиди, лаҳзае аз ин мулоқотҳои таърихии Сарвари давлатро, ки 18 сол қабл (2008) дар маркази вилоят доир шуда буд, ба ёд оварданиям. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо самимияту муҳаббати ба худ хос бо тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла бо онҳое, ки зери таъсири ҳар гуна идеологияҳои ғаразноки неруҳои дохилу хориҷӣ монда буданд ва ба давлати тозаистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона мухолифатҳои манфиатхоҳона доштанд, мулоқоти бародарона, падарона ва хеле ошкоро доир карданд. Дар ин мулоқоти ба ҳадафҳои ояндаи миллӣ нигарондашуда, аввалтар аз ҳама, ба зарурати пойдории қонун ва ваҳдати миллӣ, ки барои давлати ҷавони дар иҳотаи манфиатҳои мухталиф, дар муҳити воқеии ҷаҳони ғайриқобили пешгӯиҳо ва муташанниҷ осебпазир боқӣ монда, аз хатару таҳдидҳо, ташвишҳо аз ояндаи миллату кишвар бо забони ому сода таъкидҳои мушаххас баён мекарданд. Ҳатто ба бархе аз мухолифони сиёсати давлат, ки зери таъсири идеологияҳои гуногун монда буданд ва суботи ҷомеаро ҳам халалдор мекарданд, бародарвор суҳбат карда, таъкид намуданд, ки ба хотири таҳкими қонуният ва поягузории аркони давлат, дар баробари хатарҳои зиёди таҳдидкунанда, бо ҳам, якҷо, ба манфиати умум пеш рафтан ягона роҳи наҷот мебошад. Истиқлоли давлатиро ҳамчун шанси ягонаи таърихии ҳифзи сарзамини аз империяҳои бузург андакмондаро пас аз ҳазорсолаҳо набояд аз даст диҳем, парешону саргардону бе сарнавишт шавем ва ниҳоят беному нишон монем.
Шоҳид будам, ки Роҳбари давлат барои наздикшавии мавқеи тарафҳо чи қадар сабру таҳаммул, гузаштҳо мекарданд, ҳар гуна роҳи дар он замон имконпазирро меҷустанд, то ки ҳамаи тарафҳои “дигарандеш”, ки, аслан “сиёсаташон дар атрофи манфиатҳои шахсӣ ва ғояҳои иртиҷоии бегонагон мечархид”, ба ҳам наздик шаванд. Ба ҳамаи онҳое, ки манфиатҳояшонро аз манофеи умум боло гузоштанӣ мешуданд, тамоми кирдорҳои номатлуби гузаштаашонро бахшиданд ва имконоти мавҷударо барои ба зиндагӣ бозгаштан ошкоро баён карданд. Аз ҷумла, барои саркардагони ин гурӯҳҳо ба маблағҳои калон додани қарзҳои имтиёзнокро дастур доданд, то ки ба ҳаёти осоиштаи ҷомеа ворид шаванд, ҷомеаи худро барои худу ояндагони худ обод созанд...
Дар урфият мақоле аст: “панҷ ангушт баробар нест” ва ин, ҳамзамон, ишораест ба гуногунандешӣ дар афкори ҷомеа, ки падидаи муқаррарӣ ва шарти пешрафту шукуфоии бештари ҳар ҷомеа ҳам мебошад, аммо ба шарте ки агар ин гуногунбинӣ ба самти мусбату созандагӣ равона шуда бошад. Вале ин “ангуштони нобаробар” набояд ба сӯрох кардани девори хонаҳои худии бо ҳазорон мушкилу ҷабрҳо бунёдшуда пардозанд. Шояд иддае ҳанӯз ҳам дар “паноҳгоҳҳое” бошанд, ки аз ин муносибати муҳаббатомези дуҷонибаи мардуми мушкилписанди Бадахшон ва Пешвои миллат, ки самарааш имрӯз зиндагии орому шукуфо ва фараҳовар аст, нороҳатанд.
Аз нокомӣ ва бохти худ, пеш аз ҳама, бар асари буғзу кина ҳатто хурсандии мардуми худро дидан намехоҳанд ва бо ҳар баҳона неш заданӣ ҳам мешаванд, ки баъзан аз дурҳо, садоҳое низ ба гӯш мерасанд. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки барои ин амалҳои зидди мардумӣ, тавре мегӯянд хеле дер шудааст, зеро мардум воқеиятҳои кишвари озодро мисли Офтоби дурахшон мебинанд ва онро бо домани кӯтоҳ пӯшида ҳам намешавад. Ба назар мерасад, ки мардуми кишвар ҳама гуна ҳамлаҳои иттилоотиву лафзӣ, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба муқобили сиёсати мадании давлат, ба ваҳдати миллӣ равона шудаанд, аз ин пас бо мақоли мардумии “саг меҷакаду корвон ба роҳаш меравад “, бидуни шарҳи изофӣ ҷамъбандӣ мекунанд.
ЁДЕ АЗ МУЛОҚОТҲОИ ҚАБЛИИ ПЕШВО БО МАРДУМ
Аз мулоқоти навбатӣ бори дигар мусбатназарии Пешвои миллат, самимияти хосашон ба ин гӯшаи Ватани азиз ва сокинонашро бо чашми дил эҳсос кардем ва мехоҳам як нуктаеро ҳамчун эҳсоси шахсӣ ба дигарон баён намоям. Барои камина боиси ифтихоранд ва унвону мақомҳои сарфарозгаштаи Сарвари давлатамон, воқеан, арзандаву шоистаанд, бахусус мақоми Пешвои миллат азизтар ва дилнишинтар аст, вале, ба назари ман ба он калимаи “мардумиро” илова намудан лозим аст, яъне Пешвои мардумии миллат Эмомалӣ Раҳмон мегуфтему менавиштем боз ҳам самимитару гуворотар мешуд. Шоири маъруфи миллат устод Бозор Собир Пешвои мардумӣ будани Роҳбари мамлакатро басо дақиқ тасвир кардааст: “...Минбараш партаи мактаб, минбараш аз дарзаи деҳқон, чеҳрааш – чеҳраи халқӣ ва дар рӯйи ӯ рӯйи миллӣ ва нури миллиро ҳамебинам...”, ки ба тафсире эҳтиёҷ надорад.
Дар суханроние, ки 14-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Хоруғ доир шуд, Сарвари давлат, Пешвои мардумии миллат, бо ҳамон самимияти хос, покдилӣ ва мардуммеҳвариашон ба сокинони вилоят тавсия доданд, ки дар зиндагӣ аз неъматҳои он беҳтар баҳра баранд, барои худу ояндагони хеш шароити зисти беҳтар созанд, хонаҳои нав бо шароити беҳтар бунёд кунанд, то дар ҳаёташон роҳати бештар дошта бошанд.
Чизи дигари ҷолиб ин аст, ки дар тамоми сафарҳояшон дар манотиқи Бадахшон, Пешвои миллат аз субҳ то шом дар байни мардум буданд, хастагиро эҳсос накарданд ва бори дигар ин неруи фикриву ҷисмонии хоси Сарвари давлатро нишон дод. Ҳангоми мулоқот, ки боду ҳаво босуръат тағйир мекард, ёварони Роҳбари давлат ба эшон гузориш доданд, ки ҳаво пас аз чанд соат боронӣ мешавад ва парвозро мушкил месозад, Президент дар ҷавоб гуфтанд: “Борон шавад дар ҳамин Хоруғ мешинам ва аз ин ҷо роҳбарӣ мекунам ва ё агар зарурате пеш ояд, бо мошин меравам... Мисли дигарон...”.
ТАҚОЗОИ АСЛИИ ПЕШВО АЗ МО ЧӢ АСТ?
Пешвои миллат аз авзои норавшану печидаи ҷаҳони муосир, муборизаву рақобати шадидтаршудаи абарқудратон ҳамеша таъкид мекунанд, ки аз кишварҳои тоза ба озодӣ расида, сокинони он зиракиву иттиҳоди сартосарӣ ва воқеиро бештар аз пеш тақозо мекунад.
Дар чунин вазъи ҷаҳон, посухи давлати ҷавони мо, ба тамоми ин таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ, дар мақоми аввал гузоштани ҳифзу таҳкими дастовардҳои давлатдории худӣ, ҳамчунон, зарурати саҳми бамаротиб бештар ва амалии ҳар фарди ин сарзамин, дар таҳкими ваҳдати комил,сарсупурдагӣ ва садоқати қалбӣ ба Ватани аҷдодӣ, ба миллатро ба миён овардааст, ки он дар айни ҳол, тақозои ягонаи Пешвои миллат аз мо мебошад.
Дар зимн, бо истифода аз фурсат, як бардошту мушоҳидаамро, ки ба дақиқ будани он ҳам даъво карданӣ нестем, ишора менамоям. Иддае аз мардум ё ба ин фазои орому созандаи Ватани озоди худ, ё хеле одат карданд ва онро муқаррарӣ мебинанд ва, ё ба воқеиятҳои ҷомеаи худ дар ҷаҳони воқеӣ бетарафона назар мекунанд, ки дар мавридҳое тааҷҷубовар ҳам ба назар мерасад. Аммо як нукта возеҳ аст, ки нисбати таҳдидҳову хатарҳо ва осебпазирии ҷомеаи худ ҳатто агар эҳтимолӣ ҳам бошанд, набояд назорагари бепарво ва бетараф буд, ки оқибатҳои хеле ногувор ва гарон дар пай дошта метавонад. Барои чунин мушоҳидакорони беамал байтеро аз осори Иқболи Лоҳурии машҳур ёдрас карданием;
Сипар аз даст маяндоз, ки ҷанг аст ҳанӯз,
Лолаи ин чаман оғушта ба ранг аст ҳанӯз.
Пирӯзии комил танҳо дар ҳолате таъмин хоҳад шуд, ки агар дар кишвар сулҳу субот, оромӣ, қонун ҳукмфармо ва ваҳдати сартосарӣ, пойдор бошанд.
МУЛОҚОТИ ОХИР БО САМИМИЯТУ ИНТИЗОРИҲОИ БЕОХИР
Зимни ташрифи навбатии Пешвои миллат ба Бадахшони бостонӣ дар соли махсус, таҷлили 35-умин солгарди Ҷашни умумимиллӣ, Истиқлоли давлатӣ, қариб сад иншооти таъиноти гуногун дар ҳудуди вилоят ифтитоҳ гардид. Аммо нуктаи хоси ин ташриф ба назари мо як туҳфаи хоси дигар ҳам барои мардум буд, ки хурсандии онҳоро хеле афзуд. Пешво тайёраи нави муосир бо номи “Бадахшон”-ро, ки худашон мусофири рақами яки он буданд, ба сокинони вилоят ҳадия карданд ва ба ҳамин тариқ, сароғози парвозҳои мунтазамро байни вилояту маркази мамлакат ва минтақаҳои дигари кишвар шуруъ намуданд, ки ҳадияи мазкури Пешвои миллат нишонаи огоҳии комил аз таваҷҷуҳи хосашон ба мушкилоти сокинони ин минтақаи дурдасту кӯҳсор ва мардуми душворписанди он мебошад.
Ҳамчунон, ёдбуди хос аз хизматҳои раиси ҷавонмарги вилоят Алишер Мирзонабот аз забони Пешвои миллат дар ҷаласаи расмӣ бо фаъолону намояндагони тамоми минтақаҳои вилоят, воқеан ҳам, шуниданӣ буд, ки аз сарсупурдагӣ, садоқати хос барои адои хизмати Ватану миллат, бо қадрдонии хос ёд карданд ва дастур доданд, ки мактаби навсохтаи замонавии № 6-уми маркази вилоят ба номи ӯ гузошта шавад. Ин амали хирадмандона ва инсонгароёнаи Пешвои миллат нишонаи хоси самимияти Пешво дар баробари фарзандони содиқи Тоҷикистони навин, ба мисли А. Мирзонабот мебошад, ки дар қалбҳои мардум ҷойгоҳу эҳтироми сазовор гирифт.
Қадами мубораки Пешвои миллат дар роҳи иттиҳоди мустаҳкамтари ҷомеа дар баробари ҳар гуна чолишҳои замон ва шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон барои тамоми сокинони сарзамини бостонӣ мисли ҳамеша хуҷаста ва фархунда мебошад. Умедворем Худованд ҳамаи моро то ташрифи навбатии Пешвои миллат, ки онро хурду бузурги ин гӯшаи кӯҳсорони кишвар ҳамеша бесаброна интизоранд, расонад. Умедворем, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ба созандагиҳои бештар, бо натиҷаҳои баландтар, ба хотири дастрасӣ ба ормонҳои тиллоии миллӣ, яъне доштани давлати озоду пешрафта дастовардҳои афзояндаи истиқлол таҳкими мақоми болотари он дар тамаддуни башарӣ, зиндагии орому шоистатару ояндаи дурахшонтар хоҳем расид.
Дар фарҷом бардошти дигареро, ҳамчун беҳтарин намунаи пайравӣ аз тамаддуни антиқаи Чин, ки панҷ арзиши муҳимро ҳамчун муқаддасот парастишу арҷгузорӣ мекунанд, хеле кӯтоҳ зикр менамоям: осмон, замин-модар, волидайн, устод ва ниҳоят Пешво нақши ҳимоятгари марзу буми сарзамини аҷдодӣ, шарафу номуси сокинон, ҳифзу тақвияти тамаддуни он ва ба самти рифоҳ ва пешрафт сарҷамъ кардан ва раҳнамоии ояндаи шукуфои онро ба уҳда дорад. Шохиси хоси ин тамаддуни антиқаи чинӣ ва тамаддунҳои дигар, устувории ҳар ҷомеаву давлатро дар ҳар давру замони таърихи башар нишон дода, барои ҷомеаи мо ибрати омӯзандаву муҳим боқӣ мемонад ва набояд кам дида шавад.
Шиори руҳбаландсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон ба пеш” ба мисли ҳамеша, дар ин ташрифи навбатӣ дар Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, ки ба мисли раҳнамоии умедворкунанда ва сарҷамъкунанда, дар дилу мағзи сокинони баномуси мамлакат ҷо гирифта аст, боз ҳам дар ҳар гӯшаи ин сарзамин садо дод, ки дар асл ба як барномаи муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикистониёни дохилу хориҷ ҳам табдил ёфтааст.
Бори дигар марҳабо Пешвои мо, ҳамеша интизори Шумоем!
Ҳақназар ИМОМНАЗАР,
сокини ш. Хоруғ,
ходими илмии Институти
илмҳои гуманитарии АМИТ