Нишондодҳои ҳашт моҳи соли равон дар соҳаи обёрии минтақаи Кӯлоб беҳтар гардида, таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полизӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора Нуралӣ Муминов, сардори Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт.
Номбурда афзуд, ки дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро сармашқи кори хеш намуда, тибқи нақша-чорабиниҳои тирамоҳию зимистонӣ, корҳои муайянеро ба сомон расондаанд. Дар ин давра 148 километр шабакаҳои обдиҳӣ (100 фоизи нақша) ва 96,4 километр заҳбуру заҳкашҳо (101 фоизи нақша) тоза карда шуданд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ниҳод таъмири дастгоҳҳои обкашӣ мебошад. Дар ин замина, 65 дастгоҳи обкашӣ аз таъмир бароварда шуд, ки 103 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ҳоло 44 техникаи соҳа дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибати офатҳои табиӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба иттиҳодияҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа сӯзишвории дизелӣ, арматура, симтӯр ва семент дастрас намуданд.
Корҳои соҳилбандӣ дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.
Як қатор мушкилоте вуҷуд доранд, ки бояд онҳоро масъулон ҳал намоянд. Масалан, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҳаққи хизматрасониро пурра пардохт намекунад. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳодия ба дастгирии молиявӣ ниёз дорад. Маблағҳо барои тармими техникаҳои таъмирталаб, хариди қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданӣ ва барқарории иншооти аз офатҳои табиӣ зарардида заруранд. Инчунин, баъзе иншооти гидротехникӣ фарсуда гаштаанд. Вале сарфи назар аз ин мушкилот, иттиҳодияҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб кишоварзонро бо оби полизӣ пурра таъмин менамоянд.
Нуралӣ Муминов гуфт, ки хуб мешуд дар оянда масъулон ҳангоми пешниҳоди лоиҳаҳои дохилию инвеститсионӣ дар ҳар лоиҳа ворид намудани 1-2 техникаи кории муосирро ба нақша гиранд.
Суннати СОДИҚ,
“Ҷумҳурият”