Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Аз нуқтаи назари назарияи сармояи инсонӣ, сармоягузорӣ ба маориф заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Дар ин замина, омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тавлидгари неруи зеҳнӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба шумор меравад.
Тағйироти босуръати асри XXI – рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ нақши омӯзгорро сифатан тағйир медиҳанд. Ӯ аз интиқолдиҳандаи иттилоот ба роҳнамои донишандӯзӣ табдил меёбад. Се салоҳияти калидии омӯзгори муосир чунинанд: саводи рақамӣ, қобилияти ташкили муҳити интерактивии таълим, рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаи таҳлили мустақилонаи хонандагон. Аз ин рӯ, такмили пайвастаи тахассус шарти ҳатмии фаъолияти касбӣ мегардад.
Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати марҳалавии баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон амалӣ гардида истодааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро муқаррар менамояд. Баланд гардидани эътибори иҷтимоӣ ба баландшавии самаранокии фаъолияти таълимӣ мусоидат мекунад.
Дар шароити муосир омӯзгорон бо сарбории зиёди таълимӣ, тағйироти стандартҳои таълимӣ ва таъсири муҳити иттилоотӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Бартарафсозии ин мушкилот сиёсати ҳамоҳангшудаи давлатӣ, рушди фарҳанги худомӯзӣ ва такмили ихтисоси пайвастаро талаб менамояд. Таҳкими мақоми омӯзгор бояд дар се сатҳ амалӣ гардад: касбӣ (рушди тахассус), иҷтимоӣ, қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ.
Наҷиба МУСТАФОЕВА,
омӯзгори МТМУ №6, ноҳияи Айнӣ