Баргашт Чоп кардан

РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ – ҶАШНИ ҚОНУНСОЛОРӢ


Ба муносибати таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии миёнаи касбӣ, собиқадорон ва дигар меҳмонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби арзишҳои конститутсионӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани эҳтироми насли ҷавон ба муқаддасоти давлатӣ баргузор шуд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат дар муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Қабули ин санади сарнавиштсоз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурги сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувор гузошт.
Устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо роҳбарии директори таълимгоҳ Разоқзода Салоҳидин Шамсидин дар чорабинӣ иштирок карда, бо маҳорати баланди ҳунарӣ ва омодагии хуби эҷодӣ саҳнаи идонаро зеб бахшиданд. Рақсҳои миллӣ, сурудҳои ватандӯстона ва таронаҳои ватандӯстонаро ҳозирон гарм истиқбол намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои муаррифии истеъдоду маҳорати донишҷӯён ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар ҷиҳати рушди қобилияти ҳунарии онҳо мусоидат менамояд.


Миралӣ ВОҲИДОВ,
омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов