Баргашт Чоп кардан

ИФТИТОҲИ МДТЛ «ДУРАХШАНДАГОН»


10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Муассисаи давлатии таълимии литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуданд.
МДТЛ «Дурахшандагон» дар шаҳри Душанбе дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзиш барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад. Гуфта шуд, ки дар Муассиса барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам аст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва «зеҳни сунъӣ» хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули довталабон ба тариқи озмун ва супурдани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад. Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он, тибқи талабот, барои зисти наврасон шароит фароҳам мебошад. Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шуд. Ҳамчунин, 3 майдончаи варзиш барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду волейбол бунёд гардид, ки ба тарбияи ҷисмонии наврасон мусоидат мекунад.
Зикр шуд, ки бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани шароити зарурии таҳсил натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлат ба ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта мусоидат мекунад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи волояти қонун ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, наврасон аз хурдӣ дар ин Муассиса бояд бо донишу ҷаҳонбинии мукаммал, садоқат ба пешаи пуршарафи хизматчии низомӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба камол расанд.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат масъулони Вазорати корҳои дохилӣ ва омӯзгоронро барои истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшуда, бо усулҳои муосири педагогию низомӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расондани хизматчиёни ояндаи низомии кишвар вазифадор намуданд.


ИФТИТОҲИ 8 ИНШООТИ ВКД
10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 8 иншооти соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Нахуст, маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони ВКД ифтитоҳ гардид.
Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бунёд гардид.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар марҳалаи аввал се қисмати ин биноҳо мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дорои 80 манзили истиқоматист.
Марҳалаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак аз иншооти дигаре буд, ки ба истифода дода шуд. Иншоот бо дастгирии Ҳукумати кишвар ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳбуди саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо эъмор гаштааст. Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари диёр – соҳили дарёи Вахш, ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад.
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави қисми мустақили 42-юми ҳарбикунондашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Панҷро ба истифода доданд.
Бино бо мақсади беҳтарсозии шароити хизматӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани имконоти мусоид барои фаъолияти самараноки ҳайати шахсии қисми оташнишонӣ бунёд ёфт. Иншоот дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуда, дар он барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити зарурии кору хизмат фароҳам оварда шуд. Он дорои ҳуҷраҳои хизматӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Ҳамчунин, барои нигоҳдории се нақлиёти махсуси оташнишонӣ мошинсаройи махсус бунёд ёфт.
Ҳамчунин, бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дидбонгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҳайати шахсӣ, таъмини саривақтии вокуниш ба ҳодисаҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода, инчунин, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва молу мулки онҳо таъсис ёфт. Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурии хизматӣ мебошад.
Дар идома ба Сарвари давлат воситаҳои нақлиёти оташнишонии тамғаи ХОВО, ки аз ҷониби корхонаи маҷмуи васли нақлиёти оташнишонии сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ истеҳсол гардид, намоиш дода шуд. Корхонаи воҳиди давлатии маркази васлу насби нақлиёти оташнишонии назди сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гашт. Он ба васлу омодасозии воситаҳои наклиёти махсуси оташнишонӣ дар базаи шассиҳои ХОВО машғул мебошад. Истеҳсол ва васли ин техника дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки хариди воситаҳои нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ кам шуда, ҷузъу томҳои сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ сари вақт бо техникаи муосири ватанӣ таъмин шаванд.
Дар ин рӯз бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили Рости шаҳри Хуҷанд низ мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва иншооти ёрирасон мебошад. Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани чунин бинои замонавӣ барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти кормандони милитсия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва тақвияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин, дар ин ҷо, бинои маъмурии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Шаҳритуси шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунёди иншооти мазкур дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандон амалӣ гардидааст. Таъмини кормандони милитсия бо шароити арзандаи корӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии қонунвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ шуд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки бунёди чунин иншооти муҳим бозгӯ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба таҳкими заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои кормандони милитсия мебошад.


ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
10-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфтанд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад. Яъне, милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст.
Дар фароварди сухан Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки кормандони мақомот ва сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва касбияти баланд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳамеша омода хоҳанд буд.