![]()
Дар тақвими миллии Тоҷикистон санаи 16-уми ноябр – Рӯзи Президент ҷойгоҳи вижа дорад. Ин рӯз на як санаи маъмулӣ ва на ҷашни фардӣ, балки нуқтаи гардиши куллӣ дар сарнавишти як миллат ва оғози интихоби огоҳонаи таърихист, ки поя дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии кишвар дар Қасри Арбоб ва савганди таърихии соли 1994-ро дорад.
Таърихи мардуми мо на маҷмуи содалавҳонаи солномаҳо, балки пайдарпайии фоҷиаҳои сангин ва эҳёҳои ҳайратангез аст. Ҳар боре ки дунёи куҳан фурӯ мерехт, ин қавм аз умқи шикасту парокандагӣ неруи тоза гирифта, ҳувияти худро аз нав месохт. Эҳёи нахустин давлати бузурги Сомониёнро ба вуҷуд овард, ки дар он шамшери Исмоили Сомонӣ ва шеъру ҳикмати устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қолаби тамаддуни ҷадидро рехтанд. Эҳёи дувум, пас аз ҳамлаи валангоркунандаи муғулҳо, бо номи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ гиреҳ хӯрд; мутафаккире, ки бо устувории маънавӣ ва қудрати калом сипоҳиёни саҳронишинро водор сохт, то пеши фарҳанги волои китобдорӣ сар фуруд оваранд. Эҳёи сеюм, дар давраи фурӯпошии аморати Бухоро ва кашмакашҳои тақсимоти марзии солҳои бистуми асри гузашта ба миён омад, ки устод Садриддин Айнӣ бо таълифи шоҳасари «Намунаи адабиёти тоҷик» шиносномаи таърихии ин халқро аз хатари нестшавӣ наҷот бахшид.
Дар гардиши ин марҳалаҳо ҳамеша як тавозуни шигарф вуҷуд дошт: ду маротиба фарҳанг эҳё гардид ва ду маротиба давлатдорӣ.
Дар поёни асри ХХ ин тавозуни таърихӣ ба сангинтарин имтиҳони худ рӯ ба рӯ шуд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, фитнаангезиҳои кӯчагӣ дар як мижа задан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтанд. Пайванди миллии ҷомеа гусаст, фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ кишварро фаро гирифт ва мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил зери суол монд. Он рӯзҳо собит шуд, ки наҷоти халқ танҳо бо шиорпартоӣ ва баёнияҳои эҳсосӣ имкон надорад, зеро худи матои ҳастии мардум дар оташи кина месӯхт.
Замони эҳёи чорум фаро расид ва ин марҳала роҳбареро тақозо мекард, ки дорои иродаи мустаҳкам, таҷрибаи амалӣ ва ҷасорати шахсӣ бошад, то дар дами фалокат масъулиятро бар дӯш гирад. Ин шахсият Эмомалӣ Раҳмон буд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб суханони таърихии ӯ садо доданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам». Ин танҳо як изҳороти сиёсӣ набуд, балки омодагии қотеона ба фидокорие буд, ки вазъияти буҳронӣ талаб мекард. Сафарҳои бидуни муҳофиз ба хатти пеши набард, гуфтушунидҳои мураккаб дар Афғонистони ҷангзада ва дидор бо роҳбарони мухолифин ҷасорати сиёсӣ ва иродаи шикастнопазири ӯро собит сохтанд.
Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 27-уми июни соли 1997 таҷрибаи нодир дар таърихи навини сиёсӣ гардид, ки дар он ҷасорат ва дурбинии роҳбар бар нафси шахсӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ ғалаба кард. Аммо танҳо хомӯш кардани оташи ҷанг кифоя набуд. Мебоист руҳияи шикастаи миллатро эҳё намуд ва маҳалгароиро решакан кард.
Аз ин рӯ, мероси Сомониён ва тамаддуни ориёӣ ба пояи асосии худшиносии миллӣ табдил ёфтанд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, гузоштани муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва дастраси ҳар хонавода гардондани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» шуури миллиро аз маҳдудаи маҳал фаротар бурданд. Ин ваҳдати маънавӣ бо бунёдкориҳои азим таҳким ёфт: нақбҳои «Анзоб» ва «Шаҳристон» пайванди ҷуғрофии шимолу ҷанубро таъмин намуданд ва Неругоҳи азими «Роғун» ба майдони нангу номуси миллӣ табдил гашт. Бе роҳу рӯшноӣ давлати воҳид вуҷуд дошта наметавонад ва эҳёи чорум маҳз бо ҳамин созандагӣ пояи моддии худро дарёфт.
Рӯзи Президент ин фақат нишони риояи расмиёт нест. Ин ёддошти таърихӣ аз марҳалаест, ки миллат аз чоҳи нобудӣ наҷот ёфт ва қадами устуворе дар роҳи эҳё гузошта тавонист. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки фарҳанги бузург бе пуштибонӣ ва сипари боэътимоди давлатӣ пойдор намемонад. Наҷоти давлат тавассути низом ва ба мерос гузоштани давлати соҳибистиқлоли пешрафта ба насли оянда – ин аст рисолати раҳбаре, ки номаш, барҳақ, фасли чоруми эҳёи миллии тоҷиконро кушод.
Имрӯз чархи таърихи тоҷикон боз ба гардиш даромад ва ҳалқаи ҳазорсоларо ба ҳам пайваст. Ин раванд, ки замоне бо шукӯҳи идрок дар давраи Сомониён оғоз ёфта, аз монеаҳои теғу калом гузашт, имрӯз ба камолоти худ наздик мешавад: низоми мустаҳками давлатдорие, ки дар оташи солҳои 90-уми қарни гузашта бо иродаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рехта шуд, имрӯз бо илму дониш ва ақли созанда пур мегардад. Ин раванд оғози марҳалаи нав нест, балки анҷоми содиқонаи як аҳди таърихист: наҷот додани миллат аз вартаи фано ва расондани он ба қуллаи баланди эътимод ва қудрати фикрӣ.
Ҷамшед САЪДУЛЛОЕВ,
Сангин ГУЛОВ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон