Баргашт Чоп кардан

АЗ НОРАК ТО РОҒУН. САРМОЯИ ИНСОНӢ – ПОЯИ РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА


Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳое ҳастанд, ки танҳо бо сана ва рақам андозагирӣ намешаванд. Онҳо бо орзу, иродаи созандагӣ, матонати инсон ва бовар ба фардо арзиш пайдо мекунанд.


Барои миллати тоҷик сохтмони неругоҳҳои бузурги барқи обӣ аз ҳамин гуна саҳифаҳо ба шумор меравад. “Норак” ва “Роғун” танҳо ду номи ҷуғрофӣ ё ду иншооти энергетикӣ нестанд. Онҳо ду марҳалаи як андешаи бузурги созандагӣ, таҷрибаи ду насл ва ду зинаи ташаккули мактаби муосири энергетикаи миллӣ мебошанд. Вақте ба марҳалаҳои гуногуни рушди энергетикаи кишвар назар меандозем, дарк мекунем, ки дар паси ҳар неругоҳ, пеш аз ҳама, инсон меистад: муҳандис, сохтмончӣ, энергетик, иқтисодчӣ, роҳбар, мутахассиси ҷавон ва ҳазорон нафаре, ки донишу таҷриба ва меҳнати худро ба як ҳадафи умумӣ равона мекунанд. Аз ин ҷо як андешаи муҳим ба миён меояд: бузургии иншоот танҳо бо ҳаҷми бетон, баландии сарбанд ё иқтидори истеҳсолии он муайян намешавад. Бузургии воқеии ҳар як лоиҳаи миллӣ дар он аст, ки он барои рушди инсон, ташаккули дониш, таҷриба ва насли нави мутахассисон чи имконият фароҳам меорад.


АЗ НОРАК ТО РОҒУН – ИДОМАИ ЯК МАКТАБИ СОЗАНДАГӢ
“Норак” дар таърихи энергетикаи кишвар танҳо номи як неругоҳ нест. Он мактаби бузурги касбият, таҷриба ва масъулият мебошад. Насле, ки дар бунёди ин иншоот саҳм гузошт, дар рушди фарҳанги техникиву истеҳсолии кишвар низ нақши муҳим бозид. Имрӯз “Роғун” ин эстафетаро ба марҳалаи нав мебарад. Миқёси чунин лоиҳа табиист, ки ба мутахассисони дорои донишҳои муосир, малакаҳои баланди касбӣ ва қобилияти кор дар муҳити мураккаби истеҳсолӣ ниёз дорад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, татбиқи лоиҳаи “Роғун” метавонад беш аз 30 ҳазор ҷойи кори мустақим ва ғайримустақим ба вуҷуд оварад. Ин рақам танҳо нишондиҳандаи иқтисодӣ нест. Дар паси он имконияти ташаккули малакаҳои нав, рушди касбӣ ва ба вуҷуд омадани насли нави мутахассисон меистад. Аз ин рӯ, “Роғун”-ро метавон на танҳо ҳамчун як неругоҳи бузург, балки ҳамчун муҳити бузурги рушди сармояи инсонӣ ва майдони татбиқи усулҳои нави стратегии идоракунии кадрҳо низ арзёбӣ кард.


НАҚШИ ДАВЛАТ ВА ИРОДАИ СОЗАНДАГӢ
Ҳар як сохтмони бузурги миллӣ, пеш аз ҳама, ба ирода, дурнамо ва пайгирии давлатӣ ниёз дорад. Дар ҷумҳурии мо татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, бахусус расидан ба истиқлоли энергетикӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва таҳкими заминаҳои иқтисодии кишвар, бо масъалаи рушди энергетика робитаи ногусастанӣ доранд. Дар ин раванд, нақши Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Дар мулоқот бо бунёдгарони НБО «Роғун» дар санаи 21-уми августи соли равон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки марҳалаҳои минбаъдаи сохтмони Неругоҳ барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ, саноатикунонии босуръат ва рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ доранд. Ин муносибат нишон медиҳад, ки энергетика дар шароити имрӯза танҳо як бахши иқтисод нест, яке аз пояҳои рушди дарозмуддати давлат ва ҷомеа мебошад. Аммо ҳар ҳадафи бузург дар ниҳоят ба неруи инсонӣ ниёз дорад. Сиёсат метавонад самтро муайян намояд, стратегия метавонад дурнаморо нишон диҳад, технология метавонад имконият фароҳам оварад, вале ҳамаи ин танҳо тавассути инсон ба натиҷа мерасад. Аз ин рӯ, дар баробари сармоягузорӣ ба иншоот, бояд ба сармоягузорӣ ба инсон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.


САРМОЯИ ИНСОНӢ – НЕРУИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР
Дар иқтисоди муосир мафҳуми «сармояи инсонӣ» рӯз ба рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Сармояи инсонӣ танҳо шумораи кормандон нест. Он маҷмуи дониш, таҷриба, малака, қобилияти касбӣ, масъулиятшиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва иқтидори рушди ҳар корманд мебошад. Барои лоиҳаҳои бузург, ки, ҳамзамон, садҳо раванд, даҳҳо самти касбӣ ва шумораи зиёди мутахассисонро муттаҳид мекунад, идоракунии дурусти ин сармоя аҳамияти хос дорад. Дар чунин муҳит масъала бояд он набошад, ки «чанд нафар корманд дорем?». Масъалаи асосӣ бояд ин бошад, ки мо чӣ гуна мутахассис, кадом малакаҳоро дорем, кадом малакаҳо ба мо дар оянда лозим мешаванд ва чӣ гуна метавонем ин малакаҳоро дар дохили низом инкишоф диҳем? Ин, аллакай, масъалаи идоракунии стратегӣ ва муосири захираҳои инсонӣ мебошад.


ҶАВОНОН – ЗАХИРАИ САРМОЯИ ИНСОНӢ
Яке аз масъалаҳои муҳими ҳар як лоиҳаи дарозмуддат омода намудани насли нави мутахассисон мебошад. Ҷавоне, ки имрӯз ба муҳити истеҳсолӣ ворид мешавад, метавонад баъд аз чанд сол муҳандис, роҳбар, коршинос ё мутахассиси соҳаи худ гардад. Маҳз ба ҳамин маънӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем». Ин бовари Сарвари давлат роҳнамои асосии ҷавонон аст. Аз ин рӯ, ба кор қабул намудани ҷавонон бояд танҳо пур кардани ҷойи кор набошад. Он бояд сармоягузорӣ ба оянда бошад. Мутахассиси ҷавон бояд имкони омӯзиш, таҷрибаомӯзӣ, гирифтани роҳнамоӣ аз мутахассисони соҳибтаҷриба ва тадриҷан ба зимма гирифтани масъулияти бештарро дошта бошад. Дар ин ҷо таҷрибаи насли калонсол аҳамияти бузург пайдо мекунад. Мисле ки “Норак” на танҳо неру истеҳсол мекунад. “Норак” мактаби инсонӣ ва касбӣ низ буду ҳаст. Ҳоло вазифаи насли нав идома додани ин мактаб аст – бо истифода аз технологияҳои муосир, донишҳои нав ва талаботи бозори меҳнати асри XXI.


“РОҒУН” – МАКТАБИ НАВИ КАСБИЯТ
“Роғун” метавонад барои Тоҷикистон на танҳо мактаби муҳандисӣ, балки мактаби нави идоракунӣ, меҳнат ва рушди касбӣ низ бошад. Дар чунин муҳит мафҳуми «мутахассиси хуб» маънои васеътар пайдо мекунад. Мутахассиси имрӯз бояд соҳиби дониш бошад, вале танҳо дониш кофӣ нест. Ӯ бояд масъулиятшинос, мутобиқшаванда, омодаи омӯзиши пайваста ва қобилияти кор дар гурӯҳро дошта бошад. Роҳбар низ танҳо идоракунанда нест. Роҳбари муосир бояд тавонад истеъдодро шиносад, имконияти рушди кормандро бинад, масъулиятро дуруст тақсим кунад ва барои ташаккули муҳити солими корӣ шароит фароҳам оварад. Аз ҳамин нуқтаи назар, идоракунии захираҳои инсонӣ бояд яке аз бахшҳои муҳим дар чунин иншооти бузург бошад.
Шукрона НАЗАРОВА, мутахассиси соҳаи иқтисод