Баргашт Чоп кардан

ОБ. ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ - ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ СОҲА


Тули чанд даҳсолаи охир ташаббусҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои об ва пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, барои ҳифзи онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Иқдоми таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об низ идомаи мантиқии ҳамин ташаббусҳо буда, ба ҳифзи захираҳои обӣ, рушди илми муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Тақвияти дипломатияи об, рушди ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ ва сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ аз ҳадафҳои асосии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об маҳсуб меёбанд.
Оид ба моҳият ва аҳамияти ин иқдом директори Институти илмию таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриало Шерализода чунин иброз намуд:
– Воқеан, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об иқдоми муҳим дар идомаи ташаббусҳои глобалии кишвари мо мебошад. Дар шароите, ки тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши талабот ба захираҳои обӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аҳамияти ин ташаббуси навбатӣ боз ҳам бештар мегардад.
Зарурати ин иқдомро бояд на танҳо дар таъсиси ҷоизаи нав, балки дар имкониятҳои фарохи он барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди илми муосир ва ҷустуҷӯйи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об арзёбӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои обро пайваста ҳамчун аз меҳвари асосии рушди устувор ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ матраҳ менамоянд. 26-уми майи соли 2026, зимни ифтитоҳи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар шаҳри Душанбе, Сарвари давлат таъсиси ин Ҷоизаро эълон доштанд. Баъдан, 15-уми июни соли 2026 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об” ба имзо расид.
Тавре Сарвари давлат таъкид карданд: "Ҷоиза ба эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронда шудааст".
Аз ин рӯ, Ҷоизаро метавон василаи муҳими таҳкими дипломатияи об ва дипломатияи илмӣ арзёбӣ намуд. Он барои қадрдонии саҳми олимон, муҳаққиқон ва дигар шахсиятҳое, ки дар ҳифзи захираҳои обӣ ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба об саҳми назаррас мегузоранд, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамасола беш аз 64 километри мукааб оби рӯйизаминӣ ташаккул меёбад, ки аз он 62,9 километри мукааб ба ҳавзаи Амударё ва 1,1 километри мукааб ба ҳавзаи Сирдарё рост меояд. Ин нишондиҳандаҳо мавқеи муҳими кишвари моро дар ташаккули захираҳои обии минтақа инъикос намуда, ҳамзамон, масъулияти моро дар масъалаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи ин захираҳо дучанд мегардонанд.
Бо сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои марказии дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025– 2034 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Дар ин замина, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад на танҳо дастовардҳои илмиро қадрдонӣ намояд, балки барои ба ҳам пайвастани натиҷаҳои таҳқиқот бо амалия низ мусоидат кунад. Барои арзёбии динамикаи ташаккул ва тағйирёбии захираҳои обӣ зарур аст, ки пажӯҳишҳо дар самтҳои криосфера, гидрология, метеорология ва экология тақвият дода шаванд.
Ҳамзамон, Ҷоиза метавонад ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмии кишварҳои гуногунро густариш бахшида, барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки байналмилалӣ, мубодилаи дониш ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав заминаи мусоид фароҳам оварад.


М. МУҚАДДАМОВА, “Ҷумҳурият”