
Мирзо Бобохонзода давоми фаъолияти бисёрсолаи худ дар таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, пешбурди сиёсати буҷету андоз, таъмини иҷрои буҷет, ғанӣ гардондани қисми даромади буҷет ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷети маҳаллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамеша дар пайи судмандии кор, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас аз натиҷаи заҳматҳои доимиаш мебошад. Дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҳамеша тартиб, дақиқкорӣ ва масъулияти баландро риоя намуда, ба кормандони ҷавон таҷрибаи касбӣ ва одоби хидмати давлатиро меомӯзонад.
Мирзо Бобохонзода дар фаъолияти касбии худ бо ташаббускорӣ, ростқавлӣ, инсонпарварӣ ва муносибати масъулиятнок ба кор фарқ карда, кормандони тобеи худро ба иҷрои босифати вазифаҳои хидматӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамояд.
Фаъолияти пурсамари ӯро Вазорати молия бо Ифтихорнома, мақомоти молияи вилояти Хатлон бо нишони сарисинагии Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои соҳавӣ ба ҷоизаву ифтихорномаҳо қадр намудаанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»