Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН


12-уми ноябр дар шаҳри Москва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат натиҷаҳои раёсати Федератсияи Русия дар СААД-ро баланд арзёбӣ карданд.
Дар рафти гуфтугӯйи созанда ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ бо ишораи хос ба аҳамияти татбиқи пайвастаи мувофиқаҳои дуҷонибаи қаблан бадастомада таъкид гардид.
Мубодилаи судманди афкор оид ба таъмини амният ва субот дар минтақа сурат гирифт.
Алоқамандии ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуногунҷанба, сохтани сохтори гардиши молу маҳсулот тасдиқ шуд. Ҷонибҳо зарфиятҳои фаровони чунин ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва коммуналӣ таъкид сохтанд.
Имкониятҳои нави рушди ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ таъкид гардид.
Дар бахшҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир гашт.
Дастгирии минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ, маорифӣ ва академӣ баррасӣ шуд. Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ матраҳ гардиданд.
Мубодилаи афкор, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.