Баргашт Чоп кардан

ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД


11-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Умедворем, ки Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки имрӯз қабул мегардад, ба истифодаи пурраи имкониятҳои Созмон мусоидат хоҳад кард”, – изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати мо қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд.
Аҳамияти баланди рушди ҳамкории байнипарлумонӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъкид гардид. Рушди ҳамкории низомию техникӣ ва низомию иқтисодӣ зарур дониста шуд.
Президенти кишвар изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат – “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак” равона созем.
Сарвари давлат афзалиятҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СААД-ро номбар намуда, таъкид сохтанд, ки ба татбиқи қарорҳои қабулшуда, тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои пайдошаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
«Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи уҳдадориҳои қабулшуда сурат бигирад», – баён намуданд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Изҳори бовар шуд, ки тавассути талошҳои муштарак метавон самаранокии Созмонро бештар кард ва нақши онро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа тақвият бахшид.
Сарвари давлат, ҳамчунин, изҳор доштанд, ки дар давраи раёсати худ мо ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аҳамияти хос хоҳем дод.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи кишварҳои аъзо омода аст ва хоҳони ҳамдастӣ ва дастгирии амалӣ дар татбиқи афзалиятҳои пешниҳодшуда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2027 раёсат дар СААД аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.