Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз намоиши асарҳо ва маводи марбут ба фаъолияти давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан карда, бо муҳтавои онҳо шинос шуданд. Ҳамчунин, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи аксияи умуминоҳиявӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотию таблиғотӣ тақдим намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси ҲХДТ Умеда Абдуллозода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин рӯзҳо дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи махсус доранд. Ба гуфтаи ӯ, Рӯзи Президент рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагии ҷомеа мебошад.
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода дар суханронии худ ба аҳамияти таърихию сиёсии ин Рӯз таваҷҷуҳ намуда, нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот муҳим арзёбӣ кард.
Бахши дигари чорабинӣ ба қадршиносии фаъолони ҳизбӣ ва ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҳизбӣ бахшида шуд.
Дар номинаи «Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ» сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Ҷумҳурият» Кароматулло Ато сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва ҷоизаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Ҳамоиш бо барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи кишвар ба охир расид.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»